14:38:36 03-уми Июни 2025 сол

ДОДСИТОНӢ: ҲУКМИ ДОДГОҲ АЛАЙҲИ ХАЛАБОНҲО "САБУКТАР" ШАВАД

Додситонии вилояти Хатлон ҳукми ҷанҷолбарангези додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа алайҳи ду халабони хориҷиро “сахтгирона” унвон кардааст. Тибқи иттилоъи манбаъи додситонии ин вилоят, масъулони додситонӣ дар ин робита ба додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа номае эътирозӣ ирсол карда ва дар он аз додгоҳ хостори бознигарии ҳукм дар бораи ин ду халабон шудаанд.

/images/stories/2011/11/15_letchiki-v-tajikistane2011.jpgИн дар ҳолест, ки қабл аз оғози муҳокима додситонии вилояти Хатлон ба ҳангоми ироаи парвандаи ҷиноии халабонҳо барои баррасӣ ба додгоҳи Қурғонтеппа, аз ин додгоҳ хоста буд, ки халабонҳоро барои муддати 13 сол равонаи зиндон кунад. Вале додгоҳи Қурғонтеппа нахуст ин ду нафарро ба 10,5 сол маҳкум ба зиндон кард ва пас аз татобуқи ҳукм бо Қонуни афви Тоҷикистон муддати маҳкумияти онҳоро ба 8.5 сол коҳиш дод.

Аммо акнун гуфта мешавад ҳамин додситонӣ дар номааш ба додгоҳи Қурғонтеппа бо ишора ба равобити хуби ду кишвари Русия ва Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, ки ҳукми халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро “сабук кунад.” Коршиносон мегӯянд, ки тағйири назари додситонӣ ба эҳтимоли зиёд ба вокуниши шадиди Русия дар қиболи маҳкумияти як шаҳрванди рус тавассути додгоҳи Тоҷикистон марбут аст.

Зеро пас аз эътирозҳои мукаррари мақомот ва ниҳодҳои Русия баҳсҳои доғ дар расонаҳои Русия дар мавриди ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ду халабон Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи додгоҳӣ дар Қурғонтеппа, гуфта буд, ки боздошт ва муҳокимаи халабонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон бар асоси қавонини кишвар ва мавозини байналмилалӣ анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қазияи халабонҳо дар Тоҷикистон мунҷар ба вокунишҳои мухталиф дар ҷомеъаи шаҳрвандии Русия шуда ва ба дунболи он теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик аз он кишвар ихроҷ шудаанд. Дар Тоҷикистон ихроҷи муҳоҷирон ва нигарониҳо аз вазъи онҳо дар Русия дар миёни бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ вокунишҳоеро ба бор овардааст.

Аз ҷумла иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 14 ноябр дар як гирдиҳамоӣ гурӯҳи вижаи дифоъ аз муҳоҷирони тоҷикро таъсис додаанд. Ҳоло ин гурӯҳи иборат аз намояндагони ҷомеъаи мадании кишвар машғули таҳияи номае унвонии Русия ҳастанд, ки дар он нома, аз ҷумла аз расонаҳо ва ҷавомеъи шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русия дархост шудааст аз изҳори назарҳои милатгароёна дар Русия ва Тоҷикистон ба ҳангоми муҳокимаи қазияи халабонҳо худдорӣ шавад.

Масъулони ин гурӯҳ, ҳадаф аз таъсиси онро ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва талош барои ҷилавгирӣ аз эъмоли хушунат алайҳи онҳо ба дунболи қазияи ахири додгоҳии халабонҳои рус ва эстунӣ дар Тоҷикистон унвон карданд.

Барзуи Абдуразоқ, ҳамоҳангсози фаъолиятҳои ин гурӯҳ гуфт: “Мо дар ин рӯзҳо шоҳиди навиштаҳои мухталифе дар расонаҳои гурӯҳии Русия ва дар сойтҳои мухталифи ин кишвар ҳастем, ки дар он ошкоро тоҷикон мавриди тавҳин ва тӯҳмат қарор гирифтаанд. Ин изҳори назарҳо метавонанд, ба вазъияти бе ин ҳам риққатбори муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия таъсири ногуворе бар ҷой гузоранд.”

Аз ин рӯ ба гуфтаи вай, гурӯҳи навтаъсиси дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон аз расонаҳо, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳар ду кишвари Русия ва Тоҷикистон дархост мекунад, то аз "барангехтани низоъи миллӣ миёни тоҷикон ва русҳо" даст кашанд, зеро ба бовари масъулони гурӯҳ тоссарҳои рус аз ин изҳорот тосарони милатгарои рус метавонанд истифода кунанд ва даст ба озори бештари муҳоҷирон зананд.

Масъулони ин гурӯҳ мегӯянд, ки изҳороти Геннадий Онишенко дар мавриди " теъдоди зиёди муҳоҷирони бемор дар он кишвар" низ аз ҳақиқат дур буда ва "бемор бояд мудово шавад на ин ки аз кишвар ихроҷ шавад." Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълом доштааст, ки имрӯз нишастеро доир мекунанд ва дар он аз таъсири қазияи додгоҳӣ ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия иттилоъ хоҳанд дод.

Ҳамчунин Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар баёнияи вижаи худ аз иқдоми ахири Русия дар мавриди ихроҷи муҳоҷирон интиқод карда ва гуфтааст, ки мақомоти рус муҳоҷирони тоҷик дар он кишварро набояд чун абзор барои ҳалли масъалае истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби "Справедливая Россия", яке аз аҳзоби сиёсии умда дар Русия аз Президент Медведев ва нахуствазири он кишвар дархост кардааст, ки мавзӯъи роҳандозии муқаррароти раводид миёни Тоҷикистон ва Русияро матраҳ кунанд.

Дар таҳаввули дигар расонаҳои Тоҷикистон аз қавли манобеъи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гузориш додаанд, ки Кумитаи анияти миллии Тоҷикистон алайҳи раиси ширкати русии "Ролкан" (Rolkan Investments Ltd ), ки ду халабони маҳкумшуда тавассути он истихдом шуда буданд, парванда боз кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон Сергей Полуянов ба иртибот бо нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва тиҷорати ғайриқонунӣ муттаҳам аст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854