БАРҚИ ТОҶИК: “МЕТАВОНЕМ БАЪД АЗ 15-20 СОЛ "НОРАК"-РО АЗ ДАСТ БИДИҲЕМ”
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” эълом кардаанд, ки то 15-20 соли дигар обанбори нерӯгоҳи “Норак” пур аз гилу лой хоҳад шуд. Роҳи ҳалли ин мушкил танҳо сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” унвон шудааст, зеро дар ин сурат ба обанбори “Норак” оби тоза ворид шуда ва аз раванди анбоштагии гил дар обанбор ҷилавгирӣ мешавад.
Ин матлаб дар дидори масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ва нерӯгоҳи “Норак” бо хабарнигорон матраҳ шудааст. Ба гуфтаи Одина Чоршанбиев, раиси маркази танзими ширкати “Барқи тоҷик”, садди обанбори “Норак” 300 метр аст, вале барои тавлиди нерӯи барқ танҳо 53 метри баландтарини ин садд истифода мешавад. Масъулони энержии Тоҷикистонро анбоштагии гил дар обанбор, ки дар пайи вуруди оби гилолуди рӯдхонаи Вахш сурат мегирад, нигарон сохтааст.
Оқои Чоршанбиев гуфтааст: “Ҳатто агар мо обанборро тоза кунем, боришоти фасли баҳор ин гили ҷамъоваришударо дубора ба обанбор мебиёрад. Танҳо роҳи ҳалли ин мушкил сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аст, зеро дар ин сурат оби рӯдхонаи Вахш дар обанбори “Роғун” такшин шуда ва сипас ба “Норак” ворид мешавад.”
Ба гуфтаи ин масъули “Барқи тоҷик”, бо афзоиши мизони гил дар обанбори “Норак” тавлиди нерӯи барқ коҳиш хоҳад ёфт, зеро қисмати аслии ин обанбор на бо об, балки бо гил пур мешавад. Вай гуфт: “Дар ин сурат, мо дар фасли тобистон нерӯи барқи зарурӣ метавонем тавлид кунем, вале дар фасли сармо дар як шабонарӯз ҳудуди 4 милюн киловат барқ тавлид хоҳад шуд.”
Ин дар ҳолест, ки ҳоло ин нерӯгоҳ дар як шабонурӯз беш аз чиҳил милюн киловат соъат барқ тавлид мекунад, ки беш аз 70 дарсади тавлидоти барқи куллияи Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи оқои Чоршанбиев, обанбори “Норак” бо зарфияти истифода дар 60 сол тарҳрезӣ шуда буд ва қарор буд, ки идомаи фаъолияти он ба дунболи роҳандозии кори нерӯгоҳи “Роғун” имконпазир хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол мавзӯъи азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” норӯшан боқӣ мемонад. Кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистон, аз иҷрои ин тарҳ мухолифат карда ва иддаъо доранд, ки “Роғун” боъиси мушкилоти зистмуҳитӣ дар минтақа хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон умури бозсозӣ дар маҳалли “Роғун”-ро идома медиҳад ва интизори натоиҷи бозрасии мустақилонаи ин тарҳ аз сӯйи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аст.
Вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бо эҳтимоли зиёд натоиҷи ин бозрасӣ барои Тоҷикистон хушоянд нахоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, Фазлиддин Шоиддинов, раиси нерӯгоҳи “Норак” ба хабарнигорон гуфтааст, ки арзиши тавлиди як киловат соъат барқ дар ин нерӯгоҳ муъодили 1,04 дирам аст.
Вале, сокинони Тоҷикистон барои истифода аз як киловот соъат барқ ҳудуди 9 дирам, ширкати “Талко” 5 дирам ва ширкатҳои хусусӣ то 25 дирам пардохт мекунанд. Далоили ин амр "махориҷи интиқол ва рушди бахши энержӣ" унвон мешаванд.
Аз сӯйи дигар, Игор Феногенов, раиси бонки рушди Уруосиё, ниҳоди молии марбут ба Созмони Ҳамкориҳои кившарҳои Уруосиё, ахиран эълом кардааст, ки ин муъассиса тарҳи сармоягузории бозсозии нерӯгоҳи “Норак”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Оқои Феногенов гуфтааст: “Агар тавофуқ ба даст ояд, мо ин тарҳро ба маблағи садҳо милюн дулор сармоягузорӣ хоҳем кард. Зеро, ин тарҳ барои Тоҷикистон хеле муҳим аст ва мо мутмаъинем, ки тавони иҷрои онро дар ихтиёр дорем.”
Би-Би-Си