20:20:32 01-уми Июни 2025 сол

"ШИКАНҶАИ" ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Созмони Афви Байналмиллал аз созмонҳои умдаи дифоъ аз ҳуқуқи башар зимни нашри хитобае гуфтааст гузоришҳое дар заминаи шиканҷа шудани як шаҳрванди Русия тавассути афроди пулис дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон дарёфт кардааст. Ин созмон мегӯяд ба вакили мудофеъи Илҳом Усмонов иҷозаи мулоқот ба муваккилаш дода нашудааст.

 

logo aiМаркази ҳуқуқи башари вилояти Суғд, ки як созмони ғайридавлатӣ аст ба Афви Байналмиллал гуфтааст, оқои Исмонов ба таърихи 3 ноябр нопадид шуд ва ба хонаводаи ӯ дар мавриди маҳалли будубоши ӯ аз ҷое ититлоъ нарасида буд. Маркази ҳуқуқи башари вилояти Суғд мегӯяд рӯзи 4 ноябр ду нафар ба манзили оқои Исмонов рафтаанд ва бидуни ироаи асноди расмие дар манзили ӯ бозрасӣ анҷом додаанд. Онҳо ба хонуми оқои Исмонов гуфтаанд, ки вай дар Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вилоят дар шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

 

Гуфта мешавад хонуми оқои Исмонов рӯзи 4 ноябр барои шавҳараш вакили мудофеъ истихдом карда, вале пулис то замони судури ҳукми боздошт ба таърихи 12 ноябр иҷозаи мулоқоти вакил бо ӯро надодааст. Созмони Афви Байналмиллал (Amnesty International) мегӯяд тибқи қавонини Тоҷикистон пулис танҳо 72 соъат метавонад афродро бидуни ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ дорад.

 

Хонуми Илҳом Исмонов, сокини боздоштшуда дар устони Суғд мегӯяд, ки шавҳараш ҳоло дар боздоштгоҳ аст ва зиндагии ӯ шадидан зери хатар қарор дорад. Зарина Нажмуддинова, ҳамсари оқои Исмонов рӯзи чаҳоршабеи 17-уми ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар танҳо мулоқоти вай бо шавҳараш вай дарёфт, ки Илҳом шадидан таҳти шиканҷа қарор гирифтааст.

 

“Устухонҳои зонуи шавҳарамро шикастаанд”

Хонум Нажмуддинова афзуд: “Дар дастони шавҳарам нишонаҳо аз таъсири барқсанҷ менамуданд ва дар мурофеъаи додгоҳ шавҳарам гуфт, ки устухонҳои зонуяшро шикастаанд. Ҳамчунин ҳангоме ки ман вайро дидам, шавҳарам аз нуги пой то сар ҳама тар буд. Ман аз он метарсам, ки шавҳарам ба чунин мушкил тоб нахоҳад овард. Ман аз зиндагии вай шадидан нигаронам.”

 

Бар асосии гуфтаҳои Зарина Нажмуддинова, хонуми оқои Исмонов, шаҳвари вай рӯзи 3-уми ноябр ҳангоме, ки аз манзилаш берун меомад афроди номаълум бо андохтани халтае ба сараш ӯро боздошт ва ба ҷои номуайян бурданд.  Ба гуфтаи Зарина бону сипас маълум шуд, ки ин афрод кормандони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи устони Суғд будаанд. Хонуми Исмонов аз он шикоят кард, ки кормандони ин ниҳод ба вай иҷозаи мулоқот бо шавҳарашро намедиҳанд.

 

Дар ҳамин ҳол женерол Шариф Назаров, раиси бахши Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар устои Суғд дар як суҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ эъмоли шиканҷа алайҳи Илҳом Исмонов аз сӯйи кормандони пулисро радд кард. Женерол Назаров афзуд: “Илҳом Исмонов бар асосии моддаи 187 қонуни кайфарии Тоҷикистон барои “таъсиси иттиҳодияи ҷинояткор” муҷрим шинохта шуда ва боздошт шудааст. Дар робита ба ин парванади ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти он идома дорад.” Оқи Назаров мегӯяд, ки дар миёни кормандони онҳо мавориди истифода аз шиканҷа вуҷуд надоштааст.

 

Бурдани шикоят аз эъмоли шиканҷа

Анна Зундер, масъули созмони Афви Байналмиллал дар масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва Туркманистон мегӯяд, ки созмони онҳо корзори вижае барои дифоъ аз ҳуқуқи Илҳом Исмонов ба роҳ андохтааст, ки ҳадаф аз он дархости боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба гузоришҳои эъмоли шиканҷа алайҳи Илҳом Исмонов аз давлати Тоҷикистон будааст.

 

Ба гуфтаи ин масъули созмони Афви Байналмиллал онҳо аз он нигаронанд, ки бо эъмоли шиканҷа ва озор алайҳи Илҳом Исмонов, кормандони пулис метавонад вайро маҷбур кунанд ки нисбати худ иттилоъеи дурӯғ диҳад. Хонум Зундер мегӯяд, ки эъмоли шиканҷа ба ҳангоми бозпурсӣ дар миёни кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хеле зиёд истифода мешавад. Вале вай афзуд, ки “на ҳамаи афроди озорёфта ва ё пайвандони онҳо аз ин ҳодиса ба созмонҳзои дифоъи ҳуқуқи башар ва ё мақомоти давлатӣ шикоят мебаранд.”

 

Вале пайвандони оқои Исмонов мегӯянд, ки ба ҳангоми мурофеъаи додгоҳ барои идомаи замони боздошт дар 12-уми ноябр ба онҳо мадракеро нишон доданд, ки замони боздошти Илҳом дар он як рӯзи баъд аз боздошти воқеъии вай сабт шудааст. Татяна Хитюхина, раиси маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар дар устони Суғд ва вакили мудофеъ мегӯяд, ки аз вазъияти кунунии оқои Исмонов касе хабар надорад. Зеро кормандони пулис танҳо як бор ба хонуми вай иҷоза доданд, ки бо шавҳараш мулоқот кунад.

 

Хонум Хитюхина афзуд: “Ба сабаби адами шокиён омори расмӣ дар мавриди афроде, ки дар боздошгоҳҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд дар устони Суғд вуҷуд надорад. Андак афроде аз бими амнияти худ ба маркази мо дар бораи эъмоли хушунат ва ё шиканҷа шикоят мекунад.”

 

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони Тоҷикистон яке аз сабабҳои хомӯшии аксари мардум дар қиболи хушунат ва шиканҷа бими онҳо аз амният ва адами саводи ҳуқуқӣ будааст. Созмони афви Байналмиллал аз хонандагони хитобаи худ хостааст аз масъулини давлати Тоҷикистон бихоҳанд то муъойиноти пизишкии оқои Исмоновро анҷом диҳанд ва дар мавриди гузоришҳо мабнӣ бар шиканҷа шудани ӯ паррвандаи ҷиноӣ боз кунанд.

 

Ин созмон ба хонандагон гуфтааст ин мавзуъро дар назди масъулон матраҳ кунанд, ки чаро оқои Исмонов беш аз замони таъиншуда дар қонун дар боздоштгоҳ бидуни ҳукми додгоҳ нигаҳдорӣ шудааст. Афви Байналмиллал аз хонандагонаш хостааст мавзуъи ҷилавгирӣ аз мулоқоти оқои Исмонов бо вакили мудофеъи ӯро матраҳ кунанд ва аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд ба вакили мудофеъ иҷозаи мулоқот бо муваккилашро бидиҳанд. Ҳамчунин ин созмон аз хонандагони хитобаи худ хостааст то дар робита ба қазияи оқои Исмонов ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дархост бубаранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3597-qq----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854