02:12:02 01-уми Июли 2025 сол

ДАРГИРӢ ВА МУСОДИРАИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МАРЗ БО АФҒОНИСТОН

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз даргирӣ миёни нерӯҳои интизоӣ ва қочоқбарони афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод хабар дод ва гуфтааст, дар пайи ин ҳодиса беш аз 174 кг. маводи мухаддир кашф шудааст.

 

marzМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Оозодӣ гуфт, ин ҳодиса дар мавзеи Таваргони ҷамоати Шӯрободи  ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар 250 км ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон рух додааст. Ба гуфтаи ҷаноби Асадуллоев, гурӯҳи панҷнафараи қочоқбарон, ки аз вулусволии Роғи вилояти Бадахшони Афғонистон будаанд, ба муқовимати мусаллаҳона тоб наоварда маводи мухаддирро гузошта ва худ ба марзи Афғонистон паноҳ бурдаанд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милиса талафоте пеш наомадааст.

 

Зимнан, парвандаи ҷиноӣ нисбати ин ҳодиса боз шуда ва таҳқиқи он ҷараён дорад. Даргирӣ дар мантақаи марзии Шӯрообод миёни неруҳои интизомӣ ва гурӯҳи қочоқбар пас аз ҳамлаи як гурӯҳи қочоқбар дар як моҳи пеш ба мусофирони чанд мошин дар ҳудуди ин ноҳия сурат мегирад. Гурӯҳи қочоқбар, мусофирони автомошинаҳоро дар тӯли шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз лату кӯб карда ва ду нафарро, гаравгон гирифта буданд.

 

Ин ду нафар танҳо пас аз музокираи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ бо гурӯҳи қочоқбар озод шуданд. Шӯрообод яке аз ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки мавориди зиёди интиқол ва кочоқи маводи мухаддир аз тариқи ин минтақа ба мушоҳида расидааст. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 км марзи муштарак дорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3812-2010-12-09-06-40-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ