16:03:07 03-уми Июни 2025 сол

ТАШДИДИ МУҶОЗОТ БАРОИ НАҚЗИ ҲАРИМИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОН

Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Қонуни ҳарими ҳавоии ин кишвар муҷозотеро барои ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳариими ҳавоии ин кишварро нақз мекунанд, тасвиб кардааст. Чунин як тағйирот рӯзи чоршанбеи 16 ноябр, дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон ба моддаи 6-и Қавонини ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ворид гардид.

/images/stories/2011/11/16_parlament.tj_16.11.11.jpgМаҳмад Раҳимов, раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон, ки пешнависи Қонуни ислоҳи ин санадро дар порлумон муъаррифӣ мекард, зарурати ислоҳи Қавонини ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро ба таҳаввулот дар низоми ҳуқуқии ин кишвар ва мутобиқ сохтани он ба меъёрҳои қавонини Тоҷикистон марбут хонд.

Ба гуфтаи оқои Раҳимов, дар матни қаблии ин модда “танҳо дар сурати айбдор будани шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешуд”. Дар матни кунунӣ ашхоси воқеъӣ ва ҳуқуқӣ барои нақзи муфоди Қавоаз шарҳи ташдиди муҷозот барои нақзи қонун худдорӣ карда ва гуфт, ки ин ислоҳ ба ҳаводиси боздошт ва муҳокимаи халабонони русу эстонӣ рабте надорад.нини ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва таҷовуз ба ҳарими ҳавоии ин кишвар муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, ӯ аз шарҳи ташдиди муҷозот барои нақзи қонун худдорӣ карда ва гуфт, ки ин ислоҳ ба ҳаводиси боздошт ва муҳокимаи халабонони русу эстонӣ рабте надорад. Зимнан, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстониро дар канори убури ғайриқонунӣ аз марз ва қочоқ ба риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард.

Ин ду халабони ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаста ва билофосила аз ҷониби ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон барои убури ғайриқонунӣ аз марз дастгир шуданд.

Маҳкумияти халабони Русия муҷиби доғ шудани баҳсҳо дар расонаҳои Руия нисбати равобити байни ин кишвар ва Тоҷикистон ва ҳатто матраҳ шудани таҳдидҳои ташдиди бархурд бо муҳоҷирати атбоъи Тоҷикистон ба Русия шуд, то ҳадде ки боздошти шумори зиёде аз муҳоҷирини тоҷик дар Русия сурат гирифт.

Аммо мақомоти расмии Русия ташдиди бархурд бо муҳоҷиронро бо мавзуъи маҳкумияти халабони рус дар Тоҷикистон иртибот надодаанд. Бисёре аз коршиносон муътақиданд, ки мақомоти Русия ва мухолифони онҳо мавзуъи маҳкмияти халабони русро бо аҳдофи сиёсӣ доман задаанд, бавижа ин ки ин маҳкумият замоне сурат гирифта, ки омодагиҳо дар Русия барои ширкат дар интихоботи оянда оғоз шудааст.

Ҳамчунин, тибқи тағйироти ворида ҳавопаймои давлатӣ ва васоили фанние, ки хатти парвози ягонаро таъмин мекунад, моликияти истисноии давлат маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, забони ин санади ҳуқуқӣ ислоҳ шуда ва вожаҳои аэропорт, экипаж, командир, двигател калимоти фурудгоҳ, ҳайъат, сарнишин ва муҳаррик иваз шуд. Тағйироти ворида ба Қавонини ҳарими ҳавоии Тоҷикистон бо аксари кулли орои намояндагони порлумон тасвиб гардид.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854