"ПАРВАНДАИ РАҚИБОВҲО БА ДОДГОҲ РАФТ"
Манобеъи интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи чаҳор узви хонаводаи Рақибовҳоро дар ноҳияи Файзобод ба анҷом расонда ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд. Атобулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, мегӯяд, ки рӯзи ҷумъа маъмурон дар бораи иттиҳомот алайҳи чаҳор нафар - ӯву ҳамсараш ва ду хоҳараш ба онҳо иттилоъ додаанд.
Вай, ки ду сол боз аз тахриби манзилаш тавассути мақомоти маҳаллӣ ба додгоҳҳо шикоят бурда ва касе ба додаш нарасидааст, мегӯяд, ки мақомот алайҳи вай ва аъзои хонаводааш дар моҳи сентябр ба иттиҳоми авбошӣ ё "санг задан ба як экскаватор" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Худи онҳо ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки дар ин кор дасте надоранд. Ба гуфтаи оқои Рақибов, кӯдаке номаълум эҳтимолан ба экскаваторе, ки дар моҳи сентябр барои тахриби манзили ӯ омада буд, санг зада ва танҳо як ойинаи он шикастааст.
Вале як мақоми пулиси Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки парванда дар асоси шикояти ронандаи ин экскаватор оғоз шуда ва тибқи ин санад, айбдоршавандагон (яъне афроди муттаҳам) онро "сангсор кардаанд." Ба гуфтаи яке аз наздикони оқои Рақибов, дар ҳоле ки танҳо як ойинаи экскаватор шикаста ва омили он ҳам маълум нест, мақомот зиёни расида ба экскаваторро беш аз 3000 сомонӣ муқаррар карда ва аз хонаводаи Рақибов хостори ҷуброни он шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки оқои Рақибов мегӯяд, ки хонаи ӯро мақомоти маҳаллӣ бидуни ҳукми додгоҳ ба таври худсарона вайрон кардаанд ва бо вуҷуди шикоятҳои пайваста, аз додгоҳи маҳаллӣ гирифта то додгоҳи олии Тоҷикистон, касе ҳаққи ӯро ба ӯ барнагардондааст. Нозирон мӯътақиданд, ки боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи хонаводаи Рақибовҳо дар посух ба умумӣ шудан ё расонаӣ шудани қазияи тахриби ғайриқонунии манзили вай тавассути мақомоти давлатӣ ва бесарпаноҳ мондани фарзандонаш сурат мегирад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4302-q----q.html