ТУНЕЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН БО КӮМАКИ ЭРОН ТАКМИЛ МЕШАВАД
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кардааст, ки ширкати сохтмонии «Сангоб»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар такмили тунели «Истиқлол» бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хабаргузори «Форс».
Бо гузориши хабарнигори хабаргузории «Форс» дар Душанбе, тарҳи тунели муҳими барои Тоҷикистон «Истиқлол» бо хазинаи болиғ бар шаш миллион доллар иҷора хоҳад шуд, ки 50 дарсади он дар қолаби кӯмаки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аст. Дафтари матбуоти вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон бо судури иттилоияе зимни тайиди ин хабар афзуд: «Амалиёти таъмири такмили ин тарҳ, аз аввали моҳи август оғоз шуда ва дар муддати панҷ моҳ ба поён хоҳад расид».
Ба гуфтаи ин манбаъ ширкати эронии «Сангоб» ҳамакнун дар ҳоли интиқоли мошинҳо ва таҷҳизот барои рӯшноӣ ба маҳаллӣ коргоҳи ин тунел аст. Амалиёти тунели панҷ километраи «Истиқлол» воқеъ дар 60 километрии шимоли пойтахти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мусоидати молии Эрон дар соли 2006 миллодӣ ба поён расид.
Эрон бар асоси тавофуқоти аввалияи байни Теҳрон ва Душанбе, беш аз 31 миллион доллар барои иҷрои ин пуружа дар назар гирифта буд, ки 21 миллиону 200 ҳазор доллари он дар қолаби воми баланд муддати Теҳрон ба Душанбе буд, ки амалиёти иҷрои он тайи 3 сол тавассути ширкати эронӣ Sobir International анҷом шуд.
Агар чи панҷ соли пеш бо ҳузури Маҳмуд Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон сарварони ҷумҳурии Эрон ва ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баҳрабардорӣ аз ин тунел баргузор шуд, вале бо далелҳои гуногун насби таҷҳизот ва рӯшноӣ дар дохили тунел, рафту омади мошинҳо аз ин масир ба сахти анҷом мегирад.
Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон дар ин хабар тасреҳ кардааст: «Аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҳаракати васоили нақлия аз тарафи ин тунел мамнӯъ шуда, ронандагони камазҳо ва худравҳо бояд аз масири Анзоб, ки дар гузашта аз он тардид мекарданд, убур кунанд ва танҳо дар сурати бориши барфи сангин метавонанд аз масири ин тунел истифода баранд.
Ширкати Эронии «Сангоб» яке аз ширкатҳои шинохташудаи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки ҳамакнун дар ҳоли иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-2» ба унвони яке аз тарҳои муҳими бахш энергетикаи ин ҷумҳурӣ аст ва соли гузашта вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон иҷрои тарҳи такмили тунели «Истиқлол» ва «Анзоб»-ро ба ин ширкати эронӣ вогузор кард.