03:30:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БА ҲАР ГУНА ОВОЗАҲО БОВАР НАКУНЕД!

7 август дар сайти интернетии «Авесто» таҳти сарлавҳаи «Табларзаи хунин аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд» хабар чоп гардид. 

Дар он гуфта мешавад, ки аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ дар ноҳияи Турсунзода 24 нафар аз бемории табларзаи хунин вафот кардааст. Яке аз онҳо сардухтури бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Турсунзода Аскар Умаров мебошад. Дар хабар гуфта мешавад, ки рафту омад ба қишлоқи Зиератут манъ карда шудааст. Роҳҳои даромаду баромади деҳаро кормандони милиса посбонӣ мекунанд, дар деҳа карантин ҷорӣ карда шудааст.

Аз хабари мазкур маълум мешавад, ки манбаи паҳнгардидани беморӣ ҷасади аз Русия овардашуда аст. Дар ин хусус муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

- Бояд гуфт, ки на ҳамаи далелу рақамҳои дар мақола зикршуда ҳақиқати воқеӣ доранд. Масалан, аз ин беморӣ дар Турсунзода на 24 , балки ҳамагӣ 3 нафар вафот кардааст. Дуруст аст, ки дар байни онҳо мудири шӯъбаи шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳр низ ҳаст. Вай зимни расондани кӯмаки аввалини тиббӣ ба беморон ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Дар ноҳияи Турсунзода то имрӯз ҳамагӣ 5 нафар бемор дар шифохона табобат карда мешаванд.

Қайд кардан лозим аст, ки рафту омад ба деҳаи Зиератут ва деҳаҳои дигари ноҳияи Турсунзода манъ карда нашудааст. Гурӯҳи кории вазорати тандурустӣ барои ошкор намудани манбаи беморӣ ба ин ҷо фиристода шуд. Бояд гуфт, ки паҳнкунандаи асосии бемории мазкур канаҳо мебошанд. Бемории табларзаи хунин аз чорво ба организми инсон сироят мекунад. 

Нишонаҳои асосии он баланд шудани ҳарорати бадан, табларза, хунрезии рагҳои зери пӯст ва узвҳои дохилӣ мебошанд. Бо камоли боварӣ гуфта метавонам, ки ин беморӣ аз Русия ба ҷумҳурии мо оварда нашудааст.

Бинобар ин аз кормандони мӯҳтарами воситаҳои ахбори оммавӣ хоҳиш карда мешавад, ки зимни инъикоси ин ё он воқеа на ба маълумоти ғайрирасмӣ, балки танҳо ба маълумоти расмӣ истинод намуда, аҳолиро ба воҳима наандозанд. 

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi