09:59:58 04-уми Июни 2025 сол

БАХШИ МАНЗИЛ БА ИСЛОҲ НИЁЗ ДОРАД

Бар асоси як пажӯҳиш ҳудуди 8 ҳазор биноҳои баландошёна дар 5 шаҳри Тоҷикистон дар зарфи 20 солаи ахир тармими умумӣ нашуда ва дар вазъи баде қарор доштаанд. Ин пажӯҳиш аз ҷониби Иттиҳоди масрафкунандагони Тоҷикистон, як ниҳоди ғайридавлатии ин кишвар ва бо сармояи Иттиҳодияи Урупо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Чкаловск анҷом шудааст.

/images/stories/2011/09/13_habibov_13.9.2011.jpgБаҳодур Ҳабибов, раиси ин созмон рӯзи душанбеи 12 сентябр, дар маросими муъаррифии пажӯҳиши “Мушорикати шаҳрвандон дар ислоҳоти нигаҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрошёна дар шаҳрҳо” гуфт, дар Тоҷикистон системи нигаҳдории давлатии даврони шӯравии пешин аз миён рафта, аммо то ҳол системи дигари ҷойгузини он рӯйи кор наомадааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳабибов, дар ҷараёни пажӯҳиш рӯшан шудааст, бо вуҷуди фурӯпошиии Иттиҳоди Шӯравӣ мафкураи бештари сокинони биноҳои бисёрошёна тағйир накарда ва то ҳол интизоранд, ниҳодҳои давлатӣ биноҳои баландошёнаро тармиму бозсозӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки 98 дар сади биноҳои баландошёна хусусӣ шуда ва тибқи муқаррароти ҷадид тармиму бозсозии лифт, зинаҳо, бом ва атрофи манзил бояд бо сармояи сокинони ин биноҳо анҷом шавад.

Баҳодур Ҳабибов гуфт, то ҳол дар шаҳрҳои Тоҷикистон 100 ширкати соҳибмулкони манзил таъсис шудааст, ки аз сокинон барои тармиму бозсозии биноҳои баландошёна маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Аммо барои бароварда сохтани ниёзҳои ҳамаи биноҳои баландошёнаи кишвар 10 ҳазор чунин ширкат лозим аст. Бар асоси ин пажӯҳиш, 91 дар сади пурсишшудагон аз фаъолияти Хоҷагии коммуналию манзилӣ (ЖЭУ), ки як ниҳоди давлатӣ аст, қонеъ набуда ва хостори барҳам додани ин ниҳод шудаанд.

Пурсишшудагон гуфтаанд, ки ин ниҳод аз сокинон маблағ ҷамъоварӣ карда, аммо ба истиснои додани маълумотнома аз маҳалли зист кори дигареро анҷом намедиҳад. Зимнан, дар моҳи августи соли 2009 дар Тоҷикистон Қонуни “Нигаҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил” тасвиб шуда, аммо бахши аслии нукоти ин санади ҳуқуқӣ иҷро нашудааст.

Масъулони Иттиҳоди масрафкунандагони Тоҷикистон далели ин амрро ба поин будани сатҳи маърифати ҳуқуқии сокинон марбут хонда ва гуфтнд, 76 дар сади пурсишшудагон дар мавриди ин қонун иттилоъе надоранд. Иттиҳоди масрафкунандагони Тоҷикистон бар асоси натоиҷи ин пажӯҳиш чунин натиҷагирӣ кардаанд, ки поин будани сатҳи огоҳии сокинони шаҳрҳо дар масоили манзил “боиси рушди фасод ва поймол шудани ҳуқуқҳои масрафкунандагон шудааст.”

Ин ниҳод натоиҷи пажӯҳишро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда ва хостори чун дар кишвари Русия ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши манзилу хидматрасонии коммуналӣ шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854