17:31:25 01-уми Июли 2025 сол

ТВТ ДАР САРТОСАРИ РАШТ ҚОБИЛИ ДАРЁФТ ХОҲАД ШУД

Раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон эълом кард, ки то ҷашни Наврӯз шабакаҳои телевизиюни давлатӣ дар тамоми минтақаи Рашт пахш хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ин телевизиюн то охири соли ҷорӣ як шабакаи ҷудогонаи варзиширо низ роҳандозӣ хоҳад кард.

 

Асадулло РахмоновАсадулло Раҳмонов рӯзи ҷумъаи 14 январ гуфт, ки ба ширкати Тоҷиктелеком фармоиш додааст, ки таҷҳизоти лозимро барои насб дар минтақаи Рашт харидорӣ кунад ва қарор аст, ин таҷҳизот то моҳи феврал харидорӣ ва дар минтақа насб шаванд.Оқои Раҳмонов мегӯяд, ки то ҳоло танҳо бахши кучак аз сокинони ин минтақаи дуруфтода пойтахт метавонанд барномаҳои телевизюни давлатиро тамошо кунанд.

 

Вай афзуд: “Мо чанде пеш ду ҳафтаро дар водии Рашт гузарондем ва ассомии манотиқеро, ки танзимкунандагон дар онҳо барои намоиши барномаҳои телевизюнҳо насб хоҳад шуд, омомда кардем ва то таҷлили аз Наврӯз фаъолиятҳо барои насби танзимкунанаҳоро ба охир хоҳем расонид.”

 

Ин дар ҳолест, ки дар зарфи як соли гузашта манотиқи воқеъ дар водии Рашт саҳнаи амалиётҳои нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки давлат онҳоро "терурист" мехонад, будааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин минтақа аз замони ҷанги шаҳрвандӣ умдатан минтақаи таҳти нуфузи гурӯҳҳои мухолифони пешини давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва дастрас шудани барномаҳои телевизиюни давлатӣ, ки асосан аз сиёсатҳои давлат пуштибонӣ мекунад дар ин минтақа барои афзоиши нуфузи давлат мусоъидат хоҳад кард.

 

Ба гуфтаи раиси кумитаи родию ва телевизюни давлатӣ қарор аст, бо насби таҷҳизоти лозим, сокинони ноҳияҳои Тоҷикобод ва Тавилдараи водии Рашт низ аз тамошои барномаҳои телевизюнҳои ватанӣ бархурдор шаванд.

 

“Мардум кушта шудани “теруристҳоро” интизор буданд"

Дар ҳамин ҳол дар нишасти матбуъотӣ ин мавзӯъ матраҳ шуд, ки чаро телевизиюни давлатӣ ба ҳангоми пахши барномаҳояш ба истондортҳои байналмилалии пахш наворҳои хушунатбор риъоят намекунад. Дар ин замина аз намоиши аҷсоди афроде, ки ба гуфтаи нерӯҳои давлатӣ аъзои гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ дар водии Рашт будаанд, дар барномаҳои хабарии ин телевизиюн ишора шуд.

 

Чеҳраҳои афроди кушташуда дар барномаҳои хабарии телевизиюни давлатӣ қаблан ҳам намоиш дода мешуд, аммо дар мавриди охир чанд тан аз афроди кушташуда тавассути нерӯҳои давлатӣ ба гунае нишон дода шуда буд, ки барои мутмаъин шудани тамошобинон аз ин ки онҳо мурдаанд, як нафар сари онҳоро такон медод ва чашмони якеро боз мекард ва мепӯшид.

 

Аммо Асадулло Раҳмонов раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба ин саволи хабарнигорон, ки оё ҳеҷ шаҳрванд ба онҳо дар мавриди пахши ин наворҳо шикоят набурдааст, гуфт ки намоиши ҷасади Аловиддин Давлатов, раҳбари пакорҷӯён ва ҳафт нафар аз ҷонибдорони вай дар барномаи Ахбор муғойр ба ахлоқи хабарнигорӣ набуд.

 

Вай гуфт: "Дарвоқеъ дар телевизюн навор бо аҷсоди тереуристҳо, ки кормандони нерӯҳҳои қудратӣ дар ҷараёни анҷоми амалиёт аз водии Рашт наворбардорӣ карда ба намоиш гузоштанд, вуҷуд дошт. Аммо мардуми Тоҷикистон интизор дошт, то қотилони сарбозони бегуноҳ ва афроди дигарро бо чашмони хеш бинанд ва ҳадафи мо ба ҷо овардани ин интизорот буд. Аммо дар оянда мо дар намоиш додани чунин наворҳо таҷдиди назар хоҳем кард."

 

Шоми чаҳоруми январи соли ҷорӣ ширкатҳои телевизюниии давлатӣ дар барномаи ахбор зимни пахши натиҷаи амалиёти давлат алайҳи пайкорҷӯён дар водии Рашт, чандин бор ҳашт ҷасади афроди кушташуда дар ин амалиётро рӯй навор пахш кард. Дар чараёни намоиши ин навор яке аз кормандон бо либоси низомӣ дағалона аз мӯйи сари яке аз ҷасадҳо гирифт ва дар баробари наворбардори чашмони вайро кушод.

 

Аммо намоиши ин саҳнаҳо дар миёни тамошобинон вокунишҳои мухталиф дошт. Махфират яке аз онҳост. Вай мегӯяд, баъд аз тамошои ин саҳна фишори хуни ӯ боло рафтааст. Шавҳари Махфират чанд моҳе қабл фавтидааст ва ӯ гуфт, ки дидани саҳнаи афроди кушташуда дар телевизиюн барояш ғайримунтазира ва такондиҳанда буд.

 

Шаҳрияи Адҳамзод, шоъири тоҷик низ гуфт, ки телевизиюн набояд чеҳраҳои афроди фавтида ва ё саҳнаҳои хушунатборро нишон бидиҳад, зеро "бархе аз тамошобинон афроди солманд ва ё кӯдакон ҳастанд, ки дидани чунин саҳнаҳо барои онҳо нохушоянд аст. Бархе аз пизишкон низ аз наҳваи пушиши хабари кушта шудани гурӯҳи ҳаштнафарии афроди мусаллаҳ дар Рашт ибрози норизоятӣ карда ва таъкид кард, ки дидани чунин саҳнаҳо барои афроде, ки бемории равонӣ, фишори хун ва ё қалб доранд, метавонад паёмади ҷиддӣ дошта бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4154-2011-01-14-15-21-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ