07:34:58 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗДОШТИ ҲАФТ УЗВИ МАҶОЛИСИ МАҲАЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК СОЛ

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар тӯли соли гузашта ҳафт нафар аз аъзои маҷолиси шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи ин кишварро боздошт кардааст. Ин афрод умдатан дар тақаллуб, фурӯши ғайриқонунии қитаъоти замин барои сохтмони маскан ва фурӯши ғайриқонунии таъсисоти давлатӣ мазнун ҳастанд.

man in handcuffsБа гуфтаи Шарифбек Шарипов, масъули бахши равобит бо ҷомеъа дар Ожонси мубориза бо фасод, дар миёни ин афрод вакилони маҷолиси шаҳри Истаравшан, навоҳии Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Данғара, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав ҳастанд. Вай гуфт, ки таҳқиқи парвандаҳои бархе аз ин вакилон анҷом шуда ва ба додгоҳ ирсол шудаанд. Аммо бархе аз онҳо тибқи қонуни афви соли гузашта аз муҷозот муъоф шудаанд.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ҳамаи ин афрод аъзои Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон ҳастанд ва дар навоҳии худ дар симатҳои пурмасъулияти давлатӣ кор мекарданд. Усмон Солеҳ, як масъули дафтари ин ҳизб, мегӯяд, ки дар миёни аъзои ин ҳизб нафароне низ ҳастанд, ки даст ба ҷиноят задаанд. Вай гуфт: “Ҳоло додгоҳ бояд ҷурми онҳоро собит созад ва сипас, раҳбарии ҳизб нисбат ба онҳо чораҳо хоҳад дид.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран фаъъолони Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ду соли ахир теъдоди аъзои ин ҳизб 25 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст ва ин амр аз боло рафтани мизони эътимоди сокинони Тоҷикистон ба фаъъолияти ҳизби ҳоким гувоҳӣ медиҳад. Аммо ба эътиқоди мунтақидони ҳизби ҳоким, гурӯҳе аз мардум ба манзури даст ёфтан ба симатҳои муҳимму пурдаромади давлатӣ шомили ин ҳизб мешаванд.

Гузашта аз ин, гузоришҳо ҳокист, ки дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон, бавижа дар ниҳодҳои давлатӣ, мактабу донишгоҳҳо ва бемористонҳо, ҷалби аъзои ҷадид ба ин ҳизб ба сурати иҷборӣ низ анҷом мешавад. Вале масъулони ҳизбӣ ин иддаъоро рад мекунанд.

Дар гузашта Давлаталӣ Давлатов, ки муъовини аввали раҳбари ин ҳизб буд, гуфта буд, ки дар иқдоме барои поксозии суфуфи ин ҳизб ҳудуди 20 ҳазор нафар аз аъзои он, ки умдатан "ба хотири гирифтани мансаб ва ғаразҳои хусусӣ" шомили ҳизб шуда ва ё "дар фаъъолияти он саҳми арзанда надоштанд", аз Ҳизби ҳокими халқи демукрот ихроҷ карда шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз расонаҳои Тоҷикистон аз ишқу алоқаи бисёре аз сокинон ба касби узвият дар порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ гузориш додаанд. Ба эътиқоди коршиносон, намояндаи мардум дар маҷлис ё порлумон аз масуният бархурдор аст ва ба ин далел, бархе аз мақомоти маҳаллӣ, ки дар фасод даст доранд, талош мекунанд, ки аз ин роҳ худро аз муҷозот масун нигоҳ доранд.

Ниҳодҳои интизомӣ ё додситонӣ қабл аз оғози парванда ё боздошти ин афрод бояд аз маҷлисе, ки шахси мазнун дар он вакил ё намоянда аст, иҷоза бигиранд. Бидуни чунин иҷозае боздошти вакилон мамнӯъ аст. Соли 2010 маҷлиси ноҳияи Восеъ чаҳор маротиба дархости додситонии вилояти Хатлон барои боздошти як узви ин маҷлисро рад карда буд. Ҳарчанд дар ниҳоят вакилон бо даъвои додситонӣ мувофиқат карданд.

Зимнан, Тоҷикистон дар чанд соли ахир дар феҳристи созмони Шаффофияти Байналмилал, ки вазъи фасод дар кишварҳои ҷаҳонро баррасӣ мекунад, шомили гурӯҳи кишварҳое мешавад, ки дар онҳо фасоди густарда ба мушоҳида мерасад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi