11:50:07 01-уми Июли 2025 сол

АЗ МАСКАВ БА ДУШАНБЕ. ИНТИҚОЛИ 18 ТОБУТ ДАР ДУ ҲАФТА

Танҳо дар тӯли ду ҳафтаи ахир аз Русия ба Тоҷикистон тобути ҳаждаҳ муҳоҷири тоҷик оварда шудааст. Тайи 14 рӯзи ахир аз Русия ба Тоҷикистон тобути 18 муҳоҷири тоҷик оварда шудааст, ки бино ба иттилои мақомот, ду нафар кушта шуда, 11 нафар бар асари садамаи нақлиётӣ ва бақия аз маризӣ ҷон бохтаанд.

/images/stories/2011/12/25_tobuti-muhojir_2011.jpgКоршиносон ҳамчунин вазъро ба “ҷанги эълоннашуда”-е шабоҳат медиҳанд, ки , ки 15 сол ба ин сӯ вахимтар мешавад ва ҳамасола ба Тоҷикистон то ҳазор нафар қурбонӣ меорад. Ба қавли онҳо, решаи ба по рафта, ба сар омаданҳои шаҳрвандони Тоҷикистон қабл аз ҳама муроот нашудани қонунҳои танзими муҳоҷират аст, ки то ба ҳол натавонистаанд будубоши муҳоҷирин дар Русияро содда кунанд. Аз ҷумла, муҳоҷирон дар Русия аз имтиёзҳои хадамоти тиббӣ ва суғуртаи саломативу корӣ маҳруманд.

Фаррух Сатторов, сарвари сарвари созмони ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, муҳоҷирин ҳақ ба табобат ва суғуртаро доранд, аммо дар Русия онҳоро ба назар намегиранд.

​​​Ӯ гуфт, “Ҳар яки онҳо бояд таҳти назар бошанд. Барои ҳар яки онҳо ҳукумати Тоҷикистон талош кунад. Сафоратҳо дорем. Мо чандин бор гуфта будем, ки Худо нохоста, фалокате шавад, бояд донанд. Ҳар куҷо якто ҳам бошад, дуто ҳам, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мешунавем, ки ҳукумат кӯшишҳо дорад. Аммо агар онҳо амалӣ гарданд ва ҳақиқӣ бошанд, хуб мешавад. Афсӯс, ки онҳо кор намекунанд. Муҳоҷир, ки билети хариду справкаву страховка гирифту омад, робита бо ӯ қатъ мешавад.”

Тибқи иттилои расмӣ, солона аз Тоҷикистон 830 ҳазор нафар ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ, то 2 миллион нафар ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири танзими раванди муҳоҷират ба хориҷи кишвар соли равон хадамоти вижаеро сари кор овард.

Ахиран ин ниҳод эълом дошт, ки вазъи муҳоҷирин дар Русия беҳбуд ёфтааст. Тибқи маълумоти ин манбаъ, агар дар нӯҳ моҳи соли гузашта теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои нақзи қонунҳои Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд, 230 ҳазор нафар буд, ин рақам дар нӯҳ моҳи соли равон 54 дарсад, яъне ба 106 ҳазор поён омадааст.

Дар ин ду марҳилаи ду сол теъдоди шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия аз 3100 ба 2066 нафар кам шудааст. Ҳамчунин, агар дар нӯҳ моли соли 2010 ҳабдаҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия патент доштанд, имсол теъдодашон ба 125 ҳазор расидааст.

​​Чанде қабл Сафиалло Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки дар порлумони Тоҷикистон ҳисобот медод ва барои муаррифии тағйироту иловаҳо дар қонунгузориҳои марбут ба муҳоҷирати кишвар омада буд, гуфт, дар ҳоли ҳозир барои будубоши шоистаи муҳоҷирони кории тоҷик ҷорӣ кардани тадриси забони русӣ, баланд бардоштани ҳирфаияти онҳо ва ошноӣ бо қонунгузории Русия дар дохили Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Дар ҳоли ҳозир, бештар мақомоти Тоҷикистон аз табиӣ будани раванди муҳоҷират сӯҳбат мекунанд, ки бояд назорат шавад. Сафиалло Девонаев мегӯяд, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта, бино ба маълумоти Созмони Милал теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон ба 65 миллион мерасид, дар соли 2010 ин рақам ба 214 миллион расида, бар пояи пешгӯиҳо, то соли 2050 ба 405 миллион нафар хоҳад расид.

Ба қавли ӯ, аз ин раванд бояд Тоҷикистон ба монанди Ҳинду Амрико ва Русияву Чину Туркия, ки шаҳрвандони муҳоҷирашон сармоягузори иқтисодашон шудаанд, истифода кунад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин хушбиниҳои мақомот замоне қобили қабул хоҳад буд, ки ин раванд дар асл тариқи қонунҳо танзим шавад.

​​Музаффар Зарифов, аз маркази Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, қонуни муҳоҷирати Тоҷикистон, ки соли 2001 ба тасвиб расидааст, ҳоло кӯҳна шуда, дар ин муддат кишварҳои мавриди назар қонунгузориҳои худро тағйир додаанд. Вай мегӯяд, зарурати қонуни вижа дар бораи муҳоҷирати хориҷӣ ба миён омадааст:

“Боз ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқие ҳастанд, ки раванди муҳоҷират аз Тоҷикистонро ба роҳи дуруст дароранд. Бояд аз кишварҳои дигар, бахусус Русия талаб кард, ки қонунгузории худро бо қонунгузориҳои мо мутобиқ гардонанд ва мо ҳам ҳамин корро кунем. Ҳамин гуна як фаҳмиш ҳаст, «гармонизатсия» - и қонунгузориҳо. Ҳеҷ вақт як давлати дигар намехоҳад, ки пуштибони мардуми мо бошад. Халқи мо бояд босавод бошад, босавод равад ва гашта ояд.”

Коршиносон бар кундии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия дар заминаи танзими ҳуқуқии муҳоҷирати корӣ ишора мекунанд, ки сабабҳои сиёсӣ ҳам дорад. Ба қавли онҳо, дар шароити имрӯз ҷониби Русия бо он вуҷуд ки ба будубоши муҳоҷирини корӣ аз Тоҷикистон назари нек дорад, он қадар хоҳони беҳбуд бахшидани вазъи онҳо нест.

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ