ЭЪТИМОД: "ҶОМЕЪА БАРОИ ТАҒЙИРОТИ ДЕМОКРАТИЯ ОМОДА АСТ"
Шабакаи интернетӣ майдони фаъолият барои яке дигар аз ҳаракатҳои иҷтимоъӣ, ки ҳадафи худро демукротизаи Тоҷикистон хондааст, шудааст. Муассисони он, ҳаракатро “Эътимод” унвон карда ва мегӯянд, ки ҳадафи аслии онҳо исботи “ин ҳақиқат аст, ки ҷомеъаи Тоҷикистон барои тағйироти демократия дар кишвар омода аст.”
Раҳбари ҳаракати “Эътимод” бо номи мустаъори Рустами Акбарзод ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳаракати онҳо тавассути ба ҳам омадани гурӯҳе аз корбарони интернетӣ, ки ақоид ва ҳадафҳои муштарак доштаанд, таъсис ёфт. Оқои Акбарзод меафзояд: “То замоне, ки ҷомеъаи маданӣ мубориза барои ҳаққи худ, эҳтиром ба волоияти Қонунро наомӯзад, мо маҳкум ба ин хоҳем буд, ки зиндагӣ на, балки вуҷуд дошта бошем.”
Ин ҳаракат анкун сойти интернетии худро дорад, ки дар сафаҳоти он гузоришу мақолаҳо ва ибрози назарҳои мухталифи тарафдорони ҳаракат чоп мешавад. Ба гуфтаи оқои Акбарзод, муассисон ва аъзои аслии ин ҳаракат шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Казоқистон, Русия Эрон ва Омрико кору зиндагӣ мекунанд, ҳастанд. Оқои Акбарзод илова мекунад: "мо мехоҳем дар ватан кор ва зиндагӣ кунем. Намехоҳем моро "гастарбайтер" унвон кунанд."
Ӯ мегӯяд, ки ҳаракат бояд базудӣ сабти ном шавад ва ҳадафи фаъолияти аслии худро то замони баргузории интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 дар самти эҷоди таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба кондидҳои тарафдори усулҳои демократия будааст. Рустам Акбар-зод дар ин замина афзуд: “Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ тарафдории худро аз демукросӣ эълом кардаанд, аммо ин ҳарфҳо дар амал собит намешаванд.”
Ҳаитуллоҳ Абдуллоев, муъовини раҳбари ҳизби демократияи Тоҷикистон (ҷиноҳи Собиров) мегӯяд, ки таъсиси чунин ҳаракатҳо дар кишвар “аз манфиъат холӣ нахоҳад буд.” Аммо вай бо ин суханони оқои Акбарзод, ки гӯё аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон фақат дар рӯйи қоғаз демократия ҳастанд, розӣ нест. Бо ин ҳол, оқои Абдуллоев муътақид аст, ки истифодаи шабакаи интернетӣ, ба гунаи ҳаракати “Эътимод” барои табдили афкор ва таблиғи афкор муассир хонд.
Ҳаракати “Эътимод” ҳамчунин тавассути баргузории семинорҳо ва интишори мақолаҳои мухталиф, огоҳосозии ҷомеъаи тоҷикро аз “чӣ будани демукросӣ” ҳадаф қарор додааст. Аммо ба назар мерасад, иҷрои ин барномаҳо бояд то замони сабти ном шудани ин ҳаракат дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба таъхир биафтад, зеро ба гуфтаи оқои Акбар-зод “ба далели вуҷуди эҳтимоли таъқиб”, онҳо “маҷбуранд таҳти номҳои мустаъор” фаъолият баранд.
Дар ҳоли ҳозир муасисон ва аъзои ҳаракати “Эътимод” сойти худро доранд, ки дар он аҳдоф, оиннома, усул ва равишҳои фаъолияти ин ҳаракат эълом шудааст. Ҳамчунин тарафдорони ин ҳаракат мақолаҳои худро дар сойти хабарии tjknews.com интишор медиҳанд. Ин мақолаҳо ва сойти худи ҳаракати "Эътимод" ба забони русӣ мунташир мешаванд. Ба гуфтаи муассисони ҳаракат, "Эътимод" дар ҳоли ҳозир дорои 137 тарафдор аст, ки синну соли мухталифи аз 22 то 53 сол ҳастанд.
Зимнан дар соли 2008 дар бораи таъсиси як ҳаракати иҷтимоъии "Ватандор" бо раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ эълом шуда буд, ки худро мухолифи давлати Тоҷикистон муъаррифӣ мекард. Ин ҳаракат низ эълом карда буд, ки тоҷикони бурунмарзӣ, ба хусус муҳоҷирон тарафдорони аслии ин ҳаракат будаанд.
Би-Би-Си