07:47:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАДОБИРИ БЕҲДОШТӢ АЛАЙҲИ ОНФЛУОНЗОИ ХУКӢ

Ба манзури ҷилавгирӣ аз шуюъи зукоми A/H1N1 ё онфлуонзои хукӣ дар Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои марзии ин кишвар посгоҳҳои беҳдоштӣ таъсис шудааст.

Фирӯз Давлатов, муъовини раиси Идораи назорати беҳдоштию ҳамагиршиносии (эпидемиологии) Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 28 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки гурӯҳе аз пизишкон мусофирони қаторҳо ва ҳавопаймоҳоро муъояна мекунанд ва дар сурати ошкор шудани таби баланд ё нишонаҳои дигари зуком ин афрод сареъан дар бемористон бистарӣ хоҳанд шуд.

 

Оқои Давлатов таъкид кард, ки ҳамакнун дар бемористонҳои кишвар, бо шумули бемористони амрози мусрии шаҳри Душанбе, утоқҳои вижа барои бистарӣ кардан ва муъоянаи пизишкии афрод ба гумони зукоми A/H1N1 омода шудааст.

Ба гуфтаи масъулони ин идора, ҳарчанд дар Тоҷикистон мавориди ибтило ба зукоми хукӣ сабт нашудааст, вале тадорукот барои муқобала бо ин мараз идома дорад.

Аз ҷумла, дар бемористонҳо ба миқдори зарурӣ Тамифлу, доруи алайҳи зукоми A/H1N1 захира шудааст ва пизишкони тоҷик аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт роҳҳои мудовои ин маразро омӯхтаанд.

Афзун бар ин, бино ба иттилоъи Идораи назорати давлатии беҳдоштию ҳамагиршиносии Тоҷикистон, ин кишвар барои харидории чаҳор милюн адад моя ё воксини алайҳи зукоми A/H1N1 ба Русия дархост додааст.

Ҳамзамон, масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки то ҳол дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вижа барои ташхиси зукоми A/H1N1 вуҷуд надорад ва дар сурати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ маводди ташхисии афроде, ки дар ибтило ба зукоми хукӣ гумонбар ҳастанд, барои ташхис ба “Рефренс Лаборатори”-и Бритониё ирсол хоҳад шуд.

Таъкид шуд, ки бо дархости Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин озмоишгоҳи Бритониё дар мушаххас сохтани бемории зукоми хукӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Идораи беҳдоштию ҳамагиршиносии Қазоқистон рӯзи душанбеи 27 июл аз ошкор шудан ва сабти 13 мавриди зукоми хукӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷандарбек Бекшин, раиси ин идора, бештари афроди мубтало ба ин беморӣ донишҷӯён ва шогирдони мадорисе ҳастанд, ки дар шаҳри Лондон дар Бритониё таҳсил карда ва ё давраҳои забономӯзиро сипарӣ кардаанд.

Ҳамчунин, дар як мусофири олмонӣ, ки аз шаҳри Дуселдорфи Олмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон омадааст, нишонаҳое аз бемории зукоми хукӣ ошкор шудааст. Бино ба иттилоъи хабаргузории Интерфакси Русия, Серик Аҳмадов, муъовини нахуствазири Қазоқистон, ба вазорати беҳдошти ин кишвар дастур додааст, ки сареъан тарҳи миллии муқобала бо зукоми A/H1N1-ро таҳия карда ва ба захира кардани дору шурӯъ намояд.

Вазорати хориҷаи Қазоқистон атбоъи ин кишварро тавсия кардааст, ки аз сафар ба кишварҳое, ки бо хатари ибтило ба зукоми хукӣ рӯбарӯ ҳастанд, худдорӣ кунанд. Ин вазорат аз кормандони намояндагиҳои Қазоқистон дар мамолики хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо, донишҷӯён ва ҷаҳонгардони қазоқ даъват кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба ин беморӣ тадобире зарурӣ андешанд.

Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, тадобири ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши зукоми A/H1N1 иттихоз шудааст ва дар хиёбону бозорҳо ва васоили мусофирбарии ин шаҳр иддае аз сокинон бо моск ё ниқоб ба мушоҳида расидаанд.

Дар иртибот бо густариши вируси зукоми хукӣ дар Қазоқистон кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон тадобири беҳдорию ҳамагиршиносиро дар марзҳояш бо Қазоқистон ташдид кардааст. Мақомоти Идораи назорати давлатии беҳдоштию ҳамагиршиносии Тоҷикистон гуфтанд бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон бо Қазоқистон марзи муштарак надорад, танҳо хутути ҳавоӣ ва равобити роҳи оҳан миёни ин ду кишвар ҷиддан таҳти назорати беҳдорӣ қарор гирифтааст. 

Зимнан, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 28 июл нигарониҳо аз бурузи мушкилоти эҳтимолӣ дар анҷоми фароизи ҳаҷ дар иртибот бо густариши зукоми хукӣ дар соли ҷориро бепоя хонда ва гуфт, ки дар назар аст тибқи барнома ҳудуди панҷ ҳазор зойири тоҷик бидуни монеъ ба Макка сафар кунанд.

Қаблан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз Арабистони Саъудӣ даъват карда буд, ки дар иртибот бо густариши виурси зукоми хукӣ аз баргузории маросими ҳаҷ худдорӣ кунад. Вале мақомоти Арабистони Саъудӣ ин пешниҳодро рад карда ва гуфтаанд, ки куллияи зойирон қабл аз вуруд ба Макка алайҳи зукоми хукӣ моякӯбӣ мешаванд ва аз ин лиҳоз, ин марази вогир зойиронро таҳдид нахоҳад кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi