01:12:34 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИХРОҶИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК АЗ ЭРОН

Мақомоти Эрон дувоздаҳ табаъаи тоҷикро бо шумули як хонум, ки дар муассисоти мазҳабӣ дар Зоҳидон таҳсил мекарданд, барои нақзи муқаррароти визо ихроҷ кардаанд.

Тибқи иттилоъи Саид Имомов, консули сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, иллати аслии ихроҷи ин афрод нақзи муқаррароти раводид дар Эрон будааст. Ба гуфтаи вай, то чанд рӯзи дигар боз як гурӯҳи ҳафтнафарӣ аз “муҳассилони тоҷик” аз Эрон ихроҷ хоҳанд шуд. Дувоздаҳ тан аз афроди ихрофшуда шоми рӯзи сешанбеи 25 август тавассути ҳавопаймои ширкати "ТоҷикЭйр" аз Теҳрон ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Оқои Имомов афзуд, ки масъулони сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба ҳар маврид аз ихроҷи шаҳрвандони ин кишвар аз Эрон расидагӣ мекунад ва барои бозгашти ин афрод ба ватан мусоъидати худро дареғ намедорад. Ба гуфтаи оқои Имомов, тибқи қавонини Эрон, ин кишвар ба пардохти махориҷи сафари ихроҷшудагон муваззаф нест. Ин дар ҳолест, ки сафорати Тоҷикистон низ аз чунин имконият бархурдор набудааст.

Ба ин далел, сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо пайвандони афроде, ки аз ин кишвар ихроҷ мешаванд, дар тамос мешаванд ва онҳо барои наздикони худ билети парвоз харидорӣ мекунанд. Оқои Имомов гуфт, ки ин афрод ҳарчанд бо дарёфти визои якмоҳаи Эрон вориди ин кишвар шудаанд, вале сипас бидуни тамдиди раводид машғули таҳсил дар мадрасаҳои мазҳабӣ дар Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистон, будаанд.

Консули сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар дод, ки дар Эрон муқаррарорти раводид ба сурати шадид муроъот мешавад ва ҳар табаъаи хориҷӣ ба риъояти комили он муваззаф аст. Аз ҷумла, барои як рӯзи таъхир дар тамдиди раводид то 40 дулор ҷарима дар назар гирифта шудааст. Вале ба гуфтаи Саид Имомов, бо дарназардошти “равобити дӯстонаи миёни ду кишвар, ниҳодҳои зирабти Эрон бар ивази ҷарима атбоъи тоҷикро аз қаламрави кишвари худ ихроҷ мекунанд.”

Зимнан, Зоҳидон дар устони Систон ва Балучистони Эрон воқеъ аст, ки сокинонаш умдатан суннимазҳаб ҳастанд. Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, теъдоди атбоъи тоҷик, бавижа ҷавонон, ки барои таҳсил дар мадориси мазҳабӣ озими ин минтақа шудаанд, зиёд аст. Гуфта мешавад теъдоди ҷавонони тоҷике, ки дар мадориси мазҳабии шаҳри Қум, аз манотиқи шиъанишини Эрон, таҳсил мекунанд, низ кам набудааст.

Саид Имомов мегӯяд тибқи иттилоъе, ки сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ихтиёр дорад, ҳоло дар марокизи мазҳабии ин кишвар беш аз 400 тан аз атбоъи тоҷик машғули омӯзиш ҳастанд, ки 90 дарсади онҳо ба сурати расмӣ таҳсил мекунанд. Вале манобеъи мустақил ин рақамро бамаротиб бештар арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки ҳамасола ба сурати мутавассит 40-50 нафар аз атбоъи тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии Эрон машғули омӯзиш ҳастанд, барои нақзи муқаррароти визо аз он кишвар ихроҷ мешаванд.

Ҳамчунин, мавориде мушоҳида шудааст, ки дар фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон ниҳодҳои амниятӣ ва марзбонии Эрон аз вуруди гурӯҳҳое аз ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар мадориси мазҳабии Эрон сафар доштанд, ҷилавгирӣ кардаанд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин афрод визои Эронро дар сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе ба сурати расмӣ дарёфт кардаанд.

Зимнан, хабари ихроҷи муҳассилони тоҷик аз Эрон дар ҳолест, ки таҳсили бисёре аз чунин ҷавонон дар бархе аз кишварҳои исломӣ мавриди нигаронии мақомоти Тоҷикистон шудааст.

Ҳафтаи гузашта мақомҳои умури хориҷа ва омӯзишу парвариши Тоҷикистон аз шароити омӯзиши мазҳабии ҷавонони тоҷик дар Покистон шадидан ибрози нигаронӣ карда ва аз волидайни онҳо хостанд, ки фарзандони худро барои таҳсил ба мадориси ин кишвар нафиристанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi