08:58:17 06-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ТАЪХИР ДАР ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ “ТОҶИК ЭЙР”

Дар чанд рӯзи ахир парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” бо таъхири беш аз даҳсоъатӣ анҷом мешаванд. Тибқи иттилоъи манобеъи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, феълан панҷ парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба таъхир aфтодааст.

Tajik AirМасъулони ширкати “Тоҷик Эйр” ин амрро ношӣ аз “мушкилоти фаннӣ” арзёбӣ кардаанд, вале ҳозир ба шарҳи ҷузъиёти ин мавзӯъ нестанд. Бештари масъулони ин ширкат ба зангҳои телефунӣ ҷавоб намедиҳанд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи фурӯдгоҳи Душанбе, гуфт, ки парвози ҳавопаймои ин ширкат дар масири Душанбе–Маскав, ки бояд шоми рӯзи чаҳоршанбе анҷом мешуд, танҳо субҳи имрӯз анҷом шудааст.

Ҳамзамон, парвози ҳавопаймои ин ширкат дар масири Маскав–Душанбе низ то ба 12 соъат ба таъхир дароварда шудааст. Бархе аз мусофирони ин ширкат дар фурӯдгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав дар тамосҳои телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки намояндагони “Тоҷик Эйр” ба мушкилоти онҳо расидагӣ намекунанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти ҳавонавардӣ, агар парвози ҳавопаймо бо тақсири ширкати ҳавопаймоӣ сурат бигирад, пас ин ширкат муваззаф аст, ки мусофиронро бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин кунад. Вале ба гуфтаи мусофирони “Тоҷик Эйр” дар Маскав, намояндаҳои ин ширкат ҳатто ба назди мусофирон ҳозир нашудаанд ва аз ҳоли онҳо огоҳ нестанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, бархе аз мусофирон бо худ маблағи изофӣ надоранд. Гузашта аз ин, дамои ҳаво дар маҳалли фурӯдгоҳи “Домододево” ҳудуди 25 дараҷаи зери сифр аст. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи фурӯдгоҳи Душанбе, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо аз “Тоҷик Эйр” далоили таъхир дар парвозҳоро пурсидаанд ва посух гирифтаанд, ки ин амр ношӣ аз “мушкилоти фаннӣ" будааст.

Оқои Шодиев афзуд, ки ба ҳамин далел парвози “Тоҷик Эйр” дар масири Душанбе–Урумчии Чин низ аз шоми гузашта ба таъвиқ уфтодааст. Вай гуфт: “Ҳоло “Тоҷик Эйр” мунтазир аст, ки ҳавопаймои ин ширкат аз Сан-Питерзбург, ки низ парвозаш ба таъхир уфтода буд, чи замоне ба Душанбе фурӯд ояд ва сипас ба Урумчӣ парвоз хоҳад кард.”

Ин дар ҳолест, ки шоми гузашта парвози ҳавопаймои ин ширкат дар масири Хуҷанд–Душанбе низ ба таъхир уфтода буд. Ба навиштаии хабаргузории “ASIA-Plus”, ин амр ба камбуди маводди сӯхт рабт доштааст. Ба навиштаи ин расона, “Тоҷик Эйр” аз ширкати фароҳамгари маводди сӯхти ин фурӯдгоҳ бидеҳкор шуда ва ин ширкат нахостааст ба ҳавопаймоҳои ин ширкат маводди сухт бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, халабонҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар авоили ҳафтаи ҷорӣ бо пахши баёнияе эълом карда буданд, ки мудирияти ин ширкат онҳоро маҷбур мекунад, ки дар ҳавопаймоҳои фарсудае, ки эҳтимоли суқуташон мавҷуд аст, парвоз кунанд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки мудирияти ширкат аз халабонҳо тақозо дорад, ки барои парвоз аз фурӯдгоҳи Душанбе камтар маводди сӯхт пур кунанд, зеро қимати он дар ин фурӯдгоҳ гарон аст.

Аз сӯйи дигар, халабонҳо иддаъо доранд, ки ҳавопаймоҳои ин ширкат, ки умдатан ба иҷора гирифта шудаанд, аз лиҳози фаннӣ барои парвоз омода нестанд, вале мудирият онҳоро ба анҷоми парвозҳо водор месозад. Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки бештари ҳавопаймоҳои ин ширкат “корношоям” ҳастанд ва “Тоҷик Эйр” барои анҷоми парвозҳои худ ҳамвора бо мушкили камбуди ҳавопаймо рубарӯ мебошад. Бархе аз мусофирон низ гуфтаанд, ки зимни парвоз бо ҳавопаймоҳои ин ширкат эҳсоси хатар мекунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi