06:11:24 01-уми Июли 2025 сол

МУҶОЗОТ БАРОИ ФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН

Раисҷумҳури Тоҷикистон як тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро ба парлумон пешниҳод намудааст. Бар асоси он, минбаъд ба афроди масъули идораҳое, ки бо истифода аз вазифа замини обӣ ё қитъаҳои дигари заминро нодуруст тақсим мекунанд ва ё ғайриқонунӣ мефурӯшанд, маҳрумияти 8 сол аз озодӣ  ва ё 1460 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст.

 

majlisi oliДар ин робита Дафтари матбуот дастгоҳи президенти Тоҷикистон иттилоъ дода меафзояд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ тақсим намудани қитъаҳои замин ба даромади муфти баъзе роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони алоҳида, табдил ёфтааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амалҳои номатлуб ва худсарона фурӯхтани замин, ҳукумати кишвар ба ин иқдом даст задааст. То кунун ба амалҳое монанди ғайриқонунӣ фурӯхтани замин ва ё тақсими нодурусти он, ки ба баҳси додгоҳию норозигии мардум меанҷомад, мушаххасан ҷазо пешбинӣ нашуда ва заминаи қонунии ин гуна бемасъулиятиҳо нишон дода нашуда буд.

 

Ба ин тартиб ҷониби Ҳукумат як банди дигар дар моддаи 338- и Кодекси ҷиноятӣ илова намудааст. Мувофиқи ин модда, ба содиркунандагони чунин ҷиноятҳо, ҷарима ба маблағи то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то 8 сол пешбинӣ гардидааст. Як нишондҳанда мувофиқи талаботи андозситонӣ 35 сомониро дар бар мегирад ва 1460 нишондиҳанда ба 51 ҳазору 100 сомонӣ баробар мебошад.

 

Ба иттилои Дафтари матбуоти дастгоҳи президенти Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4303-2011-01-30-15-38-04.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ