01:38:09 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН – ТУ НУРИ ДИДАГОНИ МАН АСТӢ!

Ман зодаи Тоҷикистонам. Бо хости тақдир солҳои 90-и асри гузашта оилаи мо дар Ҳоланд қарор гирифт. Маълумоти беҳтарини олии Аврупоро гирифтам, ширкати хусусиамро таъсис додам ва масруфи кор бо лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳастам. Ман ва наздиконам дар Ҳоланд ба натиҷаҳои назаррас ноил шудем, ки барои ҳамин ба ин кишвари нозанин сипосгузорем. Аммо мо ҳамеша дар фикр, мафтун ва пазмони Ватани худ- Тоҷикистон мебошем.

Азиз ОдиловГарчанде дар қалби Аврупо иқомат дорам, ман бодиққат дастовардҳои Ватани таърихии худ – Тоҷикистони азиз ва ба ҷон баробарамро пайгирӣ менамоям ва фахри ман зиёдтар мегардад. Ман дар миёнаи моҳи марти соли равон ба Ватан сафар кардам, хешовандонамро хабар гирифтам. Ман аз ҳаҷми барномаҳои созандагӣ, дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа, иқтисодиёт ва сохтмон дар Тоҷикистон дар ҳайрат мондам. Миқёси кабудизоркунии ҷумҳурӣ ҳайратангез аст.

Душанбеи азизам тариқи муваффақона омезиш ёфтани усулҳои меъмории Шарқ ва Аврупо ба шаҳри замонавӣ мубаддал мегардад. Ҳангоми сайру гашт дар кӯчаҳои Душанбеи азизам ман худро озодаву роҳат ҳис менамудам. Мардумон муомилаи дӯстона ва меҳмоннавоз доштанд.

Дар рафти сафарам ба Тоҷикистон ман як қатор гуфтушунидҳои кориро бо намояндагони ҷомеаи соҳибкории ҷумҳурӣ гузаронда, бодиққат бозор, муҳити тиҷорат ва иқлими сармоягузориро омӯхтам. Ҳамчун соҳибкори ҳоландӣ ман бояд ба шароити бисёр мусоиди сармоягузорӣ, инчунин самимият, рӯҳияи созанда ва чаққонии намояндагони ҷомеаи соҳибкории Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ шавам.

Хурсандиовар аст, ки асоси қонунгузории мусоиди сармоягузории кишвар бо сатҳи баланди амният дар кишвар мустаҳкам мегардад, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст.

Баъди бозгашт аз Ватан эҳсосоти амиқамро ба ҳамватанонамон аз ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Ҳоланд ва Люксембург, ки ман раисии онро бар дӯш дорам, арз намудам. Онҳо ҳамроҳи ман аз дастовардҳои Точикистони азизамон хурсанданд.

Ман ҳамчунин бо намояндагони доираҳои соҳибкории Белгия ва Ҳоланд дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нақл кардам. Онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон майли сармоягузориро изҳор намуданд.

Ба мақсади барқарор кардани равобити тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Ҳоланд ва Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди алоқаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо дастгирии сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Ҳоланд ва Сафорати Тоҷикистон ба наздикӣ Бизнес клуб байни ду кишвар таъсис дода шуд.

Ман ҳамчун президенти клуб ният дорам, кӯшиши асосиро ба ҷалби сармояи ҳоландӣ ва дигар кишварҳои аврупоиро ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон равона созам. Дар робита ба ин аъзоёни клуб лоиҳаҳои муайяни тиҷоратиро таҳия менамоянд ва ба доираҳои соҳибкории Тоҷикистон пешкаш мекунанд. Нақша дорем, ки дар ояндаи наздик форуми тиҷоратиро бо иштироки соҳибкорони Ҳоланд ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор намоем.

Бахусус дар атрофи масъалаи амалигардонии лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвар мехоҳам таваққуф намоям. Мо тоҷикистониёни дар қалби Аврупо сукунатдошта талошҳои мардуми Тоҷикистонро бо сарварии Президентамон Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани мустақилияти энергетикӣ ба воситаи сохтмони неругоҳҳои обии барқӣ, аз он ҷумла, НОБ-и Роғун комилан пуштибонӣ мекунем.

Ҳар як тоҷикистонии муқими Белгия, Ҳоланд ва Люксембург Тоҷикистони азизро бо 20-умин солгарди истиқлолият табрик намуда, чунин паёми самими хешро ба Ватан мефиристад:  «Тоҷикистон - ту нури дидагони ман ҳастӣ. Мо фарзандони дар Аврупо будаи ту ҳамеша ба хизматат тайёр ҳастем».

Азиз Одилов, шаҳрванди Ҳоланд,

Сарвари ширкати «Чаз Флауэрз», Гаага, Ҳоланд,

Раиси Ҷамъияти тоҷикистониёни «Ариана»-и Белгия, Ҳоланд ва Люксембург,

Президенти Бизнес клуби Ҳоланд-Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi