06:59:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХИЁНАТИ «БОНКИ ЭСХАТА» БА АМОНАТ

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд 13 июл директори филиали бонк дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизовро барои камбудиҳои ҷиддии фаъолияташ аз вазифа сабукдӯш намуд. З.Азизов ҳамон рӯз аз вилояти Суғд фирор кард ва аз рӯи баъзе маълумотҳо, айни ҳол дар Маскав пинҳон шуда гаштааст.

Мизоҷон ва кормандони шӯъбаҳои мубодилаи пули шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловск аз гурехтани З.Азизов бохабар шуда, рӯзи дигар дар назди бинои асосии «Бонки Эсхата» ҷамъ шуда, талаб карданд, ки маблағи пасандозҳои ба Зулфиқор Азизов додаашон баргардонда шавад. Яке аз мизоҷони бонк, сокини шаҳри Чкаловск Аслия Зиёева зикр намуд, ки 10 сол боз маблағи ҷамъовардаашро бо фоидаи 2,5 фоиз дар як моҳ ба З.Азизов додааст. З.Азизов баъди гирифтани пул ба Аслия Зиёева ҳуҷҷати қалбакӣ додааст. 

Акнун аслия Зиёева афсӯс мехӯрад, ки ҳуҷҷатҳои додаи Азизовро тафтиш накардааст. Роҳбарияти «Бонки Эсхата» ба ҷамъомадагон изҳор намуд, ки Азизов тартиботи қабули пасандози мизоҷонро сарфи назар карда, пули онҳоро бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Бинобар ин онҳо баргардондани маблағҳои ба Азизов додаашонро аз бонк талаб карда наметавонанд. Муносибати онҳо бо Азизов муносибати бонк ва мизоҷонаш набуда, балки муносибати шахсии онҳо бо Азизов мебошад. Бинобар ин маблағи ба Азизов додаи онҳо баргардонда намешавад. 
   
Сокинони дигари шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск, аз ҷумла, Гулрухсор Ҳакимова изҳор намуд, ки 5 сол боз пасандози худро ба Зулфиқор Азизов додааст. Азизов ба ӯ ва хешу таборонаш ваъда додааст, ки аз маблағи пасандозашон ҳар моҳ 2,5 фоиз фоида мегиранд. Акнун боварӣ надорам, ки на танҳо маблағи худ, балки маблағи хешу таборонамро баргардонда гирифта метавониста бошам ё не, - бо таассуф мегӯяд Г.Ҳакимова.

Сардори шӯъбаи маркетинги Ҷамъияти саҳомии «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд Мирзоиброҳим Иброҳимов зикр намуд, шаҳрвандоне, ки маблағи пасандозашонро мувофиқи қонун ба бонк супоридаанд, онро бе ягон мамониат гирифта метавонанд. Вале одамоне, ки Азизов ба онҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ додааст, маблағҳояшонро на аз бонк, балки танҳо аз худи Азизов гирифта метавонанд.

Прокурори шаҳри Чкаловск нисбати Зулфиқор Азизов парвандаи ҷиноӣ кушод, айни ҳол мақомоти дахлдор ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба қавли коршиноси маҳаллӣ Салим Раҷабов, Зулфиқор Азизов аз вазифа сӯистифода карда, бо намояндагони муассисаҳои тафтишу назораткунанда забон як кардааст, ки ӯро тафтиш накунанд ё рӯякӣ тафтиш намоянд. Аз амали ҷинояткоронаи Азизов бештар аз 20 нафар зарари молиявӣ дидаанд. Акнун ин масъала дар мақомоти муҳофизи қонун муҳокима ва ҳал карда мешавад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi