18:16:33 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БАҲСИ МАСОИЛИ ҲУҚУҚИ БАШАР ДАР ТОҶИКИСТОН

Машварати дурӯза таҳти унвони «Комёбиҳо ва нокомиҳои Тоҷикистон дар таъмири ҳуқуқи башар» бо ширкати намояндагони ҷомеаи маданӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ниҳодҳои расмӣ доир шуд. 

Нишасти мазкур таҳти васояти САҲА, вазорати умури хориҷа ва ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба манзури омодагӣ барои нишасти Варшава дар мавриди ҳуқуқи инсон доир мешавад. Ширкатдорони ин нишаст масоили мавҷуд дар Тоҷикистон аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, ақалиятҳои миллӣ, интихоботи пеши рӯ ва таъмини қонунмандии онҳо, озодии матбуот гирифта то ҳаққи хидмати аскарӣ ва ҳаққӣ саркашӣ аз онро баррасӣ меку нанд. 

Мавзъӯи аслие, ки дар ҷаласаи имрӯзи ин нишаст боиси баҳсҳои тӯлонӣ ва сару садо шуд, боз ҳам Қонуни нави дин дар Тоҷикистон аст. Дар ҳоле тибқи ин қонун мақомот азсаргирии ном нависии иттиҳодияҳои диниро эълон кардаанд, мунаққидони он ҳамчунон ба муғоирати ин қонун ба Қонуни асосӣ ва мавозини байналмилалӣ таъкид мекунанд. 

Вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни гузориши худ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон ва татбиқи Қонуни нави дин гуфт, амали ин қонун таи чанд моҳи ахир собит карда, ки он бо воқеъиятҳои кунунии Тоҷикистон ҳамсон буда ва мухолифате низ ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ надорад. Мирзошоҳрух Асрорӣ афзуд, аснод ва муқарароти лозим ҷиҳати бознависии иттиҳодияҳои динӣ омода шуда, гуруҳҳои коршиносӣ дар маҳалаҳо таъсис ва қарор аст бар асоси талаботи қонуни нав номнависии интиҳоди яҳои динӣ аз сар гифта шавад.
 
Аммо дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва гузоришгари дигари ин нишаст аз ихтилофи ин қонун бо қонунҳои дигари Тоҷикистон сухан гуфт ва чанд мавридро ёдовар шуд. Ба гуфтаи оқои Ҳаит, амали ин қонун нишон дод, ки ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳои диниро маҳдуд мекунад. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар банди чори қонуни дин омадааст, ки ҳар шаҳрванд ба озодии эътиқод ва паҳн намудани ақидаи динӣ кафолат дорад, аммо банди нӯҳи ҳамин қонун банди ин бандро инкор мекунад. 

Дар банди нӯҳ омадааст, ба таблиғоти динӣ танҳо иттиҳодияҳои диние иҷоза доранд, ки сабти ном шудаанд. Ба гуфтаи оқои Ҳаит, банди нӯҳ банди чорро инкор мекунад. Муҳаммадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфт, ки қонуни мазкур дар ниҳоят метавонад ба афзоиши тундгароии мазҳабӣ дар ҷомеа мусоидат кунад ва ҳамчунин заминаи ришваситонӣ ва фасод дар заминаи сабти номи дубораи иттиҳодияҳои динӣ бештар кардааст. 

Дар ҳамин ҳол, Зулфия Қаюмова, вакили дифоъи иттиҳодияи Баптистони инҷилгаро низ гуфт, ба мушкилоте дар амри сабти номи ин созмон мувоҷеҳ шудаанд: "Қонуни нави дин дар моҳи март қабул шуд. Ва тибқи он, иттиҳодияҳои динӣ то моҳи январи соли 2010 бояд дубора сабти ном шаванд. Вале гап дар сари ин аст, ки аз моҳи март то кунун мо имкон наёфтем, ки аснодро барои сабти номи дубора ироа кунем. Зеро вазорати фарҳанг то кунун низомномаи сабти номро омода накардааст. Ба ин далел вақти сабти ном бояд тамдид шавад, зеро ин фурсат бо айби мо бар ҳадар нарафтааст." Хонум Қаюмова ҳамчунин гуфт, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ барои сабти номи иттиҳодияҳои динӣ баҳона пеш меоранд ва аснод талаб мекунанд. 

Аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг гуфт, ки сабти номи иттиҳодияҳои динӣ хориҷ аз салоҳияти ҳукуматҳои маҳалист ва дар масъулияти ниҳодҳои марбутаи вазорати фарҳанг мебошад. 

Дар ҳамин ҳол Нигина Баҳриева намояндаи созмони ҳуқуқии "Флекс консорсиюм" низ гуфт: "Мутаасифона, қонуни амалкунанда меъёрҳои маҳдудкунандае дорад, ки мухолифи мавозини байналмилалӣ мебошанд ва ҳам аз сӯи дигар корбасти амалии ин меъёрҳо мушкилотеро дар пай доштааст. Ва ин мавридҳо бояд аз сӯи ниҳодҳои босалоҳияти давлат баррасӣ ва ҳал шаванд."

Нишасти мазкур бо баррасии мавзӯъҳои озодии баён ва матбуот, ҳаққи дарёфти иттилоъ, ҳаққи дастрасӣ ба зиндонҳо ва хидмат ва саркашӣ аз хидмати аскарӣ фардо, рӯзи ҷумъа идома хоҳад кард.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi