16:09:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР БАДАХШОН ДАР НИМ СОЛ 15 ҲОДИСАИ СӮХТОР РУХ ДОДААСТ

Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, иттилоъ дод муовини хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Анвар  Шолангаров зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони вилоят.

/images/stories/2011/07/29_escondido_getty_29.07.2011.jpgАз ҷумла ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрвандон, ду ҳодиса дар қисмҳои сарҳадии қушунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ дар вилоят рух доданд. Зарари моддӣ, ки дар натиҷаи сӯхтор дар иншоотҳои давлатӣ  ва хусусӣ ба хоҷагии халқ ва аҳолӣ  расидааст, зиёда аз 224 сомониро ташкил медиҳад. 

Дар баробари ин дар натиҷаи пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор аз ҷониби хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ба маблағи 877398 сомонӣ молу амволи корхонаву муассисаҳо  ва хонаҳои шахсии шаҳрвандон аз нобудшавӣ наҷот дода шуданд. Сабаби асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор аз рӯи иттилои Анвар Шолангаров риоя нанамудани қоидаҳои пешгирии сӯхтор мебошад.

Дар рафти азназаргузарониҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ барои ҷавобгӯ набудан ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва дар ҳолати оташангезӣ қарор доштан фаъолияти 12 иншоот муваққатан боздошт шуда, истифодабарии 300 қитъаи интиқоли барқ ва 201 адад асбоби гармидиҳандаи барқӣ манъ карда шуда, 287 ҳодисаи сӯхтор пешгирӣ карда шуд.

Барои иҷро накардани талаботи қоидаҳои назоратии давлатии бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 156 шаҳрванд ва шахсони масъул парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, 22 нафар роҳбарони идораву муассисаҳо ва 134 нафар шахсони воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 24850 сомонӣ ҷарима ситонда шудааст. Анвар Шолангаров афзуд, ки хадамоти оташнишонӣ аз сабаби таъмин набудан бо таҷҳизоти зарурӣ на ҳамеша метавонад сари вақт  ҳодисаи сӯхторро чуноне, ки лозим аст, хомӯш созад.

Ҷои  қайд аст бигӯем, ки фардо, 30 июл кормандони хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд.   

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi