АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ: «ВАТАНАМ ТОҶИКИСТОН»
Хонандагони синфи шаши мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон аввалин баҳои ҷамъбастиро барои чоряки саввум аз фанни барояшон ҷадид «Таърихи Тоҷикистон» гирифтанд. Ин фан ҳамагӣ се моҳ аст, ки дар мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон таълим дода мешавад. То соли нави мелодии 2011 дар мактабҳои қирғиззабони Тоҷикистон ба ҷои ин дарс фанни «Таърихи Қирғизистон» таълим дода мешуд.
Дар сӯҳбат бо мо директори Маркази таҳия, нашр ва муомилаи китоҳои дарсии илмиву методии Вазорати маориф Маҳмуд Шоев гуфт, ки тарҷумаи китобҳои дарсии «Таърихи Тоҷикистон» ба забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманиро вазорати маорифи Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аллакай китобҳои «Таърихи Тоҷикистон» барои синфҳои шаш ва ҳафти мактабҳои қирғизӣ тарҷума шуда ба дасти хонандагони ноҳияҳои Ҷиргатол ва Мурғоби Тоҷикистон расидаанд. Тарҷумаи китобҳои таълимии «Таърихи Тоҷикистон» барои синфҳои мухталифи мактабҳои ӯзбекзабон ва туркманзабон низ дар арафаи анҷомёбист.
Тарҷумонҳои ин китобҳои таълимӣ аксаран муаллимони соҳибтаҷрибаи донандаи забонҳои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон мебошанд. Ин китобҳоро Бунёди Байналмилалии Мусоидат ба кӯмакҳои Башардӯстона ( Международный Фонд Гуманитарного Содействия) харидорӣ карда ба хонандагони мактабҳо ройгон тавзеҳ менамоянд.
Акнун вазорати маорифи кишвар тасмим гирифтааст, ки китобҳои дарсии забони модарӣ ва адабиётро низ барои мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва шароиту муҳити Тоҷикистон таҳия намуда ба ҷараёни таълим ворид созад.
Далер Сафаров, «Рӯзгор» аз минтақаи Рашт