04:24:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН» – ОЯНДА АЗ ТУ ВОБАСТА АСТ!

 

Дар поёни соли 2011 шумораи муштариёни шабакаи «МегаФон» ду баробар афзоиш ёфтааст. Имрӯз алоқаи босифат ва боэътимоди «МегаФон»-ро барои мардуми Тоҷикистон беш аз 900 стансияҳои 2G ва 3G воқеъ дар тамоми қаламрави кишвар таъмин мекунанд, ки 250-тои ин стансияҳо дар соли 2011 сохта шудааст.

Мегафон ТочикистонИн шумора нисбат ба соли 2010 25% бештар мебошад. Дар натиҷаи сохтмони зиёди стансияҳо алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои дурдасттарини кишвар, ба монанди Мурғоб, Роштқалъа ва ғайра имконпазир гашт. Сармоягузорӣ дар рушди шабака, ҳамчунин дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2011 беш аз 40 млн. долларро ташкил дод.

Дар соли 2011 ширкати «МегаФон» рушди шабаки насли сеюмро идома дод, ки яке аз омилҳои муҳим дар ҳалли вазифаҳои стратегии таъмини мардуми Тоҷикистон барои дастрасӣ ба Интернет мебошад. «МегаФон» нахустин ширкате мебошад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ технологияи LTE-ро дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаронд, ки ин навъи технология интиқоли иттилоотро дар суръати беш аз 100 Мбит/сония фароҳам меорад.

Барои он ки хизматрасонии Интернети мобилӣ маҷмӯи зиёди мардумро фаро бигирад, «МегаФон» барои муштариёни худ иқдоми муфидеро пешниҳод кард. Аксияи «Интернети бемеъёр ва модем танҳо ба маблағи 1 сомонӣ» имкон медиҳад, то ҳар хоҳишманде ба Интернет дастрасӣ пайдо кунад.

Дар натиҷаи рушди босуръати Интернет ва шаклгирии низоми тарофаи муносиб, муштариёни «МегаФон» дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 чор маротиб бештар аз меъёр маводди лозимиашонро гирифтаанд. Мутобиқ ба натиҷаҳои пурсиши Маркзи тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» оид ба «Тадқиқоти бозори Интернети ҶТ дар соли 2011» «МегаФон» аз пешсафони Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар тӯли соли 2011 ширкати мазкур дар ташкили тарофаҳои дастрас барои истифодабарандагони алоқаи роумингӣ низ як қатор корҳоро анҷом додааст. Барои аксари мардуми Тоҷикистон гуфтугӯ бо дӯстону наздиконашон дар Русия хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, МегаФон як қатор иқдомоти арзишмандро пеш гирифт ва нархҳоро дар шабакаи роуминг 10 баробар арзон кард, ки ин иқдом ба муштариён имкон дод, то дар роуминг бо тарофаҳои дохили ватанӣ сӯҳбат кунанд.

Ғайр аз ин муштариёни «МегаФон» – шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба осонӣ ва ба таврӣ фаврӣ суратҳисоби телефонии худро дар Руссия пур кунанд ва худро  бо опрератори алоқаи боэътимод диллпур эҳсос намоянд. Ҳамин хизматрасонӣ – пур кардани суратҳисоби телефон барои муштариёни ширакти мазкур дар Руссия, ки ба Тоҷикистон меоянд, низ дастрас аст.

Яке аз дастовардҳои дигари ширкат дар соли 2011 боло бурдани сифати хизматрасонии муштариён ва афзоиши шабакаи чаканаи операторҳо мебошад. Шумораи офисҳои «МегаФон» дар тамоми кишвар 5 маротиба зиёд шудааст. Маҷмӯан, дар Тоҷикистон 50 офиси фурӯш ва хизматрасонии «МегаФон» ифтитоҳ шудааст. Дар назар аст, ки дар миёнаҳои соли 2012 шабакаи чаканаи операторҳои «МегаФон» беш аз 90 офисро дар саросари кишвар дар бар бигирад. Яъне алоқаи боэътимоди оператор бо муштариён боз ҳам наздиктар мешавад.

Умуман, дар тӯли соли 2011 муштариёни ширкат ду баробар зиёд шудааст, яъне мардуми Тоҷикистон беш аз пеш алоқаи боэътимоди «МегаФон»-ро интихоб мекунанд.

Дар бораи ширкат

Ҷамъияти Саҳомии Шакли Пӯшидаи «TT мобайл» фаъолияташро 3 сентябри соли 2001 оғоз кардааст ва баъд аз як моҳ, 5 октябр ширкат хизматрасониҳои алоқаи мобилии стандарти GSM-ро дар диапазони 900/1800 МГц ва 3G (UMTS) оғоз кард.

МегаФон Тоҷикистон – муассисаи муштараки Русия-Тоҷикистон мебошад, ки бо ибтикор ва ҳамоҳангсозии фаъоли Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст. Саҳҳомони ширкати оператори миллӣ – ҶСШК «Тоҷиктелеком» ва Нахустин оператори алоқаи мобилии умумируссиягӣ ОАО «МегаФон» мебошанд.

Дар айни замон Ширкат хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар стандарти GSM 900/1800, 3G-UMTS ва 3,5G HSDPA-ро ба муштариён пешниҳод намуда, дорои литсензия барои пешниҳоди хизматрасонии хадамоти телематикӣ ва таҳвили маълумот (аз ҷумла IP-телефония) мебошад.

Хусусиятҳои фарқкунанда ва устувории Ширкат – соҳиб шудан ба сатҳи баланди Стандарти алоқа, имконияти васеъи хизматрасониҳои иловагӣ, касбият, эътимоднокии шабака, ҳамчунин масъулияти баланд ва ғамхорӣ нисбати ҳар як муштарӣ ва манфиатҳои ӯ мебошад.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi