18:39:46 01-уми Июли 2025 сол

ДОДСИТОНИИ КӮЛОБ ШИКОЯТ АЛАЙҲИ МАЪМУРОНИ ПУЛИСРО "ҚАБУЛ НАКАРД"

Як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки додситонии ин шаҳр шикояти ӯ дар мавриди лату кӯби писараш тавассути маъмурони пулисро қабул накардааст. Ба гуфтаи Аҳрор Сафаров, маъмурони пулис писари ноболиғи ӯро дар иртибот бо беназмиҳои мухлисони футбол дар шаҳри КӮлоб дар шаби 14 июн "ба таври ғайриқонунӣ" боздошт ва лату кӯб кардаанд.

/images/stories/2011/07/29_siyavush-ahrar_29.07.2011.jpgОқои Сафаров дар ин бора гуфт: “Дар ҳамон шаби беназмиҳои мухлисони футбол, дар ҳоле ки гумонбаршудагонро кофтуков мекарданд, ман дар дуконам савдо мекардам. Дар ин вақт бародари яке аз ҳамкоронамро се тан аз маъмурони милиса, ки яктоаш бо либоси шаҳрвандӣ буд, боздошт карданд. Ман рафта, сабаб пурсидам, аммо ҷавобан аз ҷониби милисае, ки либосҳои шаҳрвандӣ дошт, ба сарам зарба хӯрда ва ба даруни ҷӯйбор афтодам. Баъдан писарамро бурда, лату кӯб карданд."

Худи Сиёвуши Аҳрор, писари оқои Сафаров, ки 17 сол дорад, дар ин бора мегӯяд: “Чун аҳволи падарамро дидам, ба берун давидам то ба ӯ кумак кунам. Вале маъмурон маро низ боздошт карда ва ба сарам зада, ҳамроҳи худ ба идораи милиса бурданд. Дар он ҷо ҳам маро заданд."

Падари Сиёвуш мегӯяд, ки пас аз ин ҳодиса бо аризаи шикоятӣ ба дафтари қабули аризаҳои додситонии Кӯлоб муроҷиъа карда, вале дар он ҷо ба ӯ гуфтаанд, ки доир ба футбол ягон ариза қабул намекунанд. Оқои Сафаров афзуд: “Баъди ин, дилсард гашта, худам ва фарзандам аз идомаи пешниҳоди шикоят даст кашидем. Алҳол омодагӣ гирифтаем, то тарки Тоҷикистон кунем."

Ҷумъахон Алимӣ, фаъоли ҳуқуқи башар ва раҳбари созмони “Параллакс”, низ ахиран дар як нишасти вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Кӯлоб дар ин бора хабар дода ва ҳодисаи лату кӯби Сиёвуши Аҳрорро аз мавориди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башар хондааст. Ба гуфтаи оқои Алимӣ, Аҳрор Сафаров, ки бо тавсия ва зери ҳимояти ҳуқуқии ӯ аз бегуноҳ боздошт шудани писараш ва лату кӯби ӯ тавассути маъмурони пулис ба додситонии Кӯлоб шикоят бурдааст.

Оқои Алимӣ дар бораи муваккили худ гуфт: "Аввал ӯро ба сараш задаанд, баъдан дар гурдаҳояш ва пас аз он ки дар пойҳояш задаанду ташнааш гузоштаанд, бар ивази об Сиёвушро маҷбур кардаанд, ки дар забонхатие имзо гузорад."

Аммо ба гуфтаи оқои Алимӣ, шикояти ин сокини шаҳри Кӯлоб алайҳи маъмурони пулисро додситонӣ дар ҳоле рад кардааст, ки ӯ тамоми далоил ва мадорики зарурӣ, аз ҷумла натоиҷи муъоянаи пизишкии қонуниро низ ба додситонӣ пешниҳод карда буд. Дар ҳамин ҳол, Озар Исоев, муъовини додситони шаҳри Кӯлоб, ворид шудани ҳар гуна аризаи шикоятӣ аз тарафи шаҳрвандон алайҳи кормандони пулис ба идораи додситонӣ дар иртибот бо қазияи мухлисони футболро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи дафтари Раёсати умури дохилаи Кӯлоб, дар иртибот бо беназмиҳои марбут ба бозии футбол дар Кӯлоб дар шаби 14 июн алайҳи беш аз 20 нафар аз ҷавонони маҳаллӣ парвандаҳои маъмурӣ (идорӣ) ва алайҳи 16 нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Баррасии ин парвандаҳо аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб аз 27 июл оғоз гардидааст.

Аммо Шариф Латифов, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати умури дохилаи Кӯлоб, инфиҷори норинҷаки гозӣ тавассути кормандони вижаи пулис ё ОМОН-и шаҳри Душанберо яке аз сабабҳои аслии вуқӯъи беназмиҳо дар Кӯлоб пас аз бозии дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” медонад.

Оқои Литифов мегӯяд: "Ҳангоме ки мухлисон роҳ сӯйи хона пеш гирифта буданд, кормандони ОМОН қисме аз роҳро, ки бояд дастаи “Истиқлол” мегузашт, бастанд. Ин боъиси дар як мавзеъ ҷамъ омадани одамони зиёд шуд ва маъмурони ОМОН барои пароканда сохтанашон аз норинҷаки газӣ истифода карданд."

Ба қавли шоҳидони айнӣ, дастаи “Истиқлол”, ки яке аз бозигаронаш Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мебоист пас аз бозӣ бо роҳи марказӣ аз Кӯлоб берун шавад. Вале вуқӯъи беназмиҳо дар он замон аъзои ин дастаро водор сохтааст, ки дар нимашаб бо роҳе, ки аз канори шаҳр мегузарад, шаҳри Кӯлобро тарк кунанд.

Дар пайи ин беназмиҳо, дастаи "Равшан"-и Кӯлоб, ки аз дастаҳои пуртарафдор дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ба маблағи 3000 сомонӣ ҷарима шуда ва аз панҷ бозӣ дар майдони худаш маҳрум шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ