17:25:09 02-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ РАҲИМПУР АЗ КАМКОРИИ ЭРОН ДАР ОМӮЗИШИ ХАТ ВА ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Узви Шӯрои Инқилоби Фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вазъияти омӯзиши хат ва адабиёти форсӣ дар ин кишвари ҳамзабонро нигаронкунанда тавсиф кард.

/images/stories/2011/09/25_rahimpur-azgadi_25.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Форс», Ҳасан Раҳимпур, устоди барҷастаи донишгоҳи Эрон, ки бо даъвати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Душанбе сафар карда буд, дар суханронии худ дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо интиқод аз вазъияти омӯзиши забон ва хати форсӣ таъкид кард, ки дар муқоиса бо коре, ки Русия ва Туркия барои омӯзиши хат ва забони худ дар ин кишвар доранд, фаъолиятҳои Эрон бисёр ночиз аст.

Вай бо ишора ба мавқеияти ҷуғрофиёии Хуросони бузург, манотиқи кунунии Тоҷикистон, Туркманистон, Афғонистон ва Эронро ҳастаи асли тамаддуни эронӣ - исломӣ доннист ва афзуд, ки агар хат ва фарҳангу забони форсӣ дар Тоҷикистон эҳё нашавад, бахши азиме аз фарҳангу адабиёти форсӣ аз байн хоҳад рафт.

Ин устоди донишгоҳ афзуд: «Адабиёти форсӣ баъд аз адабиёти арабӣ, қавитарин адабиёт дар ҷаҳони Ислом аст ва Ислом бо адабиёти форсӣ ба бахшҳое аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқӣ ва Ҳинд ворид шуд».

Раҳимпур тағйири хат ва забонро аз аҳдофи истеъмории қудратҳо донист ва таъкид кард, ки дар қарни 19 ва 20 англисҳо, фаронсавиҳо ва русҳо дар ҳар кишваре, ки ворид шуданд, ба тағйири хат ва забони он пардохтанд.

Вай «Шоҳнома»-и Фирдавсиро пур аз мавзӯъоти мавриди мутолиаи исломӣ донист, ки беш аз панҷ ҳазор байти он дорои мафҳумҳои исломӣ ва ахлоқӣ буда, вазифаи донишҷӯён ва дигаронро талош барои эҳёи фарҳангу адабиёти форсӣ унвон кард.

Раҳимпур ба даъвати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои ҳузур дар Анҷумани фарҳангии ин ҳизб ба Тоҷикистон сафар кардааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854