ГАРДИШИ ПУЛИИ ТОҶИКӢ ДАР БОЗОРҲОИ АФҒОНИСТОН
Тоҷирони Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки онҳо маъмулан бо пули тоҷикӣ дар бозорҳои назди марзии Афғонистон ва Тоҷикистон хариду фурӯш мекунанд. Яке аз чунин бозорҳо, ки тоҷирони афғон, рӯзҳои шанбе ба он сар мезананд, дар рустои Теми Бадахшони Тоҷикистон, дар марзи муштарки Тоҷикистон ва Афғонистон воқеъ аст.
“Сайре бо пули тоҷикӣ дар бозори афғонӣ”
Аммо замоне, ки ман ба ноҳияи Шуғнони Бадахшони Афғонистон сафар кардам ва қабл аз бозгашт мехостам ба ҳайси армуғон ба духтарам ягон чизеро дар бозори маҳаллӣ харидорӣ кунам, дарк кардам, ки пули сомонӣ дар қаламрави Афғонистон низ роиҷ будааст. Ман дар ҷайб ба ҷуз аз пули тоҷикӣ, пули дигар надоштам, вале бисёр мехостам тӯҳфаеро барои духтарам харидорӣ кунам.
Дӯкондор яке аз бозорҳои вулусволии Шуғнони Афғонистон ғайримунтазира, пули тоҷикиро, ки ман ба вай дар изои ин армуғон дароз кардам, шумурд ва бидуни сухане тӯҳфаи харидаамро ба ман дод. Абдулвоҳиди Деҳмурғонӣ, як тоҷикири солманд дар бозори марказии Шуғнон, вулусволии дуруфтодаи Бадахшони Афғонистон низ ба ман гуфт, ки пули тоҷикӣ дар бозорҳои ин ноҳия аз сӯйи тоҷирон пазируфта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ дар бозорҳои манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон сомонӣ воҳиди пули Тоҷикистон ривоҷи озод дорад. Оқои Деҳмурғонӣ мегӯяд, ки ба ҷуз аз дулори омрикоӣ, сомонӣ дувумин пули як кишвари хориҷӣ аст, ки дар қаламрави Афғонистон ривоҷи бештар дорад. Аз сӯи дигар, сарҳангду Панҷшанбе, раиси идораи соранду ё пулиси вулусволии Шуғнон мегӯяд, амалиёти хариду фурӯш бо сомонӣ қувваи қонунӣ дорад ва тибқи қавонини ҷории Афғонистон муҷозот намешавад.
“Афғонӣ”-ро дар бозор роиҷ кунед”
Бозори назди марзӣ дар рустои Теми Бадахшони Тоҷикистон, дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон воқеъ аст. Ин бозор дар наздики шаҳри Хоруғ воқеъ буда ва яке аз се бозори марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар вилояти Бадахшон аст. Вале бисёре аз тоҷирои афғон аз гардиши яктарафаи пули тоҷикӣ нигаронанд ва онҳо ба ин боваранд, ки гардиши пули афғонӣ дар қаламрави Тоҷикистон низ метавонист ба пешрафт иқтисодии ҳар ду кишвар мунҷар шавад.
Аммо Бадавлат Сарбаландов, яке аз масъулони бахши Тоҷиксодиротбонк дар Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд, ки пули сомонӣ дар муқоиса бо пули афғонӣ қурби бештаре дорад. Вай афзуд: “Пули сомонӣ дар тӯли беш аз даҳ соли мавҷудияти худ, мавқеашро гум накард ва қурбаш камтар аз даст рафта. Ин сифатҳои пули тоҷикӣ имкон доданд,ки он дар амалиёти байналмилалӣ ширкат кунад ва сипас ба асъоре, ки дар кишварҳои дигар низ пазируфта шавад, табдил шаванд.”
Дар ҳоли ҳозир як сомонӣ дар бозорҳои навоҳии марзии Афғонистон муъодили даҳ афғонӣ будааст. Абдулвоҳиди Деҳмурғонӣ тоҷири афғон меафзояд, беш аз даҳ сол аст, ки пули тоҷикӣ дар манотиқи марзии Афғонистон роиҷ аст ва қимати он аслан дар тӯли ин замон тағйир наёфтааст.
“Сомонӣ тағйир накардаст”
Бадавлат Сарбаландов, аҳамият истифода аз пули тоҷикӣ дар яке аз кишварҳои хориҷиро барои иқтисоди Тоҷикистон созанда медонад. Ба ақидаи ӯ, бад ин васила тиҷорати марзӣ рушд пайдо карда бисёре аз коғазпарониҳои мухталифро аз байн хоҳад бурд. Ҷониби Тоҷикистон дар бозорҳои навоҳии марзии Бадахшон аз ҷумла навоҳии Ишкошим, Дарвоз ва Хоруғ, барои табдили пули тоҷикӣ ба дулор ва пули афғонӣ марокизи сайёрро таъсис додааст.
Тоҷирони афғон метавонанд, дар ҳаҷми гуногун пули тоҷикии аз Афғонистон воридшударо дар ин марокиз ба дулор ва ё афғонӣ табдил кунанд. Мақомоти Тоҷикистон ва раиси ҷумҳурии ин кишвар дар суханрониҳо дар ҳамоишҳо ва маросими мухталиф ба таҳкими табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳзои хориҷӣ таъкид мекунанд.
Аз ҷумла Президент Раҳмон, зимни ифтитоҳи расмии пули чаҳоруми иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, воқеъ дар маҳаллаи Хумроғии ноҳияи Ванҷи Бадахшон, 16 августи соли ҷорӣ гуфт, ки кишвараш ҷонибдори таҳкими ҳар чӣ бештари муомилоти иқтисодӣ бо кишвари ҳамсоя аст.
Аз ин рӯ Тоҷикистон ва Афғонистон қарор гузоштаанд, ки дар назди ин пули иртиботӣ низ тиҷорати марзӣ роҳандозӣ кунанд. То ҳол чаҳор пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар манотиқи марзии ин кишварҳо дар вилоёти Бадахшон эҳдос шудаанд ва се бозори марзӣ, ки умдатан рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешаванд, фаъол ҳастанд.
Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си