ҚАБЕҲТАРИН ҲАЛОЛЕ, КИ ҲАТТО БА МУҲИТИ ЗИСТ ЗАРАР ДОРАД
Эзоҳ: гуфтани се талоқро дар як маҷлис дар мазҳаби Имом Абӯҳанифа ва ҷумҳури уламо се талоқ медонанд. Ин донишмандон бо истинод бо ҳадисе, ки онро имом Бухорӣ аз ҳазрати Оиша (р) ривоят кардааст, ки «марде зани худро се талоқ кардааст. Сипас он зан шавҳари дигар карда зуд талоқ гирифтааст». Аз Паёмбари Худо (алайҳиссалом) пурсида шудааст, ки оё ҳамон зан ба шавҳари аввалаи худ ҳалол мегардад ё не? Паёмбар фармуданд: На, то он вақте, ки шавҳари наваш ӯро бичашад, ҳамчуноне, ки шавҳари аввалаш чашида буд» (яъне бояд бо ӯ ҳамхобагӣ дошта бошад). Пас агар се талоқи кардани шавҳари аввалаш воқеъ намешуд, Паёмбар ҳеҷ вақт барои бозгаштан ба шавҳари аввалаш мамониат намекард. Инчунин ҳазрати Умар (р) дар замони хилофаташ се талоқ ба як лафз ва дар як маҷлисро се талоқ ҳисоб мекарданд. Манбаъ: «http:turajon.com».
ҳ