ФАСОД ВА ТАҒЙИРОТИ ИҚЛИМӢ: МУСИБАТ БОЛОИ МУСИБАТ
Transparency International ё созмони “Шаффофияти Байналмилал” бо чопи гузориши “Фасод дар ҷаҳон: Тағйироти иқлим” аз давлатҳои ҷаҳон хостааст, дар рӯбарӯи паёмадҳои ногувори тағйири ҳаво бояд мубориза бо фасодро ҷиддӣ бигиранд. Ин созмон мегӯяд: “Вокуниши ҷаҳон ба тағйири ҳаво ба ҳамкории бесобиқаи байналмилалӣ, ислоҳоти амиқи иқтисодӣ ва тағйири қобили мулоҳизаи захоир ниёз дорад.”
Ин нахустин “Гузориши фасод дар ҷаҳон”-и Шаффофияти Байналмилал аст, ки ба таври густарда ба баррасии масъалаи тағйироти иқлим ва таъсири омили фасод ба он пардохтааст. Дар ҳоле, ки аксари коршиносони тоҷик дар сӯҳбат бо мо дар иртибот додани мавзӯъи муҳити зист бо фасод дучори мушкил мешуданд, аммо гузориши "Шаффофияти Байналмилал" умдатан дар бораи мушкилоти идорӣ дар заминаи тағйири иқлим, коҳиши шаффофи гозҳои гулхонаӣ, ташхиси таҳдидҳои фасод баҳангоми сармоягузориву иҷрои истротежиҳои марбут ба тағйири ҳаво ва вокуниш ба фасод дар умури ҷангалҳост.
Ҳудуди панҷоҳ коршиноси байналмилалӣ дар ин гузориш кишварҳоро аз лиҳози паёмадҳои ношӣ аз тағйири ҳаво ва таҳдидҳои ношӣ аз он (хушксолӣ, обхезӣ, лағзиши замин, сиклон ва болоравии сатҳи оби дарёҳо) ва тавони кишварҳо барои рафъи паёмадҳои он феҳристнигорӣ кардаанд. Тоҷикистон дар ин феҳрист дар миёни кишварҳое қарор гирифта, ки сокинонаш дар баробари таҳдидҳои ношӣ аз тағйири ҳаво ба таври қобили мулоҳиза осебпазиранд.
Тоҷикистон тайи солҳои мутадовим ҳамчун яке аз фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон ном бурда мешавад. Бо ин ҳол бархе аз коршиносони муҳити зист дар ин кишвар дар вокуниш ба ин гузориши Шаффофияти Байналмилал мегӯянд, ки фасод дар бахши муҳити зист ва ё тарҳҳои марбут ба тағйири ҳаво дар Тоҷикистон камтар вуҷуд дорад, зеро аксари тарҳҳои марбут ба ин бахш тавассути созмонҳои байналмилалӣ анҷом мешаванд.
Бархе аз коршиносони дигар барои он нигарони фасод дар ин бахш нестанд, ки мегӯянд, дар Тоҷикистон тарҳҳои марбут ба тағйири иқлим хеле кам иҷро мешаванд. Дима Прутских, муҳитзистшинос мегӯяд, масъалаи тағйири ҳаво танҳо солҳои ахир вирди забонҳои давлатҳошуда ва ҳанӯз тарҳҳои бузург дар ин замина дар Тоҷикистон иҷро намешаванд. Ба гуфтаи оқои Прутских дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо як тарҳи пурмаблағ дар ин замина бо ҳимояти молии хориҷӣ ба иҷро даромадааст.
Бар асоси тасмими кумитаи чандинмиллиятии Сандуқи Тағйири Ҳаво, Тоҷикистон дар соли гузашта дар миёни нахустин се кишваре қарор гирифт, ки дар заминаи муқобала бо хатароти ношӣ аз тағйири ҳаво кумаки билоивази 51 милюндулорӣ гирифт.
Ҳарчанд ба бовари оқои Прутских “маболиғ дар доираи тарҳҳои хориҷӣ маъмулан муассир истифода мешаванд ва хатари фасод дар он кам аст”, тарҳи мазкур аз бахшҳои гуногун иборат буда ва иҷрои бархе аз қисматҳои тарҳ бар ӯҳдаи муассисоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла назири “Барқи Тоҷик, Вазорати энержӣ, “Тоҷикгидромет” будааст.
Ҳамоҳангсози ин тарҳ Хайруллоҳ Ибодзода, мудири бахши муҳити зист ва ҳолатҳои фавқуллодаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳти раҳбарии Алимардон Алимардонов, муъовини нахуствазири кишвар будааст. Оқои Ибодзода аз ибрози назар дар бораи аҳамияти мубориза бо фасод дар канори муқобала бо хатароти ношӣ аз тағйири ҳаво худдорӣ кард ва аз ин, ки давлати Тоҷикистон солона дар ин бахш чи қадар маблағ пардохт мекунад, ибрози беиттилоъӣ кард.
Темур Идрисов, коршиноси дигари муҳити зист дар Тоҷикистон мегӯяд, ки маъмулан созмонҳои байналмилалӣ истифодаи маболиғро дар доираи тарҳҳо ба хубӣ назорат мекунанд “вале дар кишваре ба монанди Тоҷикистон, ки фасод дар он густарда буда ва Омрико онро дар миёни кишварҳои тоталитарӣ ҷой додааст, наметавон мутмаъин буд.”
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Стефан Михел, коршиноси хориҷӣ дар умури муҳити зист “ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ришва намедиҳанд, аммо метавонам як мисол орам, ки онҳо ба баъзе мақомот шартнома мебанданд ва ба онҳо ба унвони коршинос пул медиҳанд. Ҳарчанд ин мақом коре барои ин созмон накардааст.”
Дар ин миён, Тоҷикистон натанҳо аз фасодзадатарин кишварҳо дар дунё маҳсуб мешавад, балки таҳдидҳои ношӣ аз тағйири иқлим ба ин кишвар ба далоили мавқеъияти ҷуғрофии он, ин кишварро дар миёни кишварҳои осебпазиртарин дар баробари тағйири ҳаво мегузорад. Обшавии пиряхҳо яке аз умдатарин мушкилоти ношӣ аз ин хатарот дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар поёни соли гузашта Бонки Осиёии Тавсеъа ҳушдор дода буд, ки тағйири ҳаво ба мардуми фақири кишварҳои дар ҳоли рушд дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ хисорати бештар ворид мекунад. Дар мавриди минтақаи Осиёи Марказӣ ин ниҳод бештар аз обшавии пиряхҳо дар қӯҳистони Тоҷикистон ва Қирғизистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Шахси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфаронси гармоиши ҳавои Женев дар соли 2009 хостори тарҳи мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти ҷаввӣ шуда буд. Вай Тоҷикистонро яке аз чунин кишварҳо хонд ва гуфт ҳамасола дар ин кишвар мизони гармо ба таври мутавассит як дараҷа боло меравад, мизони рӯзҳои бориш ва ҳаводиси табиъӣ дар ин ҷо афзоиш меёбад ва ин боъиси заъфи кишвар барои расидан ба рушди устувор мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти зидахл ва муттахасисони умури изтирории Тоҷикистон, ин кишвар дар заминаи вокуниши сареъ ва муъассир ба ҳаводиси табиъӣ мушкилоти зербаноӣ, фаннӣ ва молӣ дорад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки чунин вазъ мардуми Тоҷикистонро дар баробари хатарҳои ношӣ аз ҳаводиси табиъии марбут ба тағйири ҳаво сахт осебпазир мекунад, вале фасоди густарда дар ин кишвар метавонад ба ин мусибатҳо биафзояд.
Ба гуфтаи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҳудуди як милюн нафар аз ҷамъияти тақрибан ҳаштмилюннафарии Тоҷикистон дар манотиқи аз лиҳози зистмуҳитӣ ноамн ба сар мебаранд. Дар Тоҷикистон, ки як кишвари куҳистонӣ буда ва танҳо 7 дарсади қаламрави онро заминҳои ҳамвор ташкил медиҳанд, дар чаҳор фасли сол хатари вуқӯъи ҳаводиси мухталифи табиъӣ, аз ҷумла обхезӣ, сел, лағзиши кӯҳпора ва зилзила мушоҳида мешавад.
Би-Би-Си