12:02:09 01-уми Июли 2025 сол

БУЗУРГТАРИН ҲАДЯ БАХШИШ АСТ

Мизони амалишавии бозсозии лоиҳаву барномаҳои сохтмонӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, ки манфиати умуми оммаи мардуми тоҷикро ифода менамоянд, меафзояд.

/images/stories/2011/08/18_somoniyon_18.8.2011.jpgМаълум аст, ки эътимоднокии мардум ба ниҳодҳои ҳукуматӣ моҳҳои охир бинобар боло рафтани фарҳанги мудирияти роҳбарияти муассисаву вазоратхонаҳои кишвар дар амри эҳёи сохторҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва шоҳроҳҳои калидӣ, ба дараҷаи қобили мулоҳиза барқосо таҷаллӣ пайдо кардааст.    

Зимнан, дар партави ҷашни Истиқлолият мо сокинони ҷамоати «10-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ»- и ноҳияи Турсунзода боз як иқдоми хайр ва созандаи Президенти мамлакат Э.Раҳмонро истиқбол намудем, ки он аз эълон намудани авфи умумӣ ба маҳбусон, аз ҷумла ба истилоҳ собиқ тарафдорони М.Худойбердиев мебошад.

Дар ҳоле ки Ватанро корҳои созандаи сарнавиштсоз интизоранд, бозпасгаштани фарзандони ин марзу бум мувофиқи мақсад ва салоҳдиди миллат аст. Зеро зарфияти ақлонӣ ва ҷисмонии ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кившар не, балки барои ободии давлати Тоҷикистон бояд масраф гардад, мегӯянд масъулони ҷамоат.    

Бешак, тамоми хешовандон ва наздикони аъзоёни собиқ «Фронти халқӣ», сокинони ин ҷамоат, ки 24 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва дар сарҳади ҳамсоякишвар Узбекистон ҷойгир аст, дар моҳи шарифи Рамазон эълон гаштани чорабинии бузургро пуштибонӣ менамоянд.   

Муйсафедони нуронии ҷамоат дар намози ҷумъа, аз ин иқдом чунин нуқтаи назар намуданд: «….Ончи ки гузашт, чун кобусе буд, сиёҳие буд, ки аз байни мо бародарон гузаштааст. Мо  таҳаммулпазириро дар байни якдигар фаромӯш намудем, суханони зишт ба ҳамдигар гуфтем ва дар баъзе мавридҳо ҷабҳагириҳои бемаънӣ намудем, аз мавзеъи кишварҳои дар асл барои мо бегона дастгирӣ намудем. Таърих гувоҳ аст, ки меҳрубонӣ ва раҳмдилие,ки мо дар Ватани бобоиамон дидем, дар ҳеҷ куҷо надидаем».      

Ба мо масъулони ҷамоат маълум гашт,  ки иқдоми навбатӣ ба солимгардонии ҷомеа вобаста  буда, дар арафаи ҷашни мубораки миллат марҳам бахшидан ба дарду алами даҳсолаҳои сокинони ҷамоат ҳаст, ки ин чорабини бешубҳа пуриқтидор будани ниҳодҳои давлатиро мефаҳмонад.     

Сокини ин ҷамаот, муйсафеди Кенҷа бо оби чашм аз Қонуни авф истиқбол намуда, изҳори назар кард, ки сарвари мамлакат садсола гардад, зеро аз ботини хар як шаҳрвандонаш новобаста аз мансубияти қавму миллат бархӯрдор аст. Дарвоқеъ, «Ба Кааба чи меравӣ дили муъмин ба даст ор»-ро амалӣ намудаанд.

Писарони дар ғарибӣ дар кишвари ҳамсояи ҶӮ мебошанд,  бояд бо хушнудӣ ва дили кушода ба Ватан баргашта, саҳмгузори ин раванди инкишофи Тоҷикистон бошанд. Имрӯз муҳим аст, имрӯз дар паҳнои мамлакатҳои минтақа Тоҷикистон бо мушкилоти зидди ҳаракатҳои тундгаро рӯбарӯ буда, то бо ҳамсоякишварҳои кӯтоҳандешаш даст ба гиребон аст, дар ин маврид саҳми ҳар як тоҷикистонӣ  хеле нишонрас аст. Писарон бояд баргарданд, зеро мо дигар ба танҳоӣ бо мушкилоти рӯзгор дасту панҷа нарм нанамоем, афзуд муйсафеди 80-сола. Мададгори падару модар бошанд, зеро Саъдии бузургвор мефармоянд: 

Бигир, ай ҷавон, дасти дарвеши пир,

На худро бияфкан, ки дасташ бигир.

Худоро бар он банда бахшоиш аст,

Ки халқ аз вуҷудаш дар осоиш аст.

Карам варзад он сар, ки мағзе дар ӯст,

Ки дунҳимматонанд бемағзу пӯст.

Касе нек бинад ба ҳар ду сарой,

Ки некӣ расонад ба халқи Худой.

Фаррух Наҷмиддинов, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ