05:36:34 01-уми Июли 2025 сол

ДАР БАДАХШОН ТИБҚИ ИТТИЛОИ РАСМӢ 74 ҶАВОН НАШЪАМАНД АСТ

Шумораи умумии нашъамандон дар ВМКБ 833 нафар мебошад, ки 6 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба хабарнигорон зимни як нишасти матбуотӣ корманди Раёсати агентии назорати маводи нашъадор дар ВМКБ иттилоъ дод. Ин арқомро ба агентӣ маркази наркологии шаҳри Хоруғ пешниҳод намудааст.

/images/stories/2011/08/02_nashamand_2.8.2011.jpgНишондоди мубталошавӣ ба нашъамандӣ дар сари ҳар 100 000 нафар аҳолӣ ба 36,8 дар сад  баробар аст. Дар нимсолаи аввали соли 2011 аз рӯи маълумоти вазорати тандурустии вилоят 37 нафар нашъаманд аз нав ба қайд гирифта шуданд. Вале тибқи иттилоъи  ғайрирасмӣ шумораи нашъамандон дар вилоят аз 2000 нафар зиёд мебошад.

Теъдоди нашъамандон вобаста ба маҳалли зист ба ҳисоби нафар  чунин аст:

 /images/stories/2011/08/02_tablitsa_2.8.2011.jpg

Ба мақсади иҷрои барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оиди пешгирии нашъамандӣ  ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар Раёсати агентии назорати маводи нашъадор бо толибилмони макотиби миёна, ки дар урдугоҳи «Маърифат»-и деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ  истироҳат доранд, дар мавзӯъҳои «Пешгирии нашъамандон байни ҷавонон ва наврасон», «Ҳаёти бе маводи нашъадор» ва амсоли инҳо сӯҳбат ва машварат доир намуд. Ҷои қайд аст, ки шумораи ҷавонони нашъаманд (аз сини 19 то22 сола) дар ВМКБ тибқи иттилои раёсати дар боло номбаршуда 74 нафарро ташкил медиҳад.

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ