05:19:30 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

КОҲИШИ ҚОЧОҚИ МАВОДДИ МУХАДДИР АЗ ТАРИҚИ ҚАТОРҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар соли гузашта 70 роҳбалади қаторҳои мусофирбарии ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба иттиҳоми мусоъидат ба интиқоли маводди мухаддир аз симатҳои худ барканор шудаанд. Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, раиси корхонаи воҳиди мусофирбарии ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, рӯзи чаҳоршанбеи 18 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тибқи қарордоди инфиродӣ бо хадамаи қаторҳо дар сурати даст доштани як роҳбалад дар қочоқи маводди мухаддир куллияи роҳбаладони қатор аз кор барканор хоҳанд шуд.

trainОқои Абдураҳмонов гуфт, ки бар асоси ин усул аз ҷумлаи ин 70 нафар афроде низ ҳастанд, ки худ дар қочоқи маводди мухаддир ширкат надошта, вале ба ҷурми ҳамдастии ҳамкоронашон онҳо низ аз симатҳояшон барканор шудаанд. Ӯ гуфт, ки тасмими мақомоти ин ширкат дар бораи масъулияти дастаҷамъӣ барои интиқоли маводди мухаддир аз тариқи қаторҳои мусофирбарӣ дар соли 2006, дар пайи афзоиши бесобиқаи қочоқи маводди мухаддир дар қаторҳои Тоҷикистон ба Русия иттихоз шуда буд.

Гуфта мешавад дар соли 2006 дар қаторҳои мусофирбари масири Душанбе-Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия 152 мавриди интиқоли маводди мухаддир ошкор шуда ва ба ин далел Русия ҳаракати қаторҳои мусофирбари Тоҷикистонро ба ин кишвар ба муддати 8 моҳ мутаваққиф карда буд. Ба гуфтаи масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ин ҳодиса ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латмаи ҷиддӣ зада ва қаторҳои мусофирбари ин кишвар дар Русия “қаторҳои ҳомили марги сафед” унвон шуда буданд.

Барои ислоҳи ин вазъият Амонулло Ҳукумов, раиси ин ширкат дар соли 2006, дар мавриди қарордоди инфиродии роҳбаладони қаторҳои мусофирбарӣ таҷдиди назар карда ва қарор шудааст, ки дар сурати даст доштани як роҳбалад дар қочоқи маводди мухаддир ҳамаи аъзои 22 нафараи хадамаи қатор аз симатҳои худ барканор шаванд.

Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, гуфт ҳарчанд ин муҷозот шадид ва дар бархе маворид ғайримунсифона талаққӣ мешавад, ин тадбири сахтгирона ба коҳиши ҷиддии интиқоли маводди мухаддир дар қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон мусоъидат кардааст. Оқои Қаландаров гуфт, ки агар дар соли 2006 мавориди интиқоли маводди мухаддир дар қаторҳо болиғ ба 150 маврид буд, ҳоло ин рақам то ба 4-5 маврид кам шудааст.

Гуфта мешавад мавориди тафтиши ҷиддӣ ва азияту озори мусофирон ба гумони қочоқи маводди мухаддир низ дар истгоҳҳои роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ва Русия ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст. Зимнан, дар соли гузашта ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 603 ҳазор мусофирро интиқол додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 теъдоди 17 ҳазор нафар бештар будааст. Ба далели баста будани роҳи оҳан аз тариқи Ӯзбакистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаракати қаторҳо дар масири "Кӯлоб-Маскав" аз истгоҳи шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi