14:37:10 03-уми Июни 2025 сол

САРПАРАСТОНИ ФАРЗАНДОНИ МУҲОҶИРОН РАСМАН САБТИ НОМ МЕШАВАНД

Тибқи ислоҳоти қавонин, ки порлумони Тоҷикистон тасвиб кардааст васояти фарзандони падару модароне, ки барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, ба ӯҳдаи хешовандони наздик ё хонаҳои кӯдакон гузошта мешавад. Дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон дар рӯзи чоршанбеи 16 ноябр, ки Қавонини “Оила” ислоҳ гардид, заминаи зарурати ворид кардани чунин тағйирот афзоиши теъдоди кӯдакони бепарастор дар ҷомеъаи ин кишвар хонда шуд.

/images/stories/2011/11/17_parlament_17112011.jpgТибқи тағйироти ворида ба ин санади ҳуқуқӣ, ҳамакнун падарбузургу модарбузург ё хешовандону пайвандони наздики кӯдак бояд ба таври расмӣ дар Мақомоти васояту парастории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаҳбонии кӯдакро ба ӯҳда бигиранд. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, то ҳол падару модарон, ки ба муддати беш аз се моҳ муҳоҷират мекунанд, дар бархе маворид фарзандони худро дар ихтиёри хешовандон дури худ мегузоранд.

Оқои Ватанов гуфт, умдатан ин афрод ба тарбият ва таҳсили кӯдакони вогузоршуда чандон таваҷҷӯҳе накарда ва дар сурати иттифоқ афтодани ҳодиса ё мушкиле ба кӯдак худро масъул намедонанд. Ӯ таъкид кард, ҳамакнун тибқи тағйироти ворида ба Қавонини “Оила” масъулияти нигаҳбонии фарзандони падару модари ғоиб расман ба ӯҳдаи падарбузург ва модарбузург ё хешовандони наздик вогузор шуда ва дар сурати набудани чунин ашхос кӯдакон дар хонаи бачаҳо ё парваришгоҳҳо нигаҳбонӣ хоҳанд шуд.

Занҳои тоҷик муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд

Тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ҳоло ҳудуди 7 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро занҳо ташкил дода ва ин рақам ҳамасола дар ҳоли афзоиш будааст. Аммо бино ба гузориши созмони ғайридавлатии “Панорама”-и Тоҷикистон, ки дар мавриди муҳоҷирони зани тоҷик пажӯҳише анҷом додааст, шумори занони тоҷик дар маҷмӯъи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон 17-18 дар садро ташкил дода ва теъдоди онҳо ба 180 ҳазор нафар расидааст.

Ин созмон мегӯяд, муҳоҷирати умумии занҳои тоҷик барои дарёфти кор ба Русия ва Қазоқистон дар соли 2007 шурӯъ шуда ва ин раванд ба наҳваи бештар идома доштааст. Зурафо Раҳмонӣ, масъули бахши бонувони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, далели афзоиши теъдоди занҳои муҳоҷирро ба фақру бекорӣ ва муҳоҷирати тӯлонии шавҳарони онҳо марбут хонд.

Хонуми Раҳмонӣ раванди муҳоҷирати рӯзафзуни занҳои тоҷик ба кишварҳои хориҷиро барои ҷомеъаи Тоҷикистон таҳдиди ҷиддие ба миллат арзёбӣ карда ва гуфт, ки имкон дорад ин амр ба мушкилоти демографӣ, кӯтоҳӣ дар тарбияти фарзанд ва фурӯпошии хонаводаҳо мунҷар шавад.

Гулбаҳор Муродова, созмони “Муҳоҷир” дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон гуфт, ки аз муҳоҷирати занҳо умдатан фарзандон бештар ранҷ мебаранд. Хонуми Муродова гуфт, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар занҳои зиёде барои дарёфти кор ба Русия рафта ва бо вуҷуди нигаҳбонии пайвандон фарзандони онҳо аз тарбият ва таҳсил дур мондаанд.

Ӯ ба унвони мисол аз ҳамсояи худ, зану шавҳаре ном бурд, ки барои дарёфти кор ба Русия рафта ва нигаҳбонии ду фарзанди онҳоро бобою бибӣ ба ӯҳда гирифтаанд. Гулбаҳор Муродова мегӯяд: “Ҳоло ин кӯдакон тамоми рӯз дар хиёбон сарсон буда ва ба мактаб ҳам намераванд. Ҳарчанд падару модари кӯдакон аз Русия барои онҳо пул мефиристанд, вале онҳо аз таълиму тарбият дур мондаанд.”

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Дурсултон Шоназирова, ҳуқуқдони созмони “Боварӣ” дар шаҳри Душанбе, теъдоди занҳои танҳои тоҷик, шавҳарҳояшон дар Русия издивоҷ карда ва ба хонаводаи худ дар Тоҷикистон кумаки молӣ намекунанд, низ афзоиш ёфтааст. Хонуми Шоназирова гуфт, бештари ин занҳо бо шавҳарони худ никоҳи расмӣ надошта ва наметавонанд аз тариқи додгоҳ аз шавҳар ё хонаводаи шавҳар барои фарзандони худ кумаки молӣ тақозо кунанд.

Авоқиби номатлуби муҳоҷирати волидайн

Хадича Ҳакимова, намояндаи порлумон, гуфт, дар пайи ислоҳи Қавонини “Оила” Мақомоти васояту сарпарастӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон теъдоди воқеъии кӯдакони бесарпарастро мушаххас карда ва мушкили нигаҳбонии онҳоро ҳалл хоҳанд кард. Ба гуфтаи хонуми Ҳакимова, бар асоси мафкура ва одоти миллӣ хешовандон талош мекунанд фарзандони наздикони худро нигаҳбонӣ кунанд, аммо ин нигаҳбонӣ сатҳӣ буда ва кӯдакон ба таври ҷиддӣ ба таълиму тарбият фаро гирифта намешаванд.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, дар асоси қавонини Тоҷикистон барои падару модароне, ки ба муддати тӯлонӣ фарзандони худро дар нигаҳбонии хешовандон мегузоранд, муҷозоте ё маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ пешбинӣ нашудааст. Зеро ин афрод ба хотири таъмини молии фарзандон ва хонавода маҷбур ба муҳоҷират шуда ва аз нигоҳубини фарзандон сарпечӣ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон ва масъулони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мӯътақиданд, аз тариқи даъвату шиорпартоӣ ва тасвиби асноди ҳуқуқӣ мушкили фарзандони бесаробонро ҳалл кардан мушкил аст. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, давлати Тоҷикитсонро лозим аст барои ҳалли мушкили муҳоҷират бештар корхонаҳои тавлидотӣ таъсис ва ҷойҳои кор эҷод кунад.

Аз ҷумла, оқои Кабирӣ пешниҳод кард, хуб мебуд ба ивази масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ, ки бо сармояи 100 милюндулории давлати Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд мешавад, 100 корхонаи тавлидотӣ эҳдос шавад.

Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, ки бахши аслии ин афродро ҷавонон ташкил дода ва иддаъа аз онҳо бо хонаводаи худ дар шаҳрҳои ин кишвар сукунат доранд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон, ҳудуди 500 ҳазор табаъи тоҷик шаҳрвандии Русияро ба даст оварда ва муқими ин кишвар ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854