01:52:02 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФОРАТИ ИМА: БО СПИД МУШТАРАКАН МУБОРИЗА БОЯД БУРД

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони маҳаллӣ бо гузаронидани чорабиниҳову барномаҳои гуногун дар саросари Тоҷикистон, ки ба огоҳонидани мардум аз хатари ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) бахшида шудаанд, Рӯзи байналмилалии мубориза бо АПНМ ё худ СПИД-ро таҷлил намуд. Чорабиниҳо дар марказҳои тиббӣ, маъракаҳои огоҳсозии мардум, консерту суханрониҳо дар бораи  АПНМ (СПИД) ва озмуни байналхалқӣ оиди плакати беҳтарин дар ин мавзӯъ – ин ҳама барои мубориза бурдан алайҳи паҳншавии ин вируси марговар мусоидат намуданд.

/images/stories/2011/12/06_protiv_spida_2011.jpgШӯъбаи Мубориза бо маводи мухаддир ва мусоидат ба мақомоти қудратии Сафорати ИМА (INL) дар якҷоягӣ бо Маркази тадқиқоти журналистӣ (МТЖ) ва Радиои «Ватан» рӯзи шанбеи 3 декабр дар кохи Филармонияи Миллӣ дар Душанбе як консертеро ба хотири мубориза алайҳи маводи мухаддир таҳти унвони «Мубориза барои ҳаёт» ташкил намуд. Консерт ба ҳаёти сароянда ва оҳангсози машҳур шодравон Субҳони Саид бахшида шуда буд. Зиндагии фоҷеъабори ин сароянда, ки тавониста буд аз банди нашъамандӣ раҳо ёбад, барои ҷавонон як дарси ибратест оиди даҳшатҳое, ки нашъамандӣ метавонад ба бор орад.

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо АПНМ (СПИД)-ро дар Маркази тиббии №10 ш. Душанбе, Маркази тиббии ноҳияи Ваҳдат ва маъракаҳои огоҳонии мардумро дар шаҳрҳои Кӯлобу Хӯҷанду Қӯрғонтеппа сарпарастӣ намуд. Дар рафти ин чорабиниҳо табибон ва намояндагони марказҳои шаҳрии АПНМ (СПИД) оиди ин мараз ва ҳачунин касалии сил ва бемориҳои бо роҳи таносул гузаранда маълумот паҳн карданду ба одамон маслиҳатҳо доданд.

Инчунин, онҳо мардумро оиди ВНМО ройгон ташхис намуданду ба онҳо расиди ташхиси ройгон аз ин бемориро тақсим карданд. USAID ҳамчунин мизи мудаввареро оиди ВНМО ва бемории сил бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ки  дар бинои Иттифоқи Нависандагон баргузор гардид, сарпарастӣ намуд.

Сафири ИМА Кен Гросс ҳамчунин як конфронси байналмилалиро оиди назорати ВНМО (ВИЧ) дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки бо кӯмаки Ҳукумати ИМА дар якҷоягӣ бо «Фонди глобалии мубориза бо ВНМО, сил ва табларза» ва шарикони дигар баргузор гашт. Ин конфронси илмии минтақавӣ оиди ВНМО, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ сурат гирифта буд, рӯзи 5-6 декабр дар Кохи Ваҳдати ш. Душанбе баргузор гашт.

Дар расми ифтитоҳи конфронс ҷаноби сафир қайд намуд, ки «Дар Тоҷикистон имконияти нодири гирифтани пеши роҳи ВНМО (ВИЧ) вуҷуд дорад, қабл аз он, ки ин беморӣ ба як мушкилии саросарӣ табдил ёбад. Барои ин ба мо зарур аст, ки ташхису пешгирии бемориро васеъ ба роҳ монем ва онҳоеро, ки мубталои ВРМО гардидаанд, табобат намоем».

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон 1 декабр як озмуне барои плакати беҳтарин эълон намуд, ки аз ҷониби Нақшаи Президент роҷеъ ба ёрии таъҷилӣ оиди АПНМ (СПИД) сарпарастӣ шудааст. Озмуни имсола таҳти шиори «Зери парчами илм барои амал кардан муттаҳид мешавем» хоҳад гузашт. Кӯдакону ҷавонони аз 5 то 20 сола метавонанд, ки то 3 феврал плакатҳои худро дар мавзӯъи ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) ба яке аз «Гӯшаҳои Амрико» супоранд. Плакатҳои дарТоҷикистон  ғолибомада сипас дар даври ниҳоии байналмилалӣ иштирок намуда, имкон пайдо мекунанд, ки лавозимоти рассомӣ бурд кунанд ва аз ҷониби ҳамоҳангсози Барномаи глобалии ИМА оид ба АПНМ (СПИД) ҷаноби Сафир Эрик Гусбай, қадрдонӣ гарданд. 

Аз соли 1988 инҷониб бо мақсади огоҳонидани мардум аз хатарҳои ВНМО\АПНМ (ВИЧ\СПИД) ҳамасола 1 декабр ҳамчун Рӯзи Умумҷаҳонии Мубориза бо АПНМ таҷлил мегардад. Сафорати ИМА чорабиниҳои зиёдеро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум оиди ВНМО, беҳтар сохтани шароити зиндагии мубталоёни ин беморӣ, паст кардани сатҳи стигма ва поймолкунии ҳуқуқи онҳое, ки дучори хатари сироятшавии ВНМО\АПНМ гаштаанд, ҳамчунин ба беҳтар намудани муносибати байни табибону созмонҳои ҷамъиятии бо ВНМО сарукоргиранда ва мубталоёни ВНМО равона гаштаанд.

Дар тӯли 10 соли охир Сафорати ИМА барои пеш гирифтани паҳншавии ВНМО дар Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мубталоёни ВНМО кӯшиш ба харҷ додаст.

«Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi