17:22:39 02-уми Июни 2025 сол

АЗ 5 ТО 25. ҲУКМИ ҚОТИЛОНИ РАИСИ БОЗОРИ ҶАМОАТИ CУРХ

Додгоҳи вилояти Суғд ҳашт нафарро дар қатли раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара муҷрим шинохт. Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи ҳашт нафари муттаҳам ба куштори раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара -- Ҳомидҷон Каримов анҷом шуд.

/images/stories/2011/09/26_isfara_26.9.2011.jpgДодгоҳи вилояти Суғд дар баҳори соли ҷорӣ ба баррасии парвандаи ин афрод, ки дар қатли раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара муттаҳам мешуданд, шурӯъ кард. Бино ба ҳукми додгоҳ ҳамаи ҳашт нафари муттаҳам дар анҷоми ин ҷиноят айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати аз 5 то 25 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Аз миёни онҳо, Мансур Каримҷонов барои куштор ва ҳифзу нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ҳомидҷон Каримови 46-сола рӯзи 30-юми августи соли гузашта дар наздикии хонаи як хешаш ҳадафи куштор қарор гирифта буд. Боздошти ин 8 нафари гумонбар баъд аз содири куштор аз сӯи мақомоти интизомиву амниятӣ сурат гирифт. Додгоҳ мегӯяд, ҳанӯз се муттаҳами дигари ин ҷиноят дар озодӣ ба сар мебаранд. 

Таркиши интиҳорӣ дар бинои Бахши минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 3–юми сентябри соли 2010, замоне ки чанд нафар аз аъзои гурӯҳи исфарагиҳо дар боздоштгоҳи ин бахш нигаҳдорӣ мешуданд, ҳадсу гумонҳоеро аз сӯи мақомот дар пай оварда буд, ки эҳтимол таркиши интиҳорӣ кори шарикони ин афрод ба хотири ниқорталабӣ бошад.

Аммо тафтиши ин қазия ва ба дунболи ном бурдани мақомот аз Акмал Каримов, сокини шаҳри Хуҷанд чун омили аслии ин ҷиноят, пардаи гумон барои ҳамдастӣ дар таркиши интиҳориро аз рӯи 8 нафари мазнун дар қатли раиси бозори Исфара бардошт.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854