15:12:35 03-уми Июни 2025 сол

НОПАДИД ШУДАНИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи башар, як созмони ғайридавлатӣ дар Русия аз нопадид шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар додааст. Ба гуфтаи як корманди ин ниҳод таҳқиқоти онҳо ҳокӣ аз он шудааст, ки Савриддин Ҷӯраев, шаҳрванди нопадидшудаи Тоҷикистон ҳоло дар яке аз боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба сар мебурдааст.

/images/stories/2011/11/16_russian-moscow_16.11.11.jpgЕлена Рябинина мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ ин севумин мавриди нпадид шудани шудани атбоъи Тоҷикистон дар Русия ва баъдан пайдо шудани онҳо дар Тоҷикистон будааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин манбаъ давлати Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраевро ба ифротгароӣ, тундравии мазҳабӣ ва таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор муттаҳам карда ва дар соли 2009 аз давлати Русия дархости истирдоди вай ба Тоҷикистонро карда буд.

Вале Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар Савридин Ҷӯраевро таҳти ҳимояти худ гирифт ва истирдоди вай ба Тоҷикистон бар асоси ҳукми ин додгоҳ ба таъвиқ уфтод.

Хонуми Рябинина рӯзи чоршанбеи 16 ноябр дар бораи ҷузъиёти нопадид шудани Савриддин Ҷӯраеви 28 сола гуфт: "Савриддин шаби якуми ноябр дар наздикии истгоҳи метрои мавсум ба Унвирситетская аз ҷониби афроде бо либосҳои ғайринизомӣ боздошт ва ба ҷониби номаълум бурда шуд. Мо баъд аз дарёфти ин иттилоъ таҳқиқот анҷом додем, ки Ҷӯраевро ба куҷо бурданд ва рӯзи 14 ноябр иттилоъ пайдо кардем, ки Савриддин дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд будааст."

Хонум Рябинина аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чи тавр дар як кишвари демукротик шахсро дӯздида ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвари дигари мустақил пинҳонӣ интиқол медиҳанд. Талошҳои мо барои тамос бо мақомоти интизомии вилояти Суғд дар мавриди таъйиди суханони хонум Рябинина, ки оқои Ҷӯраев дар боздоштгоҳи Хуҷанд ба сар мебурдааст, бенатиҷа буд.

Аммо бино ба итилоъи Елена Рябинина Савриддин 9 ноябр ба вилояти Суғд интиқол ёфта ва қабл аз он чанд рӯз дар боздоштгоҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон нигаҳдорӣ шудааст.

Хонуми Рябинина гуфт: "Мутаасифона барои бори нахуст нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон нахуст рабуда шуда ва сипас ба ин кишвар интиқол дода мешаванд. Дар моҳи августи ҷоли ҷорӣ Сӯҳроб Қозиеви тоҷикистонӣ ва Муродҷон Абдулҳақов, шаҳрванди Ӯзбакистон, ки иттифоқан Сӯҳробро ҳамроҳӣ мекардааст, бо чунин шева рабуда шуда ва сар аз боздошгоҳи Тоҷикистон бароварданд."

Масъули Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи башари Русия мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд дар робита ба рабуда шудани оқои Яҳёев ва интиқоли ғайриқонунии вай ба Тоҷикистон мақомоти интизомии Русия парвандаи ҷиноӣ боз ва ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ин манобеъ таъйид карданд, ки Кумисиёрони СММ дар умури паноҳандагон ба оқои Ҷӯраев мақоми паноҳандагиро дода буд ва вай дар Русия ҳаққи иқомати муваққатиро доштааст.

Ин дар ҳолест, ки дар мавриде дигар Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар дар моҳи сентябри соли 2010 дар пайи баррасии шикояти Маҳмудрӯзӣ Искандаров, аз мухолифони зиндонии давлати Тоҷикистон, Русияро барои боздошт ва истирдоди оқои Искандаров ба Душанбе ба пардохти 30 ҳазор юру ғаромат ба вай муваззаф карда буд.

Маҳмадрӯзи Искандаров низ дар авоили зимистони соли 2005 дар Маскав нопадид шуд ва дар баҳори он сол дар зиндони Душанбе пайдо шуд. Сипас Додгоҳи Олии Тоҷикистон вайро барои 22 сол равонаи зиндон кард.

Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, оқои Искандаров худ ба Тоҷикистон омада буд, чизе ки вакили мудофеъ ва наздикони ӯ рад кардаанд. Ҳамчунин Додгоҳи Урупоии Ҳуқуқи Башар дар моҳи майи соли ҷорӣ, истирдоди Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, аз Русия ба Тоҷикистонро низ манъ кард.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854