14:23:47 01-уми Июли 2025 сол

ШЕРАЛӢ ГУЛ: ҚИМАТИ НЕРӮИ БАРҚ АФЗОИШ НАМЕЁБАД

Дар соли ҷорӣ баҳои нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло нахоҳад рафт. Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 21 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар ин бора хабар дод. Вай гуфт, ки то ҳол дар ин замина ба давлати ин кишвар пешниҳоде ворид нашуда ва танҳо сару садоҳои мухталиф дар бораи то 25 дар сад боло рафтани баҳои нерӯи барқ ба гӯш мерасанд.

 

Гул ШералиБа гуфтаи оқои Гул, маъмулан санаде дар ин замина дар Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон таҳия шуда ва баъдан он бо вазоратҳои энержию саноеъ, рушди иқтисоду тиҷорат, адлия, молия ва ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамоҳанг мешавад. Вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфт, ки ба унвони яке аз масъулони бахши энержии кишвар аз вуҷуди пешниҳод барои боло бурдани баҳои нерӯи барқ иттилоъе надорад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи гузашта расонаҳои Тоҷикистон аз қавли масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” дар мавриди имкони аз 20 то 25 дар сад боло рафтани қимати нерӯи барқ дар моҳи январи соли 2011 хабар дода буданд.

 

Интизор мерафт баҳои як килувот-соъат нерӯи барқ барои сокинони Тоҷикистон аз 9 дирами феълӣ то 11 дирам ва барои корхонаҳои санъатӣ то 30 дирам афзоиш ёбад. Он замон таъкид шуда буд, ки ин иқдом бо тавсияи Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ ва ба манзури таъмини муназзами нерӯи барқ барои сокинони Тоҷикистон ва таҳкими системи тавлиди энержии кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд.

 

Аммо Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи Тоҷик”, рӯзи ҷумъаи 21 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки хабарҳо дар бораи пешниҳоди афзоиши қимати нерӯи барқ аз ҷониби ин ширкат ба давлати Тоҷикистон "ба таври иштибоҳӣ" пахш шудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар соли гузашта дар ин кишвар ба миқдори 16 милёрду 410 милюн килувот-соъат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2009 ба миқдори 315 милюн килувот-соъат бештар будааст.

 

Ҳамзамон, Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, таъкид кард, ки ба далели фароҳам набудани шароити интиқоли нерӯи барқи изофӣ ба хориҷи кишвар дар тобистони соли гузашта ба миқдори 4,5 милёрд килувот-соъат нерӯи барқи ин кишвар талаф шудааст. Оқои Гул гуфт, ки дар солҳои қаблӣ нерӯи барқи изофӣ аз тариқи хутути Ӯзбакистон ба Қазоқистону Русия интиқол дода мешуд. Аммо дар зарфи се соли ахир Ӯзбакистон бо баҳонаи надоштани зарфият дар хутути барқи ин кишвар ба интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон иҷоза надодааст.

 

Гуфта мешавад мумкин аст то моҳи майи соли ҷорӣ хатти баландшиддати 220-килувотӣ аз минтақаи Сангтӯдаи Тоҷикистон то вилоёти Кундузу Бағлони Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва имкони судури нерӯи барқ ба ин кишвари ҳамсоя фароҳам шавад. Аз сӯйи дигар, масъулони ин вазорат гуфтанд, ки дар назар аст дар соли ҷорӣ як чархаи нерӯгоҳи “Помир-1” дар вилояти Бадахшон ва таҷҳизоти нерӯгоҳи Қайроққум дар вилояти Суғд тармим ва бозсозӣ шаванд, ки ин амр ба афзоиши мизони тавлиди нерӯи барқ дар ин кишвар мусоъидат хоҳад кард.

 

Зимнан, Иттиҳодияи Урупо эълом кардааст, ки барои тармиму бозсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон ба миқдори 66 милюн дулор кумаки билоъиваз ихтисос хоҳад дод. Бар асари садама дар соли гузашта ду чархаи ин нерӯгоҳ зери об монда ва фаъолияти онҳо мутаваққиф шуда буд. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, нерӯгоҳи Қайроққум дар соли 1957 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ин нерӯгоҳ 7 дар сади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4219-2011-01-21-11-29-16.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 23.01.2011 00:14
Бародарон ,хохарон мо хайрон мешавем ба он,ки чи хел ин рохбарону кордонони мо тасмим мегиранд.Агар соли гузашта ин кадар барки зиёд талаф ёфта бошад ,чаро шахрвандонро таьмин накарданд,магар намедонистанду намедонанд?Ман фикр намекунам,ки касе надонад.Бахама маьлум аст ,ки хозир дар Точикистон гайр аз пойтахт дигар хама чо барк бо речае дода мешавад,ки бисёр хам халк азият мекашад.Охир чизе гуфта намешавад.Биёед мусалмонон дуогу бошем ,ки оллох хидоят фармояд (агар лоики хидоят бошанд),вагарна хело гарон мешавад барои он шахсоне ,ки бо ном мусалмонанд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ