11:21:12 20-уми Июни 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИҚДОМИ ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ БА БЕҲТАРСОЗИИ ВАЗЪИ РОҲҲО

Масъулони шаҳрдории Душанбе эълом карданд, ки аз рӯзи сешанбеи 28 феврал таъмир ва беҳтарсозии вазъи ҷоддаҳои мошингарди ин шаҳр оғоз кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, сардиҳои шадид ва бориши барфи зиёд ба харобии қитаъоте аз роҳҳои утумубилрав дар пойтахти Тоҷикистон мунҷар шудааст.

roadАбдулхайр Оев, муъовини шаҳрдори Душанбе, рӯзи сешанбеи 28 феврал ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз имрӯз ширкатҳои масъули роҳсозӣ дастур гирифтаанд, ки ҷоддаҳоро барои "таъмири ҷорӣ" омода созанд. Вай гуфт: "Текнулужии бозсозии роҳҳо чунин аст, ки барои анҷоми ин кор бояд дамои ҳаво бештар аз панҷ дараҷа гарм бошад. Мо имрӯз дастур додем, ки қитъаҳои вайронаи роҳҳоро барои бозсозӣ омода созанд."

Ба гуфтаи оқои Оев, ҳоло роҳсозон қитаъоти харобшударо тоза карда ва барои мумфарш (осфолтпӯш) кардан омода месозанд. Вале ба гуфтаи вай, ин қитаъоти роҳ бояд комилан хушк шаванд. Зеро дар ғайри ин сурат, мумфарш кардани ин қисматҳои роҳ ғайримумкин мешавад.

Вай афзуд, ки шаҳрдории Душанбе ҳамасола дар фасли гармо таъмири ҷории роҳҳоро анҷом медиҳад. Вай гуфт: "Вале имсол хунукиҳои сахт ва барфи пайдарпай роҳҳоро комилан вайрон кард."

Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави Душанбе ҳудуди 700 килуметр роҳҳои мошингард вуҷуд дорад ва бештари онҳо аз замони шӯравӣ то кунун тармим нашудаанд. Шаҳрдории Душанбе ҳамасола бархе аз қисматҳои роҳҳоро бозсозӣ мукунад ва мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар пайи зимистони имсол умдатан қитаъоти бозсозишудаи роҳҳо бештар корношоям шудаанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар бархе аз кишварҳои минтақа арсаи роҳсозӣ бо фасод олуда аст. Ба ин далел, ҳадс зада мешавад, ки дар бозсозии роҳҳои Душанбе низ чунин маворид вуҷуд дошта ва ин амр яке аз далоили корношоям шудани қитаъоти бозсозишудаи роҳҳост.

Дар ҳамин ҳол, бештари ронандагони худравҳо, минибусҳо ва комюнҳо дар шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки кайфияти бади роҳҳои пойтахти Тоҷикистон онҳоро бо хисороти молӣ рубарӯ кардааст.

Зимни ошноӣ бо кайфияти ҷоддаи қисмате аз хиёбони Исмоили Сомонӣ дар Душанбе шоҳиди вайрон шудани чаҳор худрав ва минибус будам, ки дар пайи ҳаракат дар чунин роҳҳо умдатан чарҳҳои ин васоили нақлия корношоям шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола соҳиби ҳар худраве дар Тоҷикистон ба унвони молиёти роҳ дастикам то яксад дулори омрикоӣ ба давлат пардохт мекунад. Соле қабл дар ҷомеъа дар бораи истифодаи муассир аз ин навъи молиёт баҳсҳои тунде сурат гирифт.

Вале масъулони Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон иддаъо доштанд, ки на ҳама аз ин маболиғ дар ихтиёри роҳсозон қарор мегирад. Дар ҳамин ҳол, ахиран шаҳрдории Душанбе эълом кард, ки барномаи бозсозии ҷоддаҳои маҳаллоти шаҳр аз соли нав оғоз шуда ва то соли 2015 идома хоҳад ёфт.

Қарор аст дар чорчӯби ин барнома ҳамаи роҳҳои утумубилрави шаҳр ва пиёдаравҳо бозсозӣ шаванд. Шаҳрдорӣ қасд дорад барои ин тарҳ маблағҳои буҷет ва саҳми сокинонро ҷалб созад. Аз ҷумла, шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки аз маболиғи воридотии бештар аз дурнамои буҷети пойтахти Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ истифода кунад.

Абдулхайр Оев, муъовини шаҳрдори Душанбе, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло шаҳрдорӣ барои анҷоми таъмири ҷорӣ маблағи зарурӣ дар ихтиёр дорад ва дар сурати камбуди он аз манобеъи дигаре низ истифода хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho