12:21:44 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РИШВАХОРӢ ДАР МИЁНИ НИЗОМИЁН ВА ПУЛИСИ СУҒД

Ба гуфтаи Сафаралӣ Абдураҳимов, қозии Додгоҳи низомии вилояти Суғд, дар ду соли ахир иртикоби ҷурму ҷароим дар миёни маъмурони интизомӣ ва низомӣ дар ин вилоят афзоиш ёфтааст.

Оқои Абдураҳимов мегӯяд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 нафар аз ҷумлаи низомиён ва маъмурони пулис дар додгоҳи низомии шаҳри Хуҷанд муҳокима шудаанд. Аз ин теъдод 23 нафарро афсарон ташкил додаанд, ки тибқи аҳкоми додгоҳи низомӣ барои солҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд. Ин қозии додгоҳи низомӣ гуфт, ки дар ин миён се сарҳанги дувум (ё подполковник) низ будаанд, ки барои ришвахорӣ ва тахаллуф аз салоҳиятҳои хидматияшон зиндонӣ шудаанд.

Яке аз онҳо, сарҳанги дувум Эргаш Эмомназаров, кумисари низомии шаҳри Табошар будааст, ки барои гирифтани 1000 дулор ришва моҳе қабл аз ҷониби додгоҳи низомӣ барои 7,5 сол ба зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи оқои Абдураҳимов, иртикоби ҷурму ҷиноят, бавижа дар миёни кормандони кумисериёҳои низомӣ ва нирӯҳои марзбонӣ зиёд ба мушоҳида мерасад. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 12 нафар аз ҷумлаи кормандони кумисериёҳои низомӣ дар вилояти Суғд маҳкум ба зиндон шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир додгоҳи низомӣ ба баррасии парвандаи ҷиноии Ҷаббор Худойназаров, як афсари нирӯҳои марзбонӣ оғоз кардааст, ки ба даст доштан дар интиқоли беш аз 10 килуграм афюн муттаҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Сафаралӣ Абдураҳимов мегӯяд, ки агар қаблан ҷароими марбут ба лату кӯби сарбозон аз ҷониби афсарон ё сарбозони меҳтар зиёд сабт мешуд, ҳоло ришвахорӣ ва тахаллуф аз салоҳиятҳои хидматӣ бештар ба мушоҳида мерасад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки пойин будани маъоши кормандони ин арса сабаби аслии даст задани онҳо ба ришвахорӣ аст. Бархе дигар бар ин назаранд, ки пойин будани сатҳи ҳирфайии маъмурони низ сабаби аслии даст ба иртикоби ҷурму ҷароим задани онҳост.

Пайрав Каримов, як коршиноси маҳаллӣ аз шаҳри Хуҷанд,бо ибрози нигаронӣ аз густариши ришвахорӣ ва фасод дар суфуфи артиш мегӯяд, ки ин вазъ метавонад боъиси надоштани омодагии дифоъӣ ба ҳангоми таҷовузи нирӯҳои душман ба Тоҷикистон шавад. 

Вай меазояд, ки дар чунин вазъиятҳо мумкин аст низомиёни кишвар ғайрифаъолона амал кунанд ва артиш бо камбуди нирӯи ҳирфаии низомӣ рӯбарӯ шавад. Ҳамчунин, ин корҳои хилоф боъиси пойин овардани сатҳи амалкарди низомӣ дар нирӯҳои артиш шуда ва мунҷар ба халъи силоҳ шудани онҳо дар ҷараёни набардҳо шавад. 

Маҳмуд Аҳмадов, як коршиноси дигар аз шаҳри Хуҷанд, бар ин назар аст, ки ришвахорӣ дар миёни кормандони вазорати дифоъ ба ин натиҷа хоҳад овард, ки ба ҳангоми тамриноти низомӣнукоти зафъи низомиёни тоҷик дар баробари нирӯҳои кишварҳои ҳамсоя намоён шавад ва ин боъиси хиҷолат ва аз даст рафтани обрӯи онҳост. 

Тоҷикистон ҳамсояи Афғонистон мебошад ва зафъ дар амалкарди нирӯҳои низомӣ боъиси ба хатар андохтани ҷони мардум дар шароити ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ва терурист хоҳад шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi