ТАЛАФОТИ ПУЛИСИ ТОҶИКИСТОН ДАР БИСТ СОЛ: 1760 НАФАР
Дар бист соли истиқлоли Тоҷикистон 1760 нафар аз маъмурони пулис ба ҳангоми иҷрои вазоифи худ дар шароити гуногун кушта шудаанд. Ин омор рӯзи сешанбеи 6 сентябр аз сӯйи Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи гиромидошти хотири маъмурони фавткардаи пулис дар назди сохтмони ин вазоратхона эълом шуд.
Ин муҷассама бо истифода аз маблағи хайрияи худи маъмурони интизомии Тоҷикистон сохта шудааст. Абдураҳим Қаҳҳоров дар маросими ифтитоҳи ин муҷассама гуфт: “Мо хотираи ҳар яке аз 1760 нафар аз милисаҳои фавткарда дар бист соли охирро гиромӣ хоҳем дошт.”
Вале вай афзуд, ки ин муҷассама ҳамзамон ба хотири гиромидошти хотираи он маъмурони интизомие ҳам, ки зимни муқобала бо босмачиҳо дар Тоҷикистон дар даҳаҳои аввали қарни гузашта ҷони худро аз даст додаанд, сохта шудааст. Ҳамчунин, оқои Қаҳҳоров таъкид кард, ки ин муҷассама гиромидошти хотираи он идда аз маъмурони пулис аст, ки дар набардҳои ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ ва дар амалиёти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон маъмурони пулис бештар аз ҳама ҳадафи тири ҷонибҳои даргир қарор мегирифтанд. Дар соли 1992 бархе аз мақомот ва ниҳодҳои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз мухолифон ва қисме аз онҳо аз Фронти халқӣ (Ҷабҳаи халқ) ҷонибдорӣ мекарданд ва дар муқовимати миёни ин гурӯҳҳо низ мушорикат кардаанд, ҳарчанд дар авосити ҳамон сол мақомоти ин вазоратхона “бетарафии” ин ниҳодро эълом карда буданд.
Баъд аз ба сари қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон пулис нерӯи аслии давлат дар мубориза бо гурӯҳҳои мухолиф маҳсуб мешуд, агарчӣ гуфта мешавад, дар ин амалиёт нерӯҳои низомӣ ва марзбонӣ низ ширкат доштаанд. Баъд аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон дар соли 1997 ба суфуфи пулис иддае аз фармондеҳон ва размандагони мухолифони пешин низ шомил шуданд.
Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, бахши аъзаме аз ин афрод дар солҳои баъд аз фаъолият дар ниҳодҳои умури дохилӣ барканор шуданд. Вале ҳатто баъд аз имзои созишномаи сулҳи миёни тоҷикон маъмурони пулис таъмини амният дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бавижа дар шарқи ин кишварро, бар ӯҳда доштанд ва дар пайи ин амр талафоти ҷонӣ ҳам додаанд.
Аз ҷумла, 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Ҳабиб Сангинов, муъовини аввали вазири умри дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи мухолифони пешин буд, терур шуд. Дар ду соли ахир низ теъдоде аз маъмурони пулис зимни боздошти зиндониёни фирорӣ ва амалиёт алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи ин кишвар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо фармондеҳ ва чанд тан аз аъзои ОМОН ё нерӯи вижаи пулиси Хатлон низ буданд.
Аз сӯйи дигар, ин суол низ матраҳ аст, ки оё муҷассамае, ки имрӯз ба хотири маъмурони пулиси фавткарда ифтитоҳ шуд, ба хотираи Маҳмадназар Солеҳов, вазири собиқи умури дохилӣ низ рабт дорад ё хайр. Ҳарчанд мақомоти расмӣ иддаъо доранд, ки вай соли 2009 баъд аз чанд моҳи барканорӣ аз симаташ худкушӣ кард, вале шоеъоте низ ҳаст, ки вай ба ҳангоми боздошт аз сӯйи маъмурони пулис кушта шудааст. Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо барои дарёфти омори маъмурони фавткарда дар вазорати дифоъ, амният, марзбонӣ ва сойири ниҳодҳои қудратӣ натиҷае дар пай надошт.
Би-Би-Си