16:07:31 03-уми Июни 2025 сол

НАМОЯНДАИ ДОДСИТОНӢ ХОСТ, ТО ХАЛАБОНҲОРО ОЗОД КУНАНД

Намояндаи додситонии Хатлон аз додгоҳи ин вилоят хост, ки Садовничий ва Руденкоро озод намояд. Имрӯз (22 ноябр) додгоҳи вилояти Хатлон ба бозбинии парвандаи ду халабони ширкати русии “Ролкан Инвестмент ЛТД” шурӯъ кард.

/images/stories/2011/11/22_letchikho-22112011.jpgТолибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, айбдоркунандаи давлатӣ, зимни баромади худ гуфт, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ниҳоят сангин буда, аз Коллегияи суди вилояти Хатлон мехоҳад, ки ин ҳукмро нармтар кунад.

"Мо дар мавриди бегуноҳ будани ин ду халабон чизе намегӯем, аммо аз додгоҳи вилояти Хатлон мехоҳем, ки хукми суди зинаи аввалро тағйир дода, бо назардошти шахсияти онҳо, ки бори аввал суд шудаанд, ҷазояшонро сабуктар кунад",-афзуд ӯ.

​​Вай илова кард, ки "ба ҳар кадом аз халабонҳо 2 солу 6 моҳ ва 14 рӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи то 4 сол идора намудани ҳавопаймоҳо ҳукм содир шавад."

"Бинобар Қонуни афви Тоҷикистон мехоҳем, ки аз ин ҳукм 2 солаш кам карда шуда, бинобар ин ки онҳо аз 6 моҳ зиёдтар дар СИЗО нигоҳдорӣ карда шудаанд, аз толори додгоҳ озод карда шаванд",-гуфт Толибҷон Азимов.

Вакили дифои ду халабони ширкати русӣ -- Ғулом Бобоев гуфт, эътирози додситонии Хатлонро ҷонибдорӣ мекунад, аммо афзуд, нафарони таҳти ҳимояташ бояд пурра озод ва ҳамин тавр "сафед" карда шаванд. Оқои Бобоев аз он ки мақомот ва расонаҳои Русия ба қазияи халабонҳо рангу бӯи сиёсӣ додаанд, изҳори норизоӣ кард. Вай гуфт, ки расонаҳои баҳси додгоҳии Садовничий ва Руденкоро якҷониба бозтоб додаанд.

Аммо на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст.

​​Алишо Қурбонов, муовини аввали раиси Додгоҳи вилояти Хатлон ва додрасҳо Икром Абдулҳафизов ва Тошмемир Қушоқов, ки бозбинии парвандаи халабонҳоро ба ӯҳда доранд, гуфтанд, ки ба хонаи машваратӣ медароянд ва ҳукми Садовничий ва Руденкоро пас аз зӯҳри имрӯз 22 ноябр эълон хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, писари Владимир Садовничий, ки аз Маскав барои ҳимояти падараш ба Тоҷикистон омадааст. изҳори умедворӣ кард, ки қазияи Владимир Садовничий мусбат ҳал хоҳад шуд ва онҳо якҷоя ба Русия бархоҳанд гашт. Вай аз мақомоти Русия изҳори сипос кард, ки барои ҳалли қазияи падараш -- Владимир Садовничий хеле пофишорӣ ва талош кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳаштуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард. Бино ба қарори додгоҳ, ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан", ки Садовничий ва Руденко бо он ба Тоҷикистон фуруд омадаанд, ба фоидаи давлати ин кишвар мусодира шуд.

Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.

​​Вазорати умури хориҷии Русия низ ба шиддат аз ин ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа интиқод карда ва онро “сангин” унвон намуд ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Владимир Садовничийро озод ва ба кишвараш интиқол бидиҳанд. Бархе аз вакилони Думаи давлатии Русия ҳам хостори ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони  Тоҷикистон шуданд. Вале Думаи давлатии Русия дар як муроҷиатномаи худ ба унвони мақомоти Тҷоикистон таъкид кард, ки ин парвандаи халабонҳо беасосу сиёсӣ аст ва аз ин рӯ бознигарӣ шавад.

​​Ҳарчанд дар оғоз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кулли ин кишвар ҳукми зиндони Садовничий ва Руденкоро дуруст шуморида ва онро як баҳси одии додгоҳӣ медонистанд, вале ахиран хостори бознигарии парвандаи ин ду нафар шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати «ҳалли мусбат»-и қазияи халабонҳои рус дастур додааст. Ин нуктаро вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар Алма-Ато дар дидор бо ҳамтои русаш Анатолий Сердюков, ки дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои пасошӯравии узви СНГ доир шуд, изҳор доштааст. Оқои Сердюков ба дунбол аз ҳамтои тоҷикаш хостааст, то барои раҳоии халабони рус «гомҳои мушаххас» бардорад.

Гузашта аз ин, Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, пас аз дидору мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки онҳо барои ҳалли қазияи халабонҳо "забони муштарак" ёфтаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854