19:17:18 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОҒОЗИ ТАРҲИ ОМОДАСОЗИИ “ОМБУДСМЕНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ”

Дар Тоҷикистон тарҳе барои омӯзиш ва роҳандозии фаъолияти панҷоҳ нафар ваколатдори ҳуқуқи башари мустақил ё “омбудсмени ҷамъиятӣ” оғоз шудааст. Ин афрод фаъолияти худро дар манотиқи мухталифи кишвар роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин тарҳ мусоъидат ба тавсеъаи фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи башар ва беҳтарк ардани фазои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон мешавад.

Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва раиси созмони ғайридавлатии "Консерсиюми ҳуқуқӣ", рӯзи душанбеи 24 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин созмон иҷрои тарҳи ҷадидеро рӯйи даст гирифтааст, ки боло бурдани сатҳи ҳуқуқии сокинони кишвар ва эҷоди муҳити ҳамкорӣ миёни ҷомеъа ва мақомоти кишварро ҳадафи худ қарор додааст.

Дар чорчӯби ин барнома, ки аз сӯйи Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст, Консерсиюми ҳуқуқӣ интихоб, омӯзиш ва роҳандозии фаъолияти датикам 50 нафар “омбудсмени ҷамъиятӣ"-ро дар назар дорад. Ба гуфтаи оқои Зойиров, ин афрод аз миёни ақшори мухталифи ҷомеъа интихоб мешаванд ва муҳим нест, ки онҳо чеҳраҳои саршинос ҳастанд ё хайр. Танҳо меъёр ин аст, ки чунин афрод “мавқеъи шаҳрвандӣ ва ҷуръат” дошта бошанд.

Қарор аст то авохири соли ҷорӣ ин афрод ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шаванд ва сипас ба фаъолияти худ оғоз кунанд. Оқои Зойиров афзуд, ки тибқи ин тарҳ, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон “қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ” ифтитоҳ мешаванд, ки маҳалли фаъолияти “омбудсменҳои ҷамъиятӣ” хоҳанд шуд.

Сокинони кишвар метавонанд ба ин “қабулгоҳҳо” ё марокизи вижаи кумаки ҳуқуқӣ муроҷеъа кунанд ва “омбудсменҳои ҷамъиятӣ” ба мушкилоти онҳо расидагӣ мекунанд. Яъне, ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, “ин афрод миёнҷиҳое миёни ҷомеъа ва мақомот хоҳанд шуд.”

Дар посух ба ин суол, ки оё аҳдофи ин тарҳ бо фаъолияти Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ таъйин шудааст, мухолифат дорад ё хайр, оқои Зойиров гуфт, ки “баръакс, иҷрои ин барнома ба фаъолияти Зариф Ализода кумак хоҳад кард.”

Ба гуфтаи оқои Зойиров, эҷоди заминаи иҷтимоъии фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон аз аҳдофи дигари ин тарҳ арзёбӣ шуд. Вай афзуд, ки бо оқои Ализода сӯҳбате анҷом додааст ва дар ин замина тавофуқоте ба даст омадааст. Гузашта аз ин, ба эътиқоди оқои Зойиров, яке аз аҳдофи дигари ин тарҳ “тақвияти фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон аст.”

Аз сӯйи дигар, дар чочӯби ин барнома коршиносони Консерсиюми ҳуқуқӣ дар 15 муҳокимаи пурсарусадои додгоҳӣ ширкат карда ва ба сурати ройгон аз ҳуқуқи афроди мазнун дифоъ хоҳанд кард. Натоиҷи мушорикати Консерсиюми ҳуқуқӣ дар ин муҳокимаҳо ва мушкилот дар низоми қазоия дар ин кишвар таҳқиқ ва ба Омбудсмени Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Зимнан, дар гузашта Консерсиюми ҳуқуқӣ иҷрои тарҳеро роҳандозӣ карда буд, ки дифоъ аз ҳуқуқи туҷҷор ва соҳибкорони тоҷикро ҳадафи худ қарор дода буд. Ба гуфтаи оқои Зойиров, дар ҷараёни иҷрои ин барнома онҳо дар 24 муҳокимаи туҷҷор дар додгоҳҳо ширкат кардаанд ва аҳкоми додгоҳ дар15 маврид ба суди соҳибкорон будааст.

Ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, дар мавориди дигар натоиҷи муҳокимаҳо “ҳануз комилан рӯшан нест.” Вале вай афзуд, ки “эҷоди эътимоди туҷҷор ба “қавонин” бузургтарин дастоварди ин тарҳ аст.”

Вай гуфт: “Ҳарчанд мизони эътимоди мардум ба қувваи қазоия дар Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи пойин қарор дорад, вале ин туҷҷор эътимод пайдо карданд, ки аз роҳи ҳуқуқӣ метавонанд аз манофеъи худ дифоъ кунанд.”

Ба ин далел, Консерсиюми ҳуқуқӣ дар бархе аз манотиқи кишвар фаъолияти “Марокизи дастгирии соҳибкорон”-ро роҳандозӣ кардааст, ки дифоъи ҳуқуқии туҷҷор ҳадафи аслии он мебошад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi