05:27:36 07-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

“БОДИ АФҒОНӢ” ТАНАФФУСРО ДУШВОР СОХТААСТ

Аз субҳи рӯзи сешанбе, 25 август, ғубори ғализе фазои шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар дар ҷанубу маркази Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Бисёре аз сокинони Душанбе мегӯянд, ки ҳавои олуда ба чангу хок танаффуси онҳоро душвор сохтааст. Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, гармои шадиди 20 рӯзи ахир ба хушк шудани сатҳи замин мунҷар шуда ва бо вазидани бод чангу ғубор ба фазо печидааст. Ҳамчунин, хонуми Байдуллоева таъкид кард, ки бахше аз ин ғубор аз шимоли Афғонистон ва аз Туркманистон ба манотиқи ҷануб ва марказии Тоҷикистон ворид шудааст.

Тибқи иттилоъи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, силсилакӯҳҳои Зарафшон аз вуруди ин ғубор ба вилояти Суғд, дар шимол монеъ шуда ва бо вуҷуди вазидани боди шадид дар фазои ин минтақа ғубор ба назар намерасад.

Соле қабл низ дар авоили пойиз ғуборе ғализ бахши аъзаме аз Тоҷикистонро фаро гирифта буд, ки чаҳор рӯз идома дошт. Чунин ғуборҳое дар ҷануби Тоҷикистон дар гузашта низ маъмул буда, вале ба ин андоза фазоро тира насохтааст.

Азбаски ин гуна ғуборҳо маъмулан аз кишвари ҳамсояи Афғонистон сарчашма мегирад,, мардум аз он бештар ба унвони “боди афғонӣ” ном мебаранд. Дар назар аст ғубори ғализ дар фазои манотиқи ҷанубу марказии Тоҷикистон то ду рӯзи дигар боқӣ бимонад ва сипас дамои ҳаво дубора боло хоҳад рафт.

Бино ба пешбинии Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, мумкин аст дар нимаи аввали моҳи оянда дар фазои ин кишвар дубора чунин ғубори ғализе пайдо шавад. Дар ҳамин ҳол, аз Маркази иттилоъоти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ин гуна ҳаво аз парвози ҳавопаймоҳо монеъ нашудааст ва фурӯдгоҳ ба шеваи маъмулӣ фаъолият дорад.

Ҳарчанд ҳавои ғуборолуда ва тира аз фаъолияти васоили ҳамлу нақлӣ монеъ нашудааст, вале коршиносони беҳдоштӣ мегӯянд, ки дар чунин вазъе мумкин аст беморони дорои фишори хун, зиққуннафас ва ҳассосият бо мукил рӯбарӯ шаванд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi