03:07:04 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ИНТИХОБИ КАСБУ ҲУНАР ДАР ҲАЁТИ ИНСОН

Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад, чунки касбу ҳунар инсонро неруи тавоно бахшида, дар зиндагӣ қувваи пешбар ба шумор меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳама ҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.

kandakori

Касбу ҳунар боиси сарбаландии инсон, афзояндаи ризқу рӯзӣ ва баланд бардоштани мавқеу мартабаи он дар ҷомеа мебошад. Саъдии бузургвор беҳуда дар «Гулистон»-и худ моҳияти ҳунаромӯзиро чунин баҳо надодааст: «Ҳунар - давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад.

Ҳамчунин гузаштагонамон таъкид намудаанд, ки тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол ва бузургии инсон ба ақл аст, на ба сол. Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарурӣ напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул шуда, даст ба кирдори ношоиста мезананд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо иддаи зиёде аз ҷавонон ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбастҳои шадиди зиндагӣ дар мемонанд. Аксари ҷавононе, ки нисбати ояндаи худашон бепарвоиву беандешагӣ зоҳир менамоянд, билохира ба гирдоби ҳодисот рӯ ба рӯ гардида, барои падару модарони худ мушкилҳо эҷод менамоянд.

Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунари ҷавонон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як инсони комилфикр касбу ҳунареро интихоб намояд, ки ба манфиати худ ва ҷамъият бошад. Бахусус, имрӯзҳо, дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун, ки барои пешрафти ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зарур аст, бидуни шарҳ муайян шудааст.

Вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои интихоби касбу ҳунари фарзандаш роҳнамоӣ карда, маслиҳату машварат диҳад. Ҳолатҳое сар мезананд, ки дар интихоби касбу кори ҷавонони мо  падару модарон садди роҳи онҳо мешаванд. Касби интихобшуда, қабл аз ҳама бояд дар дилу дидаи интихобкунандаи он нишинад, ҷавон бояд завқманди соҳаи мазкур бошад. Касби интихобшуда ҳатман бояд аз самими дил бошад, касе барои роҳандозии он монеъ нашавад, балки он қобили дастгирист.

Имрӯз ҷомеаи мо ба мутахассисини баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз дорад. Бисёре аз ҷавононеро мебинем, ки барои соҳиби ҳунар шудан ва касб омӯхтан ба дигар давлатҳои абарқудрат сафар мекунанд ва аз он ҷо соҳибихтисос шуда бармегарданд. Мутахассисини баландихтисос  на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳо низ қадр карда мешаванд.

Бинобар ин ҳам пешниҳоди касбу корҳои гуногун ба чунин мутахассисон аз ҷониби дигар кишварҳо, боиси монеа гаштани бозгашти ҳамватанони соҳибихтисосамон мегардад. Ҷавонони зиёдеро мебинем, ки барои дарёфти касбу ҳунари хуб ва барои ояндаашон муносиб заҳматҳои зиёде мекашанд. Чунин ашхоси соҳибихтисос дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳо соҳиби ҷойҳои хуби корӣ ва обрӯи зиёд гардидаанд.

Ҷавонон бояд пеш аз ҳама дар назди худ мақсад гузоранд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои халқи худ  хизмат карда, то метавонанд аз  илмҳои имрӯза бархурдор шаванд, чунки мутахассиси хуб шудан яке аз роҳҳои тараққиёти ҷомеаи кишвар ба шумор меравад. Азбаски дар иқтисодиёти мамлакатамон камбудиҳои зиёде мавҷуданд, бинобар ин ҳам рӯз ба рӯз талабот ба кадрҳо ва мутахассисони дорои касби асил  меафзояд.

Ниёзи он мутахассисони пуртаҷрибае, ки мо аз дигар давлатҳо барои ободии ватани худамон даъват мекунем, бояд кам ба мушоҳида расад, зеро миллати мо бояд ободии кишвари худро аз мутахассис ва ҳунармандони ватании худ амалӣ созад. Ҳоло бисёр аз мутахассисон ва соҳибҳунарони ватании мо барои бунёди муҳимтарин иншооти аср – НБО Роғун саҳми худашонро гузошта истодаанд. Ин иншооти стратегӣ барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишварамон қувваи асосӣ хоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд: «Интихоби дурусти касбу ҳунар дар ҳаёти инсон - гарави комёбиҳост».

Бояд имрӯз мо донем ва дарк намоем, ки интихоби дурусти касб метавонад ояндаро пешбинӣ карда, мутахассисро дар ҷомеаи имрӯзаи мо сазовори иззату эҳтирому обрӯ гардонида, дар ҳаёти инсон зиндагии хушу ширин ва муваффақиятҳои зиёде меоварад. Суханҳои устодон ва шоирони бузургвор бисёр бамаврид аст, ки дар  васфи ҳунаромӯзӣ иброз доштаанд:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Хонандаи азиз инро бояд фаромӯш накунад, ки интихоби дурусти касб инсонро ба комёбиҳои бузург оварда мерасонад.

Бахтиёри Саид, донишҷӯ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi