03:06:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ИМА: АҲОЛИИ НАЗДИСАРҲАДӢ БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

Сафири ИМА Кен Гросс системаи обтаъминкуниро, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва дафтари ИМА оид ба кӯмаки башардустонаи байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷи назди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барқарор карда шудааст, расман супорид.

usaid voteИн як қисми кӯмаки ҳукумати ИМА ба зарардидагони офати табиӣ, ки баҳори 2009 сол ба вуқӯъ омада буд, мебошад. Пас аз расонидани кӯмаки фаврӣ, USAID оиди расонидани кӯмаки дарозмуддат баҳри барқарор кардани ноҳияи зарардида ва паст кардани хатарҳои офатҳои оянда тасмим гирифт.

Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа инфрасохторҳои иҷтимоии ноҳияи Панҷ ва Қумсангир барқарор ёфта дастрасии хизматҳои асосии иҷтимоӣ барои аҳолӣ афзуд. Таҳти лоиҳаи мазкур барои аҳолии аз обхезиҳо зарардидаи ҷамоатҳои Тоҷиксой 36 паноҳгоҳ сохта шуд.

usaidЛоиҳа аз тарафи созмони байналмилалии ғайриҳукуматии АСТЕD дар якҷоягӣ бо дигар созмонҳои давлатӣ ва маҳаллӣ таҳти гранти USAID, ки арзиши 577000 доллари ИМА-ро дорад, амалӣ гардонида шудааст. Зимни суханронии худ дар чорабинии мазкур Сафири ИМА таъкид карда гуфт:

«Ман умедворам, ки ин системаи обтаъминкунӣ солҳои зиёд барои шумо хизмат мекунад. Ояндаи ин системаи обтаъминкунӣ ва ояндаи ин маҳалла дар дасти шумост. Дар якҷоягӣ шумо метавонед ин системаи обтаъминкуниро солҳои тӯлонӣ дар ҳолати хуб нигоҳ доред.

usaidАСТЕD дар самти барқароршавӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, аз он ҷумла омӯзиши ёрии аввалияи тиббӣ ва беҳдошт, обтаъминкунӣ ва санитария, ва барқарор кардани инфрасохтори иҷтимоӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.

Системаи обтаъминкунии барқароршуда бештар аз 4000 нафаронеро, ки пештар маҷбур буданд барои кашонидани оби нӯшокӣ то 8 километр масофаро тай кунанд, бо оби нӯшокии тоза таъмин месозад. Ин системаи обтаъминкунӣ сирояти бемориҳои ба воситаи об гузарандаро пешгирӣ намуда таҷрибаи беҳдоштро мустаҳкам мекунад.

Ин лоиҳа яке аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе  ба миқдори тахминии 900 миллион доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд. 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi