16:46:29 02-уми Июни 2025 сол

ҚАТЛИ МУДИРИ ЯК МАДРАСА ДАР ХАТЛОН

Вазорати кишвари Тоҷикистон аз қатли бераҳмонаи мудири яке аз мадорис дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, дар ҷануби ин кишвар, хабар дод. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, рӯзи ҷумъаи 24 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса соъати чаҳори субҳи имрӯз дар шӯрои деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав иттифоқ уфтодааст.

Оқои Асадуллоев гуфт: “Афроди номаълум ба манзили Сановбар Тангироваи 33-сола, мудири мадрасаи шумораи 16 ин ноҳия дохил шуда ва ба ҳангоми хоб бо чоқу ба қабати сина, рӯй ва ангуштонаш шаш зарба ворид кардаанд, ки вай дар натиҷа ҷароҳатҳои сангин бардоштааст.” Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, хонум Тангирова ба ҳангоми интиқол ба бемористон дар роҳ фавт кардааст.

Сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфт, нисбат ба ин ҳодиса тибқи банди 104 қонуни ҷазо ё кайфарӣ, яъне иттиҳоми одамкушӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Афзун бар ин, ба гуфтаи оқои Асадуллоев, бо дастури вазири кишвар як гурӯҳи кории вижа дар ҳайъати кормандони раёсатҳои ҷустуҷӯйи ҷиноӣ ва мубориза алайҳи ҷароими созмонёфта ташкил шудааст, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият доранд.

Бо ин ҳама, оқои Асадуллоев мегӯяд то кунун таҳқиқи ин ҳодиса натиҷае дар пай надоштааст.

Аммо вай даст доштани гурӯҳҳои ҷиноӣ дар ин ҳодисаро баъид медонад ва мегӯяд: “Ба эҳтимоли зиёд, ин қазия ангезаи хусумати шахсӣ дорад, ки умед аст ниҳодҳои интизомӣ дар сареътарин муддат муртакибони ин ҷурми бераҳмона ва сангинро ошкор ва боздошт кунанд.”

Барои бори нахуст аст, ки мудири мадрасае дар ҷануби Тоҷикистон ба таври фаҷеъ ба қатл мерасад. Ин дар ҳолест ки гузоришҳои ҷиноӣ аз ҷануби Тоҷикистон ҳокӣ аз афзоиши ҷароими қатли бархе аз сокинон бар асари хусуматҳои шахсӣ будааст.

Ду рӯз қабл Додгоҳи минтақаи Кулоби вилояти Хатлон Сайфулло Оймаҳмадов, як сокини ин шаҳрро дар қатли бародарзодаи худ муҷрим шинохт ва ба 24 соли ҳабс маҳкум кард. Бар асоси натоиҷи таҳқиқот, авоили моҳи марти соли ҷорӣ ин фард Саидиброҳим Маҷидовро, ки бародарзодааш аст, бо зарби чоқу ба қатл расонда ва ба чуқурии 250 метр партоб кардааст.

Кормандони пулис ҷасади Саидиброҳими 17-соларо пас аз се моҳ дар пайи ҷорӣ шудани сел дар ҳумаи шаҳри Кӯлоб пайдо карданд. манобеъи пулис мегӯянд таҳқиқот собит кардааст, ки Сайфулло Оймаҳмадов, бародарзодаашро аз рӯйи хусумати шахсӣ бераҳмона ба қатл расондааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854