ДОДГОҲИ ФАЙЗОБОД ҲУКМИ РАҚИБОВРО ЭЪЛОМ КАРД
Додгоҳи ноҳияи Файзобод воқеъ дар шаст килуметрии шарқи Душанбе Атобулло Рақибов ва се нафар аз аъзои хонаводаи вайро ба як сол ҳабси шартӣ маҳкум кард. Атобулло Рақибов мегӯяд, ки аз ин “кашмакашҳои додгоҳӣ” хаста шуда ва то ҳол дар мавриди он, ки аз ин ҳукми додгоҳ ба додгоҳҳои истинофӣ шикоят мебарад ё хайр тасмиме нагирифтааст.
Моҳбӣ Қурбонова, қозии ин парванда оқои Рақибов, ҳамсар ва ду хоҳари вайро бар асоси моддаи 237 қисми яки Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" муқассир дониста ва барои як сол ба ҳабси хонагӣ ва ё шартӣ маҳкум кард.
Қазияи тахриби манзили Атобулло Рақибов, сокини рустои Заркамари ноҳияи Файзобод, аз ду сол қабл оғоз шуда ва оқои Рақибов ҳамроҳ бо хонум ва панҷ фарзандаш дар ин муддат машғули кашмакашҳо бо мақомоти ноҳия ва маъмурони пулис будаанд.
Ин қазия бо он анҷомид, ки додгоҳи ноҳияи Файзобод дастури ҳабси Атобулло Рақибовро содир кард ва дар 16 апрел маъмурони пулиси ноҳияи Файзобод Атобулло Рақибовро бозошт карда ва ба боздоштгоҳи шаҳри Душанбе интиқол доданд.
“Қазияи тӯлонии Рақибов”
Ба гуфтаи пайвандони оқои Рақибов, бар асари кашмакашҳои додгоҳӣ ва бозпурсиҳои тӯлонӣ, Гулрӯ Ибодова, ҳамсари Атобулло Рақибов, дар ҷараёни яке аз ҷаласоти додгоҳӣ бемор шуда ва муддате дар дармонгоҳи беморони равонӣ дар Душанбе бистарӣ буд.
Атобулло Рақибов низ барои муроқибат аз ҳамсараш дар ин бемористон буд, вале гуфта мешавад, ки маъмурони пулис ҳангоме, ки оқои Рақибов барои аёдати фарзандонаш ба ноҳияи Файзобод меравад, аз ин хабар ёфта ва ӯро шабҳангом боздошт мекунанд.
Иттиҳоми аслие, ки маъмурони пулис алайҳи оқои Рақибов ворид кардаанд, "сангандозӣ" ба экскаваторе, ки барои тахриби манзилаш ба ҷойи зисти ӯ рафта буд, аст. Дар моҳи сентябри соли 2010 оқои Рақибов ва аҳли хонаводааш ба ин иттиҳом ба додгоҳ кашида шудаанд, ки баррасии ин парванда то имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Файзобод идома дошт.
Тибқи иддаъои мақомоти ноҳияи Файзобод, манзили Атобулло Рақибов дар соли 2004 ба таври ғайриқонунӣ дар қитъаи замине, ки барои ӯ ихтисос наёфта буд, сохта шудааст ва ба ин хотир ин хонавода бояд онро тахлия кунад.
Аммо оқои Рақибов мегӯяд, ки вай заминро тибқи муҷаввизи ҷамоъати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод дар соли 1997 гирифтааст. Вай ҳамчунин дар бораи истифода аз ин замин гувоҳинома (ё сертификат)-и кумитаи заминсозиро дорад.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи вай, мақомоти додситонии Файзобод бидуни ироаи ҳеч гуна санаде аз додгоҳ манзили ӯро тахриб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, танҳо додгоҳ ҳақ дорад дар мавриди қонунӣ будан ё набудани ҳаққи истифода аз замин барои оқои Рақибов ҳукме содир кунад.
Номаҳо ва дархостҳои мукаррари Атобулло Рақибов ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли ин қазия ва эътисоби вай бо ҳамдеҳагонаш дар рӯбарӯйи сохтмони раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин дар баробари дафтари омбудсмен ё кумисори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бенатиҷа боқӣ мондаанд.
Аммо ҳукми додгоҳ марбут ба бархурди ӯ бо маъмурони тахриби манзил аст на қазияи иртиботи ӯ бо замине, ки вай дар ӯ манзил бунёд кардааст. Ҳамчунин рӯшан нест, ки додгоҳ дар бораи баҳс бар сари замин миёни мақомоти ноҳияи Файзобод ва оқои Рақибов чӣ назар дорад ва оё замини ба даст овардаи ӯ ва ё тахриби манзили ӯ қонунӣ буда ё хайр.
“Тахриби манозил дар Тоҷикистон”
Дар ҳамин ҳол ҳафтае қабл, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ноҳияи Файзобод сафар карда ва бо хонаводаи Рақибовҳо мулоқоте анҷом дод. Оқои Кабирӣ бо қазияи миёни ин хонавода ва мақомоти маҳаллии Файзобод дар заминаи манзили Рақибов ошно шуд. Оқои Кабирӣ баъд аз мулоқоти худ бо хонаводаи Рақибовҳо, эълом кард, ки ҳизби онҳо барои бунёди манзили ҷадид ба ин хонавода кумак хоҳад кард.
Қазияи Рақибовҳо, яке аз қазияҳои тӯлонитарин ва пурсарусадо дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи истифода аз замин марбут аст ва ин қазия дар расонаҳо ва ҷомеъаи мадании кишвар вокуниш ва бозтоби густарда доштааст. Аз сӯйи дигар қазияи дигаре дар робита ба тахриби манозили маскунии сокинони маҳаллаи "Якуми Май"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва даъвои онҳо бо мақомоти маҳлалӣ аст, ки низ дар ҳоли идома ёфта будааст.
Даҳ рӯзи қабл, мақомоти маҳаллӣ ба сокинони беш аз 80 хонаводаи ин ноҳия низ ихтор додаанд, ки манозили онҳоро ба зӯдӣ тахриб хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол дар даҳсолаи ахир бисёре аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз ин иқдомоти давлати Тоҷикистон шадидан интиқод карда ва гуфтаанд, ки мақомот дар мавориди мухталиф ҳаққи шаҳрвандон ба манзилро нақз кардаанд.
Зеро мавориди тахриби манозили маскунӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба далели он чи бунёди сохтмон дар қитъаоти замини ғайриқонунӣ номида шуда дар даҳсолаи ахир зиёд ба назар мерасид.
Дар Тоҷикистон замин дороии давлат маҳсуб мешавад ва афрод барои ба даст овардани замин барои сохтмони замин тасовиби ниҳодҳои мухталифи давлатиро дошта бошанд. Гуфта мешавад раванди ба даст овардани қитъаоти замин ҳамроҳ бо фасод будааст ва бархе аз мақомот дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон барои даст доштан дар муъомилоти марбут ба замин таҳти таъқиби қазоӣ қарор гирифтаанд.
Би-Би-Си