02:44:32 01-уми Июли 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ "ТАНЗИМИ" ОНТЕНҲОИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ

Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон ба давлати ин кишвар пешниҳод кардааст, ки истифода аз онтенҳои ширкатҳои мобилӣ дар Душанбе "ба танзим дароварда шавад." Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки онтенҳои ширкатҳои мобилӣ аз боми биноҳои муассисоти омӯзишӣ ва опортумонҳо барчида шаванд. Зеро, ба гуфтаи мақомот, дар пайи як таҳқиқот пизишкон таъсири бади ин онтенҳо бар вазъи саломатии сокинонро собит кардаанд.

 

Олим БобоевОлимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 30 декабр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран ин ниҳод пешниҳодҳои худ дар ин заминаро ба давлат ироа кардааст. Вай гуфт: "Пизишкон зарари кори ин онтенҳо ба саломатиии инсонро собит карданд. Ба унвони мисол, дар гузашта дар боми сохтмони Донишгоҳи нақлиёт, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, онтенҳои зиёде аз ширкатҳои мобилӣ насб шуда буданд. Ҳамарӯза аз ин бом кормандон халта-халта кабӯтарони мурдаро ҷамъоварӣ мекарданд."

 

Оқои Бобоев гуфт, ки дар номаи вазорати нақлиёт ва иртиботот чанд роҳи ҳал барои коҳиши теъдоди онтенҳои ширкатҳои мобилӣ дар Душанбе пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи вай, насби чунин онтенҳо дар болои боми биноҳои муассисоти таълимӣ ва опортумонҳо бояд мамнӯъ шавад. Вай афзуд: "Ширкатҳои мобилӣ барои пахши амвоҷи худ метавонанд аз як маркази воҳид ё аз онтенҳое, ки дар боми биноҳои дигар насб шудаанд, ба сурати муштарак (коллективӣ) истифода кунанд."

 

Ба эътиқоди оқои Бобоев, танзими истифода аз онтенҳои ширкатҳои мобилӣ таҷрубаи маъмулӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи вазири нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, шумори зиёди онтенҳо аз ҳусни шаҳр мекоҳад. Олим Бобоев гуфт, ки давлати Тоҷикистон баъд аз баррасии пешниҳодҳои ин вазоратхона дар мавриди танзими наҳваи истифода аз онтенҳои ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри Душанбе тасмим хоҳад гирифт.

 

Дар ҳамин ҳол, Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки дар ин замина набояд ба шитобкорӣ роҳ дод. Зеро барчидани онтенҳои ширкатҳои мобилӣ махориҷи ҳангуфте дар пай хоҳад дошт. Вай гуфт: "Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз таҷҳизоте истифода мекунанд, ки дар ҷаҳон пазируфта шудаанд. Ва зимни насби онтенҳо ширкатҳо меъёрҳои байналмилалии истифода аз онҳоро риъоят мекунанд. Агар, воқеъан, онҳо ба саломатии инсон зарар дошта бошанд, пас чаро то ҳол ҳеҷ созмони байналмилалие дар ин замина изҳори нигаронӣ накардааст?"

 

Зимнан, дар баҳори соли ҷорӣ Президент Раҳмон аз ончи "истифодаи ғайримуассир" аз телефунҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон хонд, шадидан интиқод карда ва хостори бозрасии куллияи паҳлӯҳои фаъолияти ширкатҳои мухобиротӣ дар ин кишвар шуд. Аз ҷумла, вай гуфт: "Шумораи муштариёни иртиобти мобилӣ ба 6 милюн ва корбарони интернет ба беш аз 500 ҳазор нафар расидааст. Даромади умумии солонаи ҳамаи операторони иртиботи барқӣ қариб як милёрду 400 милюн сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, нигоҳдории моҳона ва солонаи ҳар як телефуни мобилӣ мутаносибан 50 ва 600 сомониро ташкил медиҳад."

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки суди ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон умдатан ба хориҷ аз кишвар мунтақил мешавад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон он замон бо ишора ба онтенҳои ширкатҳои мобилӣ дар болои боми манозили маскунӣ ба зиёни онҳо бар вазъи саломатии мардум низ таъкид карда буд. Баъд аз чунин изҳори назари Президент Раҳмон, шаҳрдориҳои Душанбе ва Хуҷанд ба маҳдудсозии таблиғоти ширкатҳои мобилӣ иқдом карданд, вале баъд аз интиқодоти иктисоддонҳо ва коршиносон, ин дастур лағв шуд.

 

Вале дар поёни соли ҷорӣ давлати Тоҷикистон барои хадамоти ширкатҳои мобилӣ се дарсад молиёти изофӣ ё аксизро муқаррар сохт, ки ба гуфтаи масъулони арсаи мухобирот, аз тавсеъаи ин бахш монеъ хоҳад шуд. Ба эътиқоди соҳибназарон, бахши мухобироти Тоҷикистон танҳо арсаи иқтисоди ин кишвар аст, ки дар чанд соли ахир ба пешрафтҳое даст ёфтааст ва Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҳамсуд дар заминаи фанновариҳои мухобиротӣ аз пешрафтатарин кишварҳо маҳсуб мешавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4022--qq---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ