14:25:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ДОДГОҲИ ХАТЛОН ДАЪВОИ "РОЛКАН"-РО РАД КАРД

Додгоҳи Хатлон рӯзи ҷумъа даъвои ширкати "Ролкан"-ро, ки Тоҷикистон бояд ду ҳавопаймои марбут ба ин ширкатро баргардонад, рад кард. Ширкати "Ролкан Инвестмент" бо ирсоли як нома  аз додгоҳ хоста буд, ки ҳавопаймоҳои мусодирашудаи АН-72-ро бозпас гардонад.

tajik airМанобеи додгоҳӣ дар Хатлон гуфтаанд, ширкати "Ролкан" аризаи даъвогии худро мутобиқи қонунгузории ҶТ пешниҳод накардааст ва бинобар ҳамин, даъвои ӯ рад карда шуд. Мақомоти додгоҳӣ гуфтаанд, ки дар сурати бартараф намудани камбудиҳо, Сергей Полуянов, раиси ширкати "Ролкан" метавонад бори дигар ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Ширкати "Ролкан" мегӯяд, ки ҳавопаймоҳо моликияти ширкат буда, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, дар сурати тасдиқ нашудани гуноҳи соҳибмулк дар содир гардидани ҷиноят, касе ҳуқуқи мусодира намудани онро надорад.

Инҳо ҳавопаймоҳое буданд, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо он аз Кобул ба сӯи Тоҷикистон парвоз карда ва дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа поин омаданд. Ин ду ҳавопаймои Ан-72 то ҳол дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.

Рӯзи ҳаштуми ноябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русӣ Садовничий ва Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум кард, аммо гуфт, бар асоси Қонуни афв ду сол аз ҳукми онҳоро кам кардааст. Бо ин ҳол, ҳукми додгоҳ вокунишҳои тундеро дар Русия ба бор овард ва дар пайи он даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави шаҳри Маскав боздошт ва як идда аз онҳо барои нақзи қоидаҳои буду бош аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.

Ин буд, ки додситонии Хатлон аз ҳукми зиндони ду халабони ширкати русии "Ролкан" эътироз кард ва бозбинии парвандаро тақозо намуд. Дар пайи бозбинии парванда (рӯзи 22 ноябр) Додгоҳи вилояти Хатлон Садовничий ва Руденкоро ба ду солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард, вале бо назардошти Қонуни афв ва он мӯҳлате, ки дар боздошт ба сар бурдаанд, онҳоро раҳо намуд.

Аммо дар бозбинии парвандаи халабонҳо мавзӯи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" матраҳ набуд ва дар ин замина ҳарфе ҳам гуфта нашуд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон раҳбари ширкати Ролкан Сергей Полуяновро мавриди пайгарди қонунӣ қарор дода ва гуфтанд, ки дар сурати боздошт ӯ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Ҳамакнун бо шикояти Сергей Полуянов, раҳбари ширкати "Ролкан" дар мавриди бозгардонии ду ҳавопаймои Ан-72 ва посухи рад аз сӯи додгоҳи вилояти Хатлон, рӯшан нест, ки ин қазия ба куҷо хоҳад кашид.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi