02:47:24 02-уми Июни 2025 сол

САБЗАЛӢ ШАРИФОВ НИЗ БА ҶАВОРИ ҲАҚ ПАЙВАСТ

Дирӯз, 4-уми сентябри соли 2011, дар бинои марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе маросими ҷанозаи Раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ Сабзалӣ Шарифов, ки миёни аъзои наҳзати исломӣ ва алоқамандони он  бештар бо номи Қумандон Сабзалӣ маъруф буд, баргузор гардид.

/images/stories/2011/09/05_sabzali_5.9.2011.jpgСабзалӣ Шарифов, ки панҷоҳ сол дошт, субҳи рӯзи 3-юми сентябр ҳангоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Файзобод дар як садамаи нақлиётӣ ба шаҳодат расид. Дар ин садама Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, намояндаи мардуми дар Маҷлиси Намояндагони МОТ ва боз як узви дигари ҳизби наҳзати исломӣ, ки марҳумро ҳамроҳӣ мекарданд, ҷароҳат бардоштанд.

Сабзалӣ Шарифов 20-уми апрели соли 1961 дар деҳаи Боғчаи ноҳияи Ховалинг дар хонаводаи омӯзгор чашм ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда онро хатм мекунад. Сабзалӣ баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар шаҳри Душанбе оғоз карда ҳамзамон ба ҳизби пинҳонкори наҳзати исломии Тоҷикстон, ки дар ҳамон давраҳо (аввали солҳои 80-ум) дар Душанбе ба фаъолияти густурдаи худ шурӯъ карда буд, мепайвандад.

/images/stories/2011/09/05_nuriddinjon_5.9.2011.jpgӮ ба тадриҷ шомили ҳалқаҳои дарсии роҳбарони ҲНИТ домулло Аҷикуллоҳи Алӣ, домулло Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мешавад. Баъдан дар навбати худ донишҳои андӯхтаашро ба шогирдони хеш таълим медиҳад. Ӯ дар ҳамаи марҳилаҳои таърихи тақрибан чилсолаи ҲНИТ нақши муҳиме доштааст. Дар байни аъзоёни ҲНИТ ва алоқамандони ҳамчун шахси ҳалиму хоксор ва ходими беғарази наҳзат шинохта шудааст. Яке аз фарзандонаш бо номи Қорӣ Исмоил қории мураттаби Қуръони маҷид мебошад.

/images/stories/2011/09/05_mavlavi_5.9.2011.jpgМаросими ҷанозаи марҳумро Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви Раёсати Олии ҲНИТ, раиси Комиссияи Назоратии ҲНИТ бо сухани муқаддимавӣ кушод. Баъдан суханро ба Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, намояндаи мардуми дар Маҷлиси Намояндагони МОТ ҶТ медиҳад. Мавсуф дар суханронии худ аз хидматҳои Сабзалӣ Шарифов дар инкишоф ва рушди ҲНИТ ёдовар шуд.

Сипас дар ин маросим Сайидиброҳими Муҳаммадназар, Мавлавӣ Қосими Раҳимзод, Наимҷон Самиев, Мавлавӣ Абдулҳай, Айёмиддин Сатторӣ барин аъзои ҲНИТ сухан гуфта ахлоқи ҳамидаи марҳумро васф карданд ва ӯро намунаи ибрат барои ҷавонони наҳзат донистанд.

/images/stories/2011/09/05_turajonzoda_5.9.2011.jpgБояд гуфт, ки дар ин маросим уламои шинохтаи дини мубини исломи ҷумҳурӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Нуриддиҷони Тӯраҷонзода, эшони Алломаи Ҳисорӣ ва дигарон ширкат доштанд. Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода ва эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода низ дар ин лаҳзаҳои ҳассос амри маъруф ва наҳй аз мункар карданд. Намози ҷаноза бо имоматии эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода хонда шуд.

Ҷасади марҳум Сабзалӣ Шарифов дар қабристони кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Маълумоти бештареро шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» аз ин ду гузориши видеоие, ки аз рафти ин маросими ҷаноза таҳия шудаанд ва ҳамакнун пешкашатон мегарданд, дарёфт хоҳед кард.


 

 

 «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854