08:19:33 02-уми Июли 2025 сол

МАҲДУДИЯТ БАРОИ ИЗДИВОҶ БО АТБОЪИ ХОРИҶӢ

Порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни хонаводаи ин кишвар маҳдудиятҳое дар заминаи издивоҷи атбоъи тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ андохтааст. Бар асоси ин ислоҳот, ки рӯзи чаҳоршанбеи 26 январ дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, атбоъи хориҷӣ бояд қабл аз издивоҷ бо шаҳрвандони тоҷик муддати як сол дар ин кишвар зиндагӣ карда ва тибқи аҳдномаи ақди никоҳ барои ҳамсари худ манзили маскунӣ таъмин кунанд.

 

porlumonҲамчунин, дар ин санад ба нигоҳубини ҳатмии ҳамсарони корношоям ё маъюб ва фарзандон аз ҷониби зан ё шавҳари хориҷӣ таъкид шудааст. Абдуманнон Холиқов, муъовини вазири адлияи Тоҷикистон, ки пешнависи ин санадро ба Маҷлиси намояндагони порлумон ироа мекард, зарурати ин иқдоми давлатро ба афзоиши мавориди издивоҷи атбоъи тоҷик бо хориҷиён ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик пас аз талоқ марбут хонд. Тибқи иттилоъи Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар зарфи панҷ соли ахир 2696 тан аз атбоъи тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ карда ва дар ин муддат 600 нафар талоқ гирифтаанд.

 

Оқои Холиқов гуфт, ки иддае аз атбоъи тоҷик дар мамолики хориҷӣ ба сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои Тоҷикистон ва дар дохили кишвар ба вазорати хориҷа аз нақзи ҳуқуқашон шикоят кардаанд, аммо ба далели надоштани санадҳои ҳуқуқӣ дар ин замина кумак ба ин афрод душвор будааст. Гуфта мешавад атбоъи тоҷик, бахусус занону духтарон, умдатан бо шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Туркия, Чин, Ҳинд, Жопун, Олмон ва Покистон издивоҷ кардаанд.

 

Намояндагони порлумон гуфтанд, ки дар бархе маворид атбоъи хориҷӣ бо аҳдофи ғаразнок, аз ҷумла, дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон ё будубоши муваққат дар ин кишвар, бо атбоъи тоҷик издивоҷ мекунанд. Аз ин лиҳоз, онҳо хостори эҷоди маҳдудият дар издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо атбоъи хориҷӣ шуданд. Саидумар Ҳусайнӣ, намояндаи порлумон ва муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз пешниҳоди қаблии давлати Тоҷикистон дар бораи 3 соли иқомати атбоъи хориҷӣ дар ин кишвар барои издивоҷ пуштибонӣ кард.

 

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, 3 солро тӯлонӣ хонда ва гуфт, ки мумкин аст дар ин муддат тарафҳо танҳо никоҳи исломӣ карда ва ҳатто ин хонаводаҳо аз ҳам пошанд. Ҳамчунин, оқои Зуҳуров банди марбут ба таъмини манзили хусусӣ барои ҳамсари тоҷики атбоъи хориҷиро ҳамонанди маҳри исломӣ ва навъе нақзи ҳуқуқи атбоъи хориҷӣ унвон кард.

 

Ҷумъахон Давлатов, намояндаи раиси ҷумҳурӣ дар порлумон, ба навбаи худ гуфт: "Бояд дар Қонуни (кодекси) хонавода мафҳуми "таъмини манзил" мушаххас мешуд. Зеро имкон дорад шаҳрванди хориҷӣ манзилеро кироя гирифта ва пас аз талоқ ҳамсару фарзандонаш бидуни сарпаноҳ монанд."

 

Ба гуфтаи оқои Давлатов, бештари шикоёти атбоъи тоҷик аз ҳамсарони хориҷии худ ба масъалаи таъмини манзил баъд талоқ рабт мегирад. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳатмӣ шудани аҳднома ё қаророди издивоҷ бо атбоъи хориҷиро як гоми муҳим дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик, бахусус занҳо, талақӣ карда ва мегӯянд, ки бастани чунин аҳднома миёни зану шавҳари тоҷик низ бояд ҳатмӣ шавад.

 

Ҳарчанд ба гуфтаи масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон, қарордоди издивоҷ дар ин кишвар аз соли 1998 ҷорӣ шуда, аммо бештари арӯсу домодҳо аз он сарфи назар мекунанд. Аз сӯйи дигар, Ҳуринисо Ғаффорзода, раҳбари созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ", эҷоди мавонеъ ва маҳдудиятҳои зиёд барои издивоҷи атбоъи тоҷик бо хориҷиёнро ғайри қобили қабул хонд.

 

Ба гуфтаи хонуми Ғаффорзода, теъдоди занҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса бо мардҳо бештар буда ва афзун бар ин, бархе аз мардҳои тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар бо занҳои хориҷӣ издивоҷ карда ва зану фарзандони худ дар зодгоҳашонро тарк мекунанд. Ба эътиқоди ӯ, бояд ба зани тоҷик имкони интихоби шавҳар дода шавад, то битавонад бо салиқаи худ номзадашро аз ҳар кишвари хориҷӣ пайдо кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4264-2011-01-26-10-32-25.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ